Гӯшт- сарчашмаи асосии сафедаҳо, оҳан ва аминокислотаҳо маҳсуб меёбад. Ягон маҳсулоти дигар ба монанди гӯшт ин маводро доро нест. Ба кӯдак мунтазам гӯшти камравғани парҳезӣ, аз ҷумлаи харгӯш, мурғи марҷон (индейка), гӯсола ва гов диҳед.
Дар фасли зимистон вақте, ки кӯдак аз нурҳои офтоб пурра баҳравар гашта наметавонад организми ӯ зиёдтар ба витамини Д эхтиёҷ дорад. Ба вай бисёртар ғизои аз ин витамин бойро додан лозим аст.
Зардии тухм беҳтарин манбаи витамини Д мебошад. Дар як дона зардии тухм меъёри шабонарӯзии витамини Д мавҷуд аст. Агар тифли шумо аллакай яксола шуда бошад, ҳар рӯз як зардии тухмро пазонда хӯронед.
3-5 грамм равғани маска дар як рӯз кифоя аст, ки организми тифлаки шуморо бо витаминҳои А, Д ва Е таъмин созад. Он ба инкишофёбии организми кӯдак мувофиқат намуда, ӯро аз микробҳо ва ҳар гуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат мекунад. Ҳамчунин аз равғанхои растанӣ, аз ҷумлаи зайтун, офтобпараст ва ҷуворимакка низ истифода кардан лозим аст. Ин гуна равганҳоро ба хӯроки кӯдак илова намоед.
Лаблабу дар ҳамаи фаслҳои сол сифатҳои фоиданокии худро гум намекунад. Лаблабу дорои витаминҳои С, ВР,В2, РР ва ҳамчунин микроэлементҳо, ба монанди оҳан ва калий мебошад. Он ба кори дилу рагҳо ва узвҳои ҳозима ёрирасон мебошад. Лаблабуро нағзакак пухта, ба кӯдак хӯронед. Карамро бошад, баръакс дар шакли хом додан лозим аст.
Чормағз. Агар гӯем, ки мағзи он пурра аз витаминҳо иборат аст, хато намекунем. Зеро дар он витаминҳои А, Е, С ва гурӯҳи витаминҳои В якҷоя чамъ омадаанд. Бо вучуди ин аз хотир набароред , ки онро ба кӯдакони аз 3 сола поён ва аллергетикҳо додан манъ аст.
Меваҳои ситрусӣ сарчашмаи бои каротин, кислотахои органикӣ ва витамини С ба ҳисоб мераванд. Онҳо дорои хосиятҳои бактериякушанда ва зиддиилтиҳобӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин ширину бомаззаанд.
Хурмо- манбаи витаминҳои А ва С буда, ҳамчунин дорои микроэлементҳои ҳаётан муҳим, ба монанди йод, оҳан, марганец ва калий мебошад. Инчунин ин мева давои шамолхӯрдагӣ ва сулфа маҳсуб меёбад. Хурмо дар пуррасозии кори ғадудҳои сипаршакл низ фоидаи калон дорад.
Тарҷумаи Манижа