Тахминан баъди даҳ дақиқаи бурдани Гулафшон ҳамшираи шафқати дигар ба назди шавҳари ӯ омад ва барои дастпӯшу бинт ва дорувории зарурӣ боз 25 сомонӣ талаб кард. Шавҳараш маблағро бегуфтугӯ дод. Зеро ҳушу ёдаш танҳо дар ҳамсараш буд ва мехост ӯ зудтар фарзанди солим ба дунё биорад.
Хушбахтона, чунин ҳам шуд. Гулафшон соҳиби писараки дустрӯе гашт. Аммо баъди таваллуд момдояву ҳамшираҳо модари навзоду тифлакашро ба ҳоли худ гузошта, дартоз назди падари ҷавон барои шодиёнагирӣ омаданд ва ҳар яке 10-15 сомонӣ ситониданд.
Азбаски тифлак солим ба дунё омада буд, кӯдаку модарро аз таваллудхона зуд ҷавоб доданд. Барои бурдани тифл шавҳари Гулафшон дар баромадгоҳи таваллудхона мунтазири ҳамсару фарзандаш буд.
Модари ҷавон хост тифлакашро худ аз таваллудхона барорад. Аммо ҳамишари кӯҳансоле «ҳай-ҳай ҷавон-дия аз шумо гардам, истед, саросема нашавед келин…» гуфту навзодро ба парпеч печонида, ҳамроҳи Гулафшон поён фаромад.
Сипас ба шавҳари Гулафшон маънодорона нигариста кӯдакро ба дасташ дод. Падари ҷавон дар ин рӯзҳо хеле рамузфаҳм шуда, ҳар ишораи духтуронро мефаҳмид, аз ин рӯ зуд аз киса як 10 сомониро баровада ба ҳамшира дароз кард.
Ин ҳимматбаландии падарро дида, ду фарроши дигар ҳам ба назди шавҳари Гулафшон омада, изҳор доштанд, ки дар таваллуди кӯдак саҳми онҳо аз момодояҳо низ бештар аст ва онҳоро барои ин амалашон бояд «розӣ» кард. Пас аз гирифтани маблағ, онҳо даст ба дуо бардоштанд, ки нишони «розишавиашон» буд.
Ҳамин тариқ, аз фаррош то момодояву пизишки бачагон аз таваллуд шудани писарак, аз волидайнаш дида бештар хурсанд буданд. Бо он ки барои таҳияи асноди заруриву «розӣ» кардани ходимони таваллудхона хеле маблағ масраф шуда буд, модаркалони хонадон пешниҳод кард, ки исми навзодро Тиллоҷон гузоранд…
Вале баъди рафтани Гулафшону фарзандаш аз таваллудхона дарбон ба кормандони зоишгоҳ бонг мезад, ки чаро падари навзод ӯро нодида рафтаст.
Аз ин фарёди дарбони таваллудхона ҳаросон аз хоб бедор шуда, гуфтам, ки «хайрият хоб будааст».
Вале дар њар сурат ин ҳодиса маро ба андеша водор кард, ки оё имрӯз аз хизматрасонии тиббӣ, махсусан дар таваллудхонаҳо мардум қаноатманданд?
P.S.:
Шояд хоби муаллифи ин сатрҳо ба касе, махсусан ба кормандони соҳаи тандурустӣ хуш наояд. Эҳтимол нақли ин хоб табъи касеро хира созад. Мумкин аст ин хобу ин ҳолат ба касе шинос бошад, ба касе бегона. Бигзор чунин бошад! Мо ҳамаро қабул дорем, ба ҳар андеша арҷ мегузорем. Ба шарте, агар он росту санҷидашуда бошад. Дар мавриди чунин «хоб»-ҳо чӣ назар доред? Шумо ҳам боре чунин хоб дидаед ё…?