05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Пиразане, ки дар китоби Гиннес ҷой гирифтан мехоҳад

– Фикри шомил шудан ба китоби Гиннес кай ба саратон омад? – мепурсам аз мусоҳибам.
– Ман чӣ будани китоби Гиннесро намедонам. Вақте парчами баландтарини Тоҷикистонро дар телевизион нишон дода гуфтанд, ки ба китоби Гиннес дохил шудааст, фаҳмидам. Баъдан аз «Баҳористон» ҳам дидам, ки як марди муйи сараш дарозро ба он китоб дохил кардаанд. Сокинони маҳаллаи Хичордеви Хоруғ, ки дар он зиндагӣ дорам, тарзи зисту зиндагии маро дида, дар қатори одамони аҷиб ном мебурданд. Дар бори китоби Гиннес фаҳмиданду гуфтанд, ки тарзи ҳаёти ман камтар аз қаҳрамонҳои он нест. Ҳамсояҳо кормандони воситаҳои ахборро даъват карданд ва маро тариқи онҳо ба мардум муаррифӣ намуданд.
– Барои чӣ ва аз кай Шумо тасмими зимистону тобистон, тирамоҳу баҳор дар ҳавои кушод хобиданро гирифтед?
Аслимо  Имомёрбекова – Ёд дорам, ки бештари сокинони деҳа, аз ҷумла оилаи мо ҳам, дар фасли тобистон дар болои бом хоб мекард. Вале бо фарорасии фасли сармо  аҳли деҳу хонавода шабро дар хона рӯз мекарданду ман бошам, ҳанӯз аз ҳамон давраҳо аз ин иқдом саркашӣ мекардам. Ҳамин хел ҳам шуда буд, ки барф борида, болои бистарамро пур мекард ва баъд маҷбуран волидайн ҷойхобамро дар хона омода мекарданд. Имрӯз хонаҳо замонавӣ шуданд, болопӯши тунукагӣ пайдо шуду дигар касе дар болои бом хоб намекунад. Аммо  ҳузуру ҳаловати бистари  болои бому ҳавои тоза маро ҳамеша ба худ мекашид. Аз ҳамин сабаб ман ба таври доимӣ дар рӯи ҳавлӣ бистар густурдам.
– Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар назди бистаратон ҳамеша зарфҳои пур аз оби сарди ошомиданиро дидан мумкин аст, аз мариз шудан ҳарос надоред?
– Оби сард доруи беҳтарин бар зидди бисёр бемориҳо  аст. Бештар аз 30 сол  мешавад, ки дар берун хоб мекунам. Боре сулфа накарда, зукомро надидаам. Агар сарам гоҳ-гоҳ дард кунад ҳам, барои рафъи он оби хунук менӯшам. Замони кӯдакии мо дар Помир нӯшидани чойи кабуд мисли имрӯза маъмул набуд ва мардум одатан пас аз таъоми серғизо барои ҳазми он оби сард менӯшиданд. Оби сард дар ҳама ҳолат даво аст. Танҳо шахси аз меҳнати вазнини ҷисмонӣ арақкарда, бояд аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунад.
– Бархе аз наздиконатон мегӯянд, ки бибии Аслимо зиндагии аҷоибулғароибро дар бистари сард ихтиёр карда, аз лаззати бистари  гарми  шавҳар маҳрум шудааст, Шумо чӣ мегӯед?
- Ман издивоҷ карда, соҳиби ду писар шудам. Аммо ба зудӣ аз ҳам ҷудо шудем. Шояд яке аз сабабҳои ихтилоф ин буд, ки баъзан вақте, ки ман  дар пешайвони давруни ҳавлӣ бистар мегустурдам, шавҳарам исрор мекард, ки ӯ хунук хӯрдаасту дар дохили хона хоб кунем. Ман розӣ намешудам. Шавҳарам моро бо кӯдакон тарк карда, ба деҳаи худаш рафту зани дигар гирифт. Шукр писаронам бузург шуданд. Яке корманди шӯъбаи корҳои дохила, дигарӣ ронанда аст.
Вақте, ки 23 сол пеш келини калониамро овардем, ӯ дар берун хоб кардани маро дида, хост маро бо ҳар роҳе ба хона дарорад. Лекин натавонист. Ман то имрӯз дар сармои шадиди зимистон ва гармои тобистон ҳам дар ҳавои кушоди рӯи ҳавлиам мехобам.
Писарам чанд вақти пеш барои сокинони маҳалла як ҳаммом сохт. Вале ман ба он ҷо намеравам. Бо оби хунук шустушӯ карданро беҳтар медонам. Аз саломатӣ шикояте надорам. Дар ду ҷо, мактаб-интернат ва як муассисаи дигар ба ҳайси фаррош кор мекунам.
- Ба фикратон Шумо шонси воқеии ворид шуданро ба китоби рекордҳои Гиннес доред?
- Бигзор намояндаҳо худашон омада, ин зимистони қаҳратун ақаллан як шаб дар бистари ман хоб кунанду баъд баҳо диҳанд.
    
Шоҳҷамол Мирзоҷалол

:.  Аз ҳар боб 21.02.2012 10:37 5302

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz