05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲУНАР Ё САРПАРАСТ?

     «Волидон маҷбур духтаронро барои он ба шавҳар медиҳанд, ки ояндаи онҳоро таъмин намоянд», – мегӯяд мардум. Бо андешаи: «Фардо баъди сари мо кӣ саробонаш мешавад», худро таскин бахшида, аксаран духтарро бидуни хоҳиши ӯ ҳам ба шавҳар медиҳанд. Ва ё вақтҳои охир бештар мекӯшанд, ки аз оилаи сармоядорон домод ёбанд. Аммо қисми каме аз волидон барои зиндагии амни духтарон аз имрӯз «сармоягузорӣ»-и воқеӣ мекунанд, яъне ба онҳо ҳунар ва касб (маълумот дар назар аст) меомӯзанд. Мутаассифона, «сарпараст» кофтан барои духтарон ҳанӯз ҳам расм аст. Оё воқеан, шавҳар бояд ҳамсар бошад, ё саробону сарпараст? Ибораи «ба дасти соҳибаш» додани духтар, ё «соҳибӣ кардани зан» низ аз ҳамин нигоҳ ба лексикони мо ворид гаштааст. Вале оё кафолати онро, ки «шавҳар» фардо ҳатман «саробон»-и зан мешавад, касе медиҳад?
     Беҳтар нест, ки барои ҳар эҳтимолият худи духтарро босавод, соҳибкасб ва ё ҳунарманд тарбия намоем, то ки Худо накарда, агар он «саробон» ё «соҳиб» вайро дар нимароҳ гузорад (ё бимирад ё ҷудо шавад) ва азбаски саробону соҳиби дигарро ёфтан на ба ҳар кас муяссар мешавад, зан дар чорроҳаи қисмат афтода намонад?
     Масалан оилаҳое ҳастанд, ки ҳатто баъди 20-30 сол низ аз ҳам мепошанд. Дар Тоҷикистон аксари занон ҳатто дар синни 40-60 - солагӣ ҳам баъди ҷудоӣ аз шавҳар бе хонаву дар мемонанд. Дар ин ҳол куҷоянд он волидони ғамхор, ки бубинанд, «сарпараст» бо духтарашон чи коре карда?
     Аҷаб ҳикматест дар андешаи бадахшониён, ки мегӯянд: «Маҳз духтарро бояд босаводу соҳибкасб кард. Зеро писар бе вазифаву мансаб монад, метавонад ҳар кори вазнини ҷисмониро ӯҳда намояд. Вале чун бону бе саробон монд, чӣ кор мекунад, агар саводу ҳунаре надошта бошад?»
     Оре, таъминот ва ояндаи духтаронро аз кӯдакиашон бояд андешид. Волидайн бояд дилпур бошанд, ки ояндаи духтарашон таъмин хоҳад буд, зеро ӯ соҳибкасбу соҳибмаълумот аст, на дастнигари «сарпараст».
С. Алӣ
:.  Аз ҳар боб 27.02.2012 10:39 2124

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz