05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНИ ХУШБАХТ КИСТ?

 

 

Гулбаҳор Зокирова«Зане, ки дар оила бо ҳамсараш ҳамфикр асту тавонистааст ҳамдигарфаҳмиро чун сутуни аслии пойбарҷоии оила ҳифз намояд, зани хушбахт аст. Эҳтироми шавҳарро соҳиб шудану дар навбати худ ӯро эҳтиром кардан, фарзандонро дар муҳити ороми хонаводагӣ ба воя расонидан, аз рукнҳои аслии хушбахтии зани тоҷик аст».

Гулбаҳор Зокирова,

муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

 

Шаҳло Сафарзода«Замоне ман фикр мекардам, ки зани хушбахт онест, ки соҳибмаълумот асту аз нигоҳи иқтисодӣ ба мард ниёз надорад. Ба истилоҳ аз паи «карера» шуда, дар хусуси оилаву оиладорӣ намеандешад. Аммо имрӯз ба хулосае омадаам, ки хушбахтии воқеии зан дар ҷомеаи шарқӣ танҳо дар муҳити оилаи солим фароҳам меомадааст».

Шаҳло Сафарзода,

тоҷикдухтари муқими Амрико

 

Алишер Зарифов«Мегӯянд, ки барои хушбахт шудани як бону доштани диплом муҳим аст. Аз нигоҳи ман муҳим нест, ки ҳамаи занҳо дар донишгоҳ таҳсил бикунанд. Аз таҷрибаи калонсолон омӯхтану ибрат гирифтан кифоя аст, ки зан худро барои гузоштани гомҳои устувор дар зиндагӣ омода созад. Занҳое ҳастанд, ки ҳеҷ маълумоте ба ғайр аз омӯхтаҳояшон дар мактаби миёна надоранд, вале аз ҳаёт он қадар баҳра бардоштаанд, он қадар ҷаҳонбинию диду назарашонро тақвият додаанд, ки дар сӯҳбаташон мешинию ангушти ҳайрат мегазӣ».

Алишер Зарифов,

н.Шӯрообод

 

Шаҳло Саидалиева«Зани хушбахт дар оилаву ҷомеа аз ӯҳдаи иҷрои рисолаташ, яъне Модар будан, мебарояд. Рисолати аслии зан дар зиндагӣ тарбияи хуб ва накӯи фарзандон аст. Гузашта аз ин, зан бояд бомаърифат бошад, то дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад».

Шаҳло Саидалиева,

муовини раиси ноҳияи Шаҳристон

 

Ҷамшед Каёнӣ«Вақте зан аз ҷониби шавҳар ғамхориву дӯстдорӣ эҳсос мекунаду суханони «сеҳрнок»-и «Офарин!», «Беҳамтоӣ!», «Ягонаӣ!», «Дӯстат медорам!»-ро то ҳади имкон баҳраш арзонӣ медоранд, ӯ худро хушбахттарин зан меҳисобад.

Ҷамшед Каёнӣ,

хизматчии давлатӣ

 

Ёқуби Саид«Хушбахт занест, ки соҳиби хонаи ободу фарзандони солеҳ асту зиндагиаш ҳам марому сомони муайяне дорад».

Ёқуби Саид,

Журналист

 

Гулафшони ЗарафшонӣЗане хушбахт аст, ки шавҳари хуб дорад ва фарзандони боимону боинсофро тарбия мекунад. Ба пастиву баландии рӯзгор тобовару дар бурду бохт таҳаммулпазир аст.

Гулафшони Зарафшонӣ,

н.Айнӣ
:.  Аз ҳар боб 23.04.2012 11:23 6528

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz