Коршиносон ҳангоми таҳлили ин ҳодиса аз даричаҳои мухталиф ба он баҳо дода, арзёбӣ менамуданд. Гурӯҳе бар он буданд, ки пастии сатҳи дониш ва тарбия сабаби чунин рафтор мешаваду қисме ҳам бар он буданд, ки вазъи иҷтимоъ сангин шудаву гиру дори зиндагӣ занҳоро шабеҳи бархе аз мардон дағал кардааст. Коршиносе дар рух додани чунин ҳодиса мактабу маорифро муқассир медонисту муҳаққиқе хонаводаро.
Фикр мекунам вақти таҳлил ва баррасии як ҳодиса бояд ҳама авомил ба инобат гирифта шавад, яъне ҳам авомили иҷтимоӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам равонӣ. Коршиносон дар паҳнои таърих ба хулосае омадаанд, ки ҳар куҷое фақр ҳаст, камсаводӣ ва коҳиши ахлоқ бо он тавъам ҷомеаро фаро мегирад. Дар аксар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фасод, коҳиши ахлоқ, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои манфӣ тавъам бо мушкилоти иқтисодӣ меоянд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ аз чунин авомил коршиносон як қатор барномаҳо таҳия намуда, ба сохторҳои марбута ва ҳукумати вақт пешниҳод менамоянд.
Қабл аз ҳама омили аслро бояд мавриди баррасӣ қарор дод. Бе тағйир додани иқтисод ( боло бурдани он) ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ахлоқ ва маънавиётро наметавон дар ҷомеа дигар кард. Ба кор ҷалб намудани ҷавонон ва таъмини маоши хуб, як омили рушд кардани ахлоқ буда метавонад. Пӯшида нест, ки имрӯз қимси зиёди ҷавонон бо кор таъмин нестанд ва маоше, ки дар ин ва ё он корхонаи давлатӣ ва ё хусусӣ ба онҳо пешниҳод мешавад, барои пеш бурдани зиндагӣ кифоят намекунад. Аз ин рӯ, бахше сарнавишти муҳоҷири меҳнатиро интихоб менамоянду қисме ҳам бекор дар ватан мемонанд. Аз ҷониби дигар барои тафреҳи ҷавонон дар ҷумҳурӣ корҳоии зарурӣ анҷом нашудаанд. Яъне ҷавонон ихтиёри интихоб надоранд.
Ба наздикӣ боз ҳам дар телефонҳои мобилӣ суруде сабт шуда, ки бо тарзи нав, яъне рэп эҷод шудааст. Сурудро ду нафар, яъне писар ва духтаре мехонанд. Аз овардани матн худдорӣ менамоям, зеро шунидан ва ё хондани ин матн хеле сангин ва ногувор аст. Духтаре ба писаре занг зада, ӯро ба қаробати ҷинсӣ мехонад ва аз асбоби таносули худ таърифи зиёде мекунад. Писар дар посух ӯро таҳқир намуда, таъкидан мегӯяд, ки бо дугонаи ӯ дӯстӣ дорад ва суханони ин духтар дар робита ба зебогиаш дурӯғанд. Баъд аз таҳқир ва сақатҳои зиёд дар васфи як овозхони шинохтаи Тоҷикистон онҳо ба мувофиқа мерасанд.
Аслан шунидани чунин суруд хеле сахт аст, вале бо тақозои касб маҷбур шудам, онро то охир гӯш кунам.
Чанд рӯзе аз ин ҳодиса гузаштааст, вале вазъи рӯҳиям то кунун гирифта аст. Боварам намеояд, ки як духтари тоҷик чунин ҳарфҳоеро ба забон оварда тавонад. Эҷод шудани чунин як суруд як бунбасти ахлоқиеро мемонад, ки дигар то вартаи ҳалокат ҷойе намондааст. Воқеияти сангин ва сахти ҷомеа ва ахлоқи имрӯз ҳамин аст ва аз он ҷойи гурез ҳам нест.
Бо пӯшидани чашм ва ё маҳкам кардани гӯшҳо мушкил ҳаллу фасл намешавад. Бояд мутахассисон, коршиносон, ҷомеашиносон, кормандони сохторҳои давлатии масъул сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд. Танҳо баъд аз пайдо кардани сарчашмаи пайдоиш роҳи ҳалли онро рӯшан кардан мумкин аст. Дар ҳоли акс чунин наворҳо ва сурудҳо зиёдтар мешаванд.
Агар нафаре аз мо андеша дошта бошад, ки ин падида ба хонаводаи ӯ таъсир намерасонад, иштибоҳи азиме намудааст. Дар ҷомеа зистану аз он берун будан ғайриимкон аст. Агар имрӯз он ба дасти фарзандони нафаре нарасидааст, фардо ҳатман мерасад. Хонаводае аз он дар канор нахоҳад монд. Пешгирии беморӣ аз табобати он беҳтар ва арзонтар аст. Мо, ки онро пешгирӣ накардаем, бояд ҳатман дар якҷоягӣ аз пайи муолиҷааш бишавем. Дар акси ҳол ба ҷомеае табдил хоҳем ёфт, ки дар сархати кишварҳои сатҳи ҷиноёташ боло ва сатҳи фарҳангаш хеле поён ҷо хоҳем гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки волидон ва ниёкон барои мо кишвареро ба мерос мондаанд, ки бо фарҳанги волояш шинохта шудааст ва вазифаи аввалиндараҷаи мо бояд такмили фарҳанги ба меросмонда аст, на аз байн бурдани он.
Эмомалӣ Сайидамирзод