Зантарсӣ чист? |
Пайдо шудани мафҳуми «занкалонӣ» авомили зиёд дорад: иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, ахлоқӣ ва равонӣ. Он ба табақаҳо ва мақоми инсон дар ҷомеа бастагӣ надорад. Зантарсҳоро метавон дар байни вузаро, олимон, табибон, сиёсатшиносон, муаллимҳо, кишоварзон, рӯзноманигорон, ронандаҳо, коргарони оддӣ ва ҳатто президентҳо ҳам пайдо кард.
Худи мафҳуми «занкалон» ҳам ҷолиб буда, нахуст ба ташреҳи он мепардозем, ки кадом ҳолатҳоро метавон зантарсӣ номид ва чӣ ҳолатҳое аз ҷониби мо нодуруст тавзеҳ шудаанд. Зеро ба назар мерасад, ки дар бархе ҳолатҳо, мо муносибати байни зану шавҳарро нодуруст дарк намуда, аз он натиҷагирии манфӣ мекунем. Масалан, вақте шавҳар аз кор бармегардаду аз хонумаш суол менамояд, ки оё хӯроки шом омода аст ва посух мегирад, ки не, ӯ чӣ гуна аксуламал хоҳад кард? Амал метавонад ин тавр бошад: тағйири либос карда, ба ҳамсараш барои пӯхтани ғизо кӯмак менамояд, ё хӯрокро худаш мепазад. Дар ҳолати дигар бо шунидани посух ба сари зан дод зада, ӯро бо ҳар навъе, ки мехоҳад, таҳқир мекунад ва ҳатто мезанад. Мо бояд аз ин амалҳои мард дуруст натиҷагирӣ намоем. Рафтори ӯ дар мавриди аввал дуруст аст ва агар ба таври дуввум амал кунад, он ғайриаҳлоқӣ хоҳад буд. Зеро эҳтимол дорад, ки зан ҳам тоза аз кор баргашта, ё ба тарбияи фарзандон машғул ва барои таҳияи ғизо фурсат наёфта бошад. Дуруштии муносибат метавонад ҳуқуқи занро поймол кунад ва бадтар аз ин муносибати онҳоро сард намояд. Агар, мо тарзи муносибати аввалро зантарсӣ маънидод кунем, пас ба иштибоҳи азиме роҳ додаем. Ба назар мерасад, ки тарзи муносибати дуввум, яъне бидуни андеша ва таҳлил ба сари зан рехтани борони ҳақорат имрӯз аз ҷониби бархеи афрод «мардӣ» унвон мегардад, ки ин қобили қабул нест. Зан ҳам аз назари ислом ва ҳам қонунгузории кишвар ҳуқуқҳои бо мард баробар дорад.
Ислом на тарс, балки эҳтиромро талқин мекунад
Саъдӣ Ворис, коршиноси масоили исломӣ дар ин маврид мегӯяд: «Вақте Расули Акрам (с) хона меомаду ҳамсараш Оиша (р.а)- ро мепурсид, ки хӯрданӣ ҳаст? Агар посух манфӣ мебуд мегуфт: пас ман рӯза мегирам. Ба ин маъно, ки бо ҳамсараш дар масъалаи марбут ба шикам вориди баҳсу хотирранҷӣ намешуд, чӣ расад задану тарсонидан. Ривояти машҳур ин аст, ки Пайғамбари Худо ҳамсаронашро дар корҳои хона кӯмак мекард, то онҳо зиёд хаставу кулуфта нашаванд. Ҳатто ривояте дорем, ки сӯзану ришта гирифта, либосашро худаш медӯхт, дар ҳоле, ки метавонист ҳамсарҳояшро амр кунад, то ин корро барои ӯ анҷом диҳанд».
Пояшро «бҷқ», «алови чашмаш»-ро бигир!!!
Ба назар мерасад, ки мушкили аслӣ дар тарбияи нодурусти баъзе хонаводаҳо нуҳуфта аст ва он решаи таърихӣ дорад. Дар аксар манотиқи кишвар баъди никоҳ домодро ба чодари арӯс медароранд ва бо зер кардани по домод ё арӯс мақоми «зӯр» - ро соҳиб мешаванд. Яъне аз ибтидо муносибат нодуруст ба роҳ монда шуда, зурӣ тарғиб мегардад. Илова бар ин, дар баъзе маҳалҳои дигар, қабл аз анҷоми маросими арӯсӣ руфақо ва ҳатто волидайн ба ҷавон мегӯянд, ки бояд «алови чашм» - и арӯсро аз рӯзҳои аввал бигирад, дар акси ҳол завҷааш ӯро дар зиндагӣ писанд нахоҳад кард. Пӯшида нест, ки дар бисёр ҳолатҳо арӯсу домод якдигарро намешиносанд ё пеш аз ҷашни арӯсӣ онҳо бо ҳам дидор мебинанд, зеро арӯсро аксаран модар ё хешу пайвандони ҷавон интихоб менамоянд.
Тарғиби зӯрӣ, аксаран аз тифлӣ дар мағзи ҷавон ҷо карда мешавад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо кор ба ҷое мерасад, ки шаби аввали арӯсӣ ҷавон ба ҷойи наздиктар шинос шудану ба тадриҷ аз сари меҳр бӯса ситондан, зери таҳрики «дӯстонаш» ба арӯс дасти таарруз дароз менамояд. Духтари ҳанӯз бӯса надида, зери шиканҷа монда, аз қаробати аввалин ҷуз хушунат чизеро дар ёд нахоҳад гирифт. Ин амали зишт метавонад дар зеҳни духтар эҳсосеро бедор кунад, ки ӯ дар давоми ҳаёт аз қаробат ҷуз даҳшат, тарс, дард ва нафрат чизи дигар нагирад.
Чаро мардҳо зантарс мешаванд?
Дар ҳар сурат дар муносибати байни зану мард то имрӯз мафҳуми тарс вуҷуд дорад. Мо тарси мардро мавриди баррасӣ қарор додаем, аз ин рӯ ҷолиб аст бифаҳмем, ки бо чӣ сабабҳое ин кор рух медиҳад. Сабабҳо мухталифанд, аз ҷумла ба андешаи бархе коршиносон дар кишварҳои аврупоӣ аксар мардҳо ниёзҳои занро дар бистар бароварда намекунанд, аз ин лиҳоз дар назди онҳо «забонкӯтоҳ» мешаванд. Баъзе ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки қисме аз мардҳо маоши кӯчак ба даст оварда, хонаводаашонро бо маводи аввалия таъмин карда наметавонанд, бонувон бошанд, маоши хубтар доранд, аз ин рӯ, занон роҳбарии оиларо бар дӯш мегиранд. Ба ақидаи иддаи дигаре аз коршиносон ва равоншиносон гурӯҳе аз мардҳо табиатан тамоюл ба иҷрои фармон ва роҳбарӣ аз ҷониби занро доранд, бинобар ин аз рӯзҳои аввали издивоҷ «занкалон» мешаванд. Қисме аз коршиносон ин назарро доранд, ки табиати мард аз ибтидо хӯи ғуломӣ дорад, аз ин рӯ, нахустин бардаҳо ва ғуломон дар таърих мардҳо будаанд. Аммо таърихнигор Нуралӣ Давлат ин андешаро рад карда мегӯяд: «Оре, аввалин ғуломон мардҳо буданд, аммо на ба он хотир, ки хӯи ғуломӣ доштанд, балки бо он иллат, ки фоида аз меҳнати онҳо назар ба занҳо барои корфармо бештар мерасид».
Мантиқан суоле пайдо мешавад, ки чаро ҳатто бархе аз мардоне, ки сари мансабанд ва оилаҳои худро аз ҳама ҷиҳат таъмин менамоянд, боз ҳам «занкалонанд». Дар баъзе ҳолатҳо мардони соҳибмансаб пинҳонӣ аз завҷаҳои худ зани дуввум ва ё сеюм мегиранд. Азбаски сирри пӯшида дер пинҳон намемонад, баъд аз муддате ин рафтори онҳо ошкор мегардад. Дар навбати аввал онҳо обрӯ ва иззатро дар назди завҷа ва фарзандони худ аз даст медиҳанд. Баъдан, аз тарси аз даст додани мақом ва мансаб дар ҷомеа, хона ва фарзандон дар оила, ба зери итоат медароянд ва худро таслими зан мекунанд, то ӯ шикояте ба «боло» набарад.
Мавридҳое ҳам ба назар мерасад, ки мард дар хонаи худ танҳо аз роҳи зӯроварӣ бо завҷаи худ кор мегирад, аммо баъд аз назди маъшуқа рафтан ба бардаи фармонбардоре табдил меёбад, ки тасаввур карданаш хеле душвор аст. Дар ҳоле, ки оддитарин хоҳиш ва ниёзи ҳамсарашро бароварда намекунад, омода аст тамоми фармон ва дархостҳои маъшуқаашро иҷро намояд. Чаро масъулияти худро дар назди бонуе, ки ҳаёт ва ҷавонии худро барои таваллуди фарзанд ва таҳияи беҳтарин шароити зисти ӯ сарф намудааст, иҷро намекунаду омода аст барои зане, ки танҳо ба хотири дороӣ ва истифода аз мансаб муваққатан ҳамбистараш шуда, ҳама кори аз дасташ омадаву наомадаро анҷом медиҳад, ҳамчун муаммои сарбаста то ҳанӯз бе посух мемонад.
Инчунин мушоҳида мешавад, ки мард дар хона «занкалон» аст, аз завҷааш ба иборае «мурданӣ» метарсад, аммо боз ҳам ҷойи дигар, пинҳонӣ аз оилааш хонадор мешавад, ё занеро ба унвони маъшуқа мепазирад. Агар лаҳзае фикр карда бошед, ки ӯ ба хотири барқарор намудани «адолат» ин корро анҷом додааст, боз ҳам ба иштибоҳ роҳ додаед. Дар хонаи «дуввум» низ ӯ нақши «ғуломи ҳалқабардӯш» -ро ба ӯҳда мегирад. Мантиқан суоле пайдо мешавад, ки чӣ иллате ин гуна мардҳоро таҳрик мекунад, то ба чунин амал даст зананд? Қабл аз ҳама назари коршиносе ба ёд меояд, ки гуфта буд: табиатан мард хӯи ғуломӣ дорад. Аммо, агар ба масъала жарфтар назар андозем, ин рафтори мард иллатҳои дигаре дар худ ниҳон дорад. Марде, ки дар давоми зиндагӣ ба итоаткорӣ одат намудааст, ҳатман дар ҷойи дигар ҳам зуд таслим мешавад. Ҳамчунин марди «занкалон» ҷуз ин тарзи муносибат таври дигарро фаҳмидан ва ҳатто донистан намехоҳад. Бинобар ин ӯ ин корро танҳо барои қонеъ кардани эҳсоси шаҳвониаш анҷом медиҳад. Илова бар ин бояд баъзе ташреҳоти равоншиносиро ҳам аз ёд набарем. Бархе аз мардон мисли бонувон табиатан лидеранду баъзеи дигар дар зиндагӣ ҳамеша мисли атфол ниёз ба модар доранд. Аз ин рӯ, онҳо аз рӯзи нахусти издивоҷ риштаи идораи хонаводаро ба дасти зан медиҳанд ва дар иҷрои фармонҳои ҳамсар худро хушбахт эҳсос менамоянд.
Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ дар робита ба ин мавзӯъ чунин назар дорад: «Барои пешво шудани зан дар оила яке аз ҳафт сифот лозим аст:
1. Боқувватии ҷисмӣ
2. Ҳаяҷони баланд
3. Доногиву зиракӣ
4. Фиъоли пешвоӣ
5. Қудрати ҷамъиятӣ
6. Иродаи қавӣ
7. Маънавиёти динӣ
Навъи асаби равонӣ аз хурдӣ дар оила ташаккул меёбад. Дорандаи чунин навъи асаб ҳам ҷисман, ҳам эҳсосан ва ҳам ақлан инкишоф ёфтааст. Фиъоли пешвоӣ ва иродаи қавӣ дорад. Чунин зан тез мардро зери тасарруфи худ мегирад. Қудрати ҷамъиятӣ аз ҳисоби вазифаи роҳбарикунанда, маоши баланд, хешу табори боқуввату бой ва ашрофзодагӣ пайдо шуда, мардро доим муттаҳам мекунад».
Як иллати дигари «занкалон» шудани бархе аз мардҳоро мардум дар «муллобозӣ» -и баъзе занон медонанд, ки ба андешаи мо аз назар дур кардани эҳтимолияти ин фарзия низ ба фоидаи кор нест.
Суоли мавриди матраҳ ин аст, ки чӣ бояд кард, то мафоҳим ва натиҷагириҳои манфие, ки барои рушд ва хушбахтии хонаводаҳо мушкил эҷод менамоянд, аз байн раванд? Ба назари инҷониб қабл аз ҳама бояд тарбияи атфол дар хонаводаҳо дуруст ва дар асоси илм ба роҳ монда шавад. Барои ба даст овардани он бояд бештар ба омӯзиши фарзандон таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, то онҳо тафаккури созанда ва таҳлилгар дошта бошанд. Илова бар ин, фурсат расидааст, ки бо такя ба илми педагогикаи муосир аз баъзе «русум ва суннатҳои қадима» даст кашем. Аз нӯги тори анкабут гирифтану кашидани он ба дарозо натиҷаи мусбат ба бор нахоҳад овард. Ва фикр мекунам дар ин маврид беҳтар аз Расули Акрам нафаре ҳанӯз сухани накӯтар нагуфтааст: « Беҳтарини шумо касе ҳаст, ки барои ҳамсараш беҳтарин бошад ва ман барои ҳамсарам беҳтаринам». Агар дар мавриди дине, ки аз ҷониби Офаранда ӯ фирис‑тода интихоб шудаасту аз вай пайравӣ кардаем, пас чаро дар мавриди эҳтироми завҷа ва суботи хонадорӣ пайрав набошем?
Эмомалӣ Сайидамирзод