.
Азбаски маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар мавриди ишқу муҳаббат ва ҳаёти хонаводагӣ матолиби зиёд нашр мекунад ва аксаран дар ин навиштаҳо муаллифон иллати аз ҳам пошидани оилаҳоро дар муносибати дағал ва номуносиби мардҳо мебинанд, ба унвони як хонанда ва мард порае аз ҳаёти худро навишта, ба шумо ирсол менамоям.
Дар деҳаи кӯчаке дар хонаводаи рӯҳонӣ таваллуд шуда, ба воя расидаам. Ҳанӯз дар синни 16 солагӣ ба адабиёти Русия ва Аврупо дил баста, ба тадриҷ хӯю хислати ин мардумро касб намудам. Он вақт ба назарам чунин менамуд, ки адабиёти мо танҳо аз шикваю ғам ва ҳиҷрону орзуи васли ёр ҳарф мезанад. Дар ҳоле, ки адабиёти Ғарб олами ботини қаҳрамонҳоро хубу возеҳ ба қалам мекашад.
Дар 22- солагӣ ба духтаре дил бастам. Хеле зебо ва самимӣ буд. Барои нахустин бор духтари тоҷик дар ҳама мавзӯъ бо ман ҳамсӯҳбат мешуд. Соате таҳаммули ҷудоиашро надоштам. Танҳо чизе, ки мехостам дар ӯ тағйир диҳам, тарзи либоспӯшиаш буд. Фикр мекардам аз хонаводаи нодорест, ки имкони харидани либоси хубро надорад. Бо ҳар баҳона аз фурсатҳои муносиб истифода намуда, барояш либосу кафшҳои зебо мехаридам. Дӯстии мо ду сол идома карду издивоҷ намудем. Баъд аз арӯсӣ бо волидонаш ошно шудам. Зиёӣ будаанд. Ба худ ихтиёр намедиҳам, ки муносибати ин ду шахсро арзёбӣ кунам, аммо ба назар мерасид, ки падарарӯсам ба шароб дил баста буду ба тарбияи фарзандон «вақт» надошт. Маоши моҳонаашро маъмулан бо дӯстонаш сарфи маю нуқл мекард. Модарарӯсам бошад, маблағи бадастовардаашро барои хариди маводи ғизоӣ харҷ менамуду ба сару либоси фарзандон, пиростани хона ва хариди ашёи рӯзгор таваҷҷӯҳе надошт. Ҳама вақт хаста менамуду бештари вақташро дар танҳоӣ ба сар мебурд.
Баръакси ҳол дар хонаводае, ки ман бузург шудам, падару модарам ҳама корро мекарданд, то мо, фарзандон, аз чизе камӣ надошта бошем.
Дар баробари ин ҳама мушкилиҳои молӣ арӯсам боре шикоят намекард ва ин хислаташ маро бештару жарфтар ба ӯ ошиқ менамуд. Ба худ тасмим гирифтам, ки ҳама камбуди то ин вақт ҷодоштаро барояш ҷуброн кунам. Ҳама вақти холиямро ба ӯ мебахшидам, лазизтарин таъомҳоро барояш таҳия мекардаму беҳтарин китоб ва либосро мехаридам. Намегузоштам сари мӯе озор бинад.
Бо гузашти вақт соҳиби фарзанд шудем. Муҳобот намешавад, агар гӯям, ки дар сари гаҳвораи фарзандон бештар аз ҳамсарам шабзиндадорӣ намудаам. Эҳсос мекардам ба фарзандонамон он чизеро, ки ман мехостам бидиҳад, додан наметавонад. Ҳамон тавре ки хостаҳои маро баровардан наметавонист, ба фарзандон ҳам муҳаббати худро пурра бахшидан наметавонист. Чизе дар анҷоми ин кор ба ӯ монеъ мешуд. Мавридҳои зиёде бо ӯ дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекардам. Мегуфт, ки ману фарзандонро дӯст медорад, аммо худ ошиқ будаму медонистам, ки дил додан аз худ фаромӯш кардан аст. Мехостам фарзандонам дар оғӯши муҳаббат ба камол расанд, аз ин рӯ, дар бисёр ҳолатҳо тафреҳу дӯстонамро канор гузошта, талош мекардам ба ҷойу худу завҷаам қалби кӯдаконамро аз меҳр пур кунам.
Дар ин байн ҳамсарам ба тадриҷ ба модари худ монанд мешуд. Кам ҳарф мезад. Ба оростани хона ва хариди ашёи рӯзгор таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Ба пухтани таъомҳои хушлазат ҳам чандон эътибор намедод. Агар дар яхдон ҳамзамон гӯшти гӯсфанду мурғ, гову моҳӣ ҳам бошад, як ғизои маъмулие таҳия мекард.
Барои тағйири вазъ ҳамроҳи фарзандон ҳар шом ғизоҳои ғайриоддӣ ва хушмаза таҳия менамудем. Рӯзҳои таътил беруни шаҳр мерафтему дар беҳтарин рестуронҳо хӯрок мехӯрдем. Бо зеботарин мебелу пардаҳо утоқҳоро муҷаҳҳаз намуда, ногуфтаву нишон надода, мехостем ӯро ба маҳфили худ ҷалб намоем. Аз таъомҳои тайёркардаамон бо шавқ мехӯрд, аммо худ талоше намекард. Азхудгузаштанҳоямро намедид ва ҳатто баъзан рашк мекард, ки фарзандон маро бештар дӯст медоранд. Дар чунин маврид барояш беҳтарин китоб ва зеботарин гулро ҳадя менамудаму беҳтарин шеърро мехондам, то дар зиндагӣ лаҳзае бону будани худро аз ёд набарад.
Замони ҷанги шаҳрвандӣ оилаамро ба кишвари дигаре бурдам. Толеъ вафо карду ҷойи кори хубе пайдо шуд. Фарзандон дар мактаб таҳсил менамуданду рӯзҳои таътил якҷоя ба соҳили баҳр ва ё кӯҳ мерафтем. Азбаски ҳамсарам дар хона танҳо мемонду аз танҳоӣ дилгир мешуд, бо кӯмаки дӯстонам барояш ҷойи кор таҳия кардем. Мошини хидматиам саҳар ӯро ба кор мебурду бегоҳ ба хона меовард. Ба хотири роҳаттар намудани кор мошини хориҷии зебое харида тақдимаш кардам. Дар наздики маҳали зистамон ҷойи омӯзиши ронандагӣ буд. Маслиҳат додам, ки ҳар рӯз баъди кор он ҷо рафта, ронандагиро биомӯзад. Пешниҳодамро пазируфт, аммо омӯзишро ҳар дафъа ба таъхир меандохт. Ин амал аз як сол зиёдтар кашол ёфту ноилоҷ мошинро бо нисфи қиматаш фурӯхтам.
Бештари вақт мехобиду хаста менамуд. Пешниҳодаш намудам, ки корро канор гузораду ба варзиш шуғл варзад. Ороишхонаҳои муҷаҳҳаз ва қашанге дошт шаҳр, ки ҳар зан бо нахустин имкон сӯяшон мешитофт ва нафаре ҳам, ки имкони молӣ надошт, дар дил орзуи роҳ ёфтан ба онҳоро мепарварид. Аз кор рафт, аммо на варзиш мекарду на ба оришхонаҳо мерафт. Барои ислоҳи кор барояш пираҳанҳое мехаридам, ки ҳар кадом тарзи махсуси ориши мӯйро мехост. Аксари пираҳанҳоро бар тан накард. Онҳо ё дар ҷевон кӯҳна мешуданд, ё ба хоҳараш мефиристод.
Ҷавон будаму солим ва мантиқан ниёз ба муҳаббати зан доштам. Агар тақдир дар бисёр мавридҳо кӯмакам карда бошад ҳам, дар ин бахш бечора мондам. Ба театр ё тарабхонае барои тафреҳ мерафтем. Баъди бозгашт ба манзил ба ҷойи гуфтани таассуротҳову андешаҳо ва бо ҳам будан, баъд аз лаҳзаи кӯтоҳе хоб мерафту ман шабзиндадорӣ мекардам. Баъзан аз андеша хаста шуда, роҳ сӯи хиёбон мегирифтам, то бо соҳибҷамоле соате аз андеша фориғ бошам, аммо боз фикре, гумоне, андешае маро аз роҳ мегардонд. Ба ҳамин минвол, ҷавониву даври миёнсолиро ба хотири таъмини хонавода ва тарбияи фарзандон ба сар кардам.
Ҳоло ба кӯҳтале бо номи 50 –солагӣ наздик шудаам. Аксари фарзандон хонадор шудаву зиндагии мустақилона доранд. Боз ҳам ба хотири зиндагии шоиста доштан дар чанд ҷо кор мекунаму шаб ба толори варзиш меравам. Оилаам аз чизе танқисӣ намекашад. Манам, ки ҳанӯз танҳоӣ мекашам. Ҳамсарам ҳанӯз бо ҳамон услуби аз модар меросгирифтааш ба сар мебарад. То зӯҳр кор мекунад. То имрӯз напурсидаам, ки чанд сӯм маош мегираду онро чӣ гуна харҷ мекунад. Охир, маоши меовардаи ман ба чанд оила мерасад. Шаб вақте аз кор бармегардам ё хаста асту ё хоб. Аксаран то нисфи шаб сигор мекашаму ба «бонуи нозам» менигарам. Андешаҳои печдарпеч хастаам мекунанд. Ба суолҳоям посух намеёбам. Ҳанӯз ҳам ба ифодаи овозхони саршинос Аҳмад Зоҳир «марди танҳои шабам». Худо накунаду шабе, агар бимирам, то субҳ хабар намеёбад. Аммо чӣ кунам, тақдир ҳамин будааст…
Бовар дорам мисли ман мардҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст, ки ҳаёти худро барои хушбахтии ҳамсару фарзандон бахшидаанд. Барои танҳоии якумрии мардро тасвир кардан саҳафоти як дафтар кифоят намекунанд. Ҷойе дар ин мавзӯъ сӯҳбат накардаам ва то ҳанӯз ба дӯсте рози дил нагуфтаам, аммо баъзе навиштаҳо маҷбурам сохтанд, то пораеро аз ҳаёти хеш рӯйи коғаз биорам.
Оё ман қурбонии дунёи маҳдуди завҷаи безавқи худ нестам? Чӣ бояд кард? Пайи ҳавасҳои ормонӣ бояд рафт ё бар ивази қурбон кардани ормонҳо зарфи булурини ойиларо нигоҳ бояд дошт? Боқӣ қазоват аз шумост.
Манзаршоҳи Худодод