Агар шумо шоҳиди садамаи автомобилӣ гаштед
1. Пеш аз ҳама ёрии таъҷилиро даъват кардан лозим аст.
2. Агар имконият бошад, муҳаррики мошинро хомӯш созед, то ин ки чархҳои мошин дар нагирад.
3. Хунравии шахси ҷабрдидаро манъ намудан (то омадани табибон) ва агар он шахс баҳуш набошад, бо ӯ гап задан мебояд.
4. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст ё пои шахси маҷрӯҳ кашида, кӯшиши ӯро аз мошин баровардан лозим нест, зеро хавфи лат додани ягон узви бадани маҷрӯҳ баланд аст. Танҳо дар ҳолати дар гирифтани мошин, кӯшиш кардан лозим аст, ки одамони дар даруни он бударо берун барорӣ.
Боз як лаҳзаи бисёр муҳим: агар шумо дорои малакаи тиббӣ нестеду қобилияти расонидани мадади лозимаро надоред беҳтар аст, ки аз роҳатон гузареду ба мутахассисон халал нарасонед, то кори худро анҷом диҳанд.
Ёрӣ ба сӯхтагон
Дар мо одате ҳаст, ки ба ҷойи захми сӯхта равған мемоланд, ба нияте, ки дардро кам созад ё пӯсти сӯхтаро мулоим созад. Ин хатои маҳз аст, ки мутаассифона бисёриҳо ба он роҳ медиҳанд. Ҳарорати қисмати сӯхтаи пӯст, то дергоҳ паст намешавад, ҳатто агар таъсири гармӣ ба он нарасад. Бинобар ҳамин ҷои захмро хунук кардан лозим аст. Аввалин кореро, ки анҷом бояд дод, ин либосро аз узви сӯхта дур сохта, онро дар ҷараёни оби хунук дошта истед. Агар имконияти зери об гирифтан набошад, ягон чизи хунук пахш кардан даркор, то он даме ки дард кам шавад. Сипас, бо дока ё сачоқи тозаи дар оби хунук таркардашуда печондан лозим аст. Ҳанӯз ба ҷои сӯхта равған ё марҳамҳои дар асоси равған тайёршударо молидан мумкин нест. Қабати равған ба хунук шудан ва мӯътадил гаштани ҳарорати қисмати зарардида монеъ шуда, ҳамчунон ба ҷудо шудани зардоби захм халал расонда, баръакс дардро зиёд мекунад на кам.
Хурӯҷи саръ (эпилепсия)
Аввалин коре, ки бисёриҳо дар ин ҳолат мекунанд ба байни дандонҳои шихси бемор ягон чиз мемонанд то аз шиддати дард забонашро нагазад.
Ба назди сари бемор чорзону нишаста, сари ӯро бардошта истодан лозим, то ба замин сахт назанад. Ин бисёр хавфнок аст. Баъди гузаштани шиддатнокии саръ беморро хоб мебарад. Мӯҳлати ин хоб кӯтоҳ аст, аммо маҳз дар ҳамин фосила беморро ба паҳлӯ гардондан лозим аст, то забони сустгаштаашро ба қавле «фурӯ» набарад.
Таби баланд
Одатан ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан одам сахт хунук мехурад. Аҷиб он аст, ки бадани инсон аз шиддати ҳарорати баланд месӯзад, вале худи шахс хунукхурии сахтеро эҳсос мекунад. Ба дараҷае, ки ларза фарогираш мешавад. Ва мо дар ин ҳолатҳо одатан чӣ кор мекунем? Ба болоямон кӯрпаи ғафс ё ягон чизи гарми дигарро мепӯшонем, ки ин кори тамоман хатост. Барои чӣ?
Таби баланд худ нишондоди аз меъёр зиёд баланд шудани ҳарорати ҷисм (организм) аст. Аз ин бармеояд, ки ин ҳароратро паст кардан лозим аст. Яъне баръакс, агар шахси бемор либоси гарм дошта бошад, онро кашида баданро бо спирт ё арақ ва ё аққалан оби хунук молиш додан лозим.
Сактаи дил
Даъват кардани «Ёрии таъҷилӣ» вазифаи аввалиндараҷа ва аз ҳама муҳим дар ин ҳолат аст. Чунки ёрии духтур ҳатмист. Ин ҳолат бисёр хатарнок аст, чунки ҳамагӣ чанд дақиқа метавонад тақдири инсонро ҳал кунад. Ҳар як дақиқаву сония заруранд ва шуморо мебояд, ки то омадани духтур ба бемор кӯмаки аввалияро расонед. Набзи беморро санҷидан лозим аст ва ӯро ба замин ё ягон ҷойи сахт хобонида, ба зери пойҳояш ягон чиз гузоштан лозим аст, то сатҳи онҳо аз дигар узвҳои баданаш 10-15 см баланд шаванд. Ин кор бо максаде карда мешавад, то дилро бо миқдори зиёдтари хун таъмин созем. Либоси танг, тасма ва пойафзоли беморро кашидан лозим аст. Кафи ҳарду дастатонро ба қисми поёни қафаси синаи бемор гузошта, якчанд бор бо тамоми вазнатон зер кунед. Агар ин корро зудтар баъди сактаи қалб анҷом диҳед, имконе ҳаст, ки дил аз нав ба кор дарояд.
Агар ин ҳам ёрӣ надод, ба бемор нафаси сунъӣ дода, дилашро маҳс кунед. Ва ин корро то аз нав ба кор даромадани дил ё расида омадани духтур идома диҳед.
Хоҳиши кӯмак расонидан ба ҳама сазовори таъриф аст, аммо кӯшиш бояд кард, ки ин кӯмак бар наҷоти он шахс бошад, на бар зарари ӯ.
Таҳияи М. Валиева