Ин ду эҳсос ҳеҷ гоҳ наметавонанд бо ҳам биёянд. Яъне дар як қалб ҷо бигиранд. Мутаассифона, дар тарбияи суннатии мо аз хеле чизҳо бо фарзандон синни хурдсолӣ ё давраи тарбиявиашон ҳарф намезананд. Ин аст, ки бисёре аз эҳсосот дар ниҳоди эшон ё пӯшида мемонад, ё ба таври лозима рушд намекунанд, ё хеле барвақт кушта мешаванд.
Масалан дар мавриди ишқ, яъне муҳаббат, дӯст доштан. Падару модари тоҷик дар 99 фисад ҳолат бар он ақидаанд, ки бо фарзандон дар бораи ишқ сухан гуфтан тамоман мумкин нест, ё ҳадди ақал барвақт аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ин як иштибоҳе беш нест.
Духтари тоҷик дар мавриди дӯст доштан ё аз дугонаи мисли худаш бетаҷрибае тарзи рафтор «меомӯзад» ва писар ба ҷойи ёд гирифтани эҳтироми покии муҳаббат ва роҳи дил додану дил ба даст оварданро дарк кардан, метавонад аз як марди кӯчагӣ ба шакли қабеҳе зимни қиссаҳои фосиқонааш «ошиқиро» ёд бигирад.
Маъмулан, духтаронро ба ҷойи ошноӣ бо ин эҳсоси нав, бештар аз ишқ метарсонанд. Ба гӯшашон аз қиссаҳои даҳшатбори фирефта шудану шарманда гаштан, он қадар вазъҳое мехонанд, ки… Дар натиҷа ба ҷойи омода кардани қалбу рӯҳи ҷавону шаклногирифтаи эшон ба як эҳсосоти табиии ногузир, бо шубҳаву тарс ҳама ҳиссиёти наврасро дарҳаму барҳам месозанд. Маъмулан ба духтари деҳот ба ҷойи тарзи дурусти рафтор дар ин ҳолат, андешаи итоаткориву сархамиро пеши шавҳари оянда, дар гӯшаш ҳалқа месозанд: «Аз шӯ битарс ва итоат бикун».
Ба писар бошад, модар ё падар насиҳати «ҳамчун мард хеле ҷиддиву сахтгир будан»-ро мекунанд. Ва тарсаш медиҳанд, ки агар хеле худро бадҷаҳлу ҷиддӣ нишон надиҳад, дар аввал хоҳар, баъдан ҳамсар (яъне ҷинси зан) аз ту наметарсанд. Агар натарсанд, ҳар номаъқулие карданашон мумкин аст.
Вале касе ба наврас намегӯяд, (ҳатто калонсолон низ баъзан худ намефаҳманд) ки тарс ва ишқ ду мафҳуми зидди ҳамдигаранд. Ишқ муҳаббат асту тарс нафрат. Одам ҳеҷ гоҳ касеро, ки аз вай метарсад, дӯст намедорад. Ва муҳаббат бо тарс, ҳеҷ вақт ба қалби касе раҳ намеёбад. Инсон аз касе, ки метарсад, ҳатман нисбаташ нафрат ба дил мепарварад. Аз ин рӯ, ба ҳамдигар муҳаббат бояд омӯхт, то дӯст дошта тавонанд, на тарс то аз ҳам дур бигарданд.Тарбияи эҳсосот низ аз зумраи тарбия аст.
Ҳ. ЮСУФӢ