Кабкро дастомӯз гардонд, то ба ҳадде, ки дигар обу донаро танҳо аз дасти ӯ мехӯрд. Сари китфаш менишаст ва майдони парвозаш низ давру бари шикорчӣ буду бас. Кор ба ҷое расид, ки сайёд аз дидори мудаввоми кабки ром хаста шуд ва акнун чашми шикор ба сӯйи паррандаҳои дигар дошт.
Кабки ромгашта, ки аз хаёли хеш дур ва аз фазои озоди парвоз дилканда буд, намедонист, ки қасди сайёд чист ва ҳанӯз чашми умед ба маҳаббату донаҳои кафи ӯ мекард.
Сайёд аз ин рафтори паррандаи дастомӯз, бештар дилгиру асабонӣ мешуд.
Ва рӯзе заҳре ба донаҳои кабк биёмехт.
Кабк аз ин нияти сайёд огаҳ шуд ва худро ба баландиҳое зад, ки то кунун ҷуръати парвози онро надошт. Ва аз паҳнои осмон, аз баландиҳои баланд хешро сарозер карду ба кӯҳпорае бархӯрд ва ба замин уфтоду бимурд.
Сайёд ба осонӣ аз кабк халосӣ ёфт, аз ёд рабуд, ки донаҳои заҳрогинро нобуд созад ва тибқи одати дерин онҳоро рӯйи каф гирифт, то сайди навбатиро дастомӯз гардонад. Мӯсичаи навпаре бехабар аз макри сайёд рӯи кафаш нишаст ва дона ба минқор гирифту ҷон ба ҳақ таслим намуд. Сайёд донаҳоро сари роҳи сайдҳои дигар чошид, то рӯзе бар асари иштибоҳе яке аз онҳоро худ фурӯ бурд. Ва лаҳзае, ки дарди ҷонкоҳ вуҷудашро гандаи гилу гиёҳ мекард, симои кабки ба муҳаббати ӯ гирифтор пеши чашмаш падид омад ва дарёфт, хато карда…
Ҳ. Юсуфӣ