Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ба мо имкон фароҳам овард, то бо зане, ки дар ҷавонӣ мубталои бемориҳои нашъамандӣ ва вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) шудааст сӯҳбате дошта бошем. Ба хотири эҳтироми қавонини журналистӣ номи зан дигар карда шудааст. Таърихи талх ва кӯтоҳи зиндагии ӯро пешниҳоди хонандагони арҷманд менамоем.
Зарнигор ба хироҷи як мамлакат меарзид. Дар шонздаҳсолагӣ ба дараҷае қомати рехтаву зебо, камари химча ва чеҳраи қашанг дошт, ки ба иборае «аз диданаш чашм сер намешуд». Дари хонаашонро ҳар рӯз хостгорҳо мекӯфтанд. Аммо падару модари зиёӣ орзу доштанд, ки фарзанд таҳсилоти олӣ гирифта, баъд ба ҳаёти мустақил қадам гузорад. Зебоиву кордонӣ ва дилёбии Зарнигор ба модар хеле писанд буд. Баъзан шаб хобаш намебурду шавҳарашро бедор карда, соатҳо дар бораи тақдир ва ояндаи духтарашон бо ӯ ҳарф мезад. Аз чашми бад, гардиши айём ва имтиҳони тақдир метарсид. Баъди ҳар намози гузошта, аз Офаранда барои духтараш бахту толеъ мехост. Ба ҳарфҳои ороми шавҳараш гӯш медоду дар ким кадом гӯшаи ниҳони дилаш нооромиеро эҳсос мекард. Метарсид. Дилаш аз нохӯшие хабар медод, аммо намефаҳмид, ки чӣ варо азият медиҳад. Барои дарёфти таскин боз ба саҷҷода рӯ меовард.
Ғайричашмдошт «омад ба сараш аз он чӣ метарсид». Ҳанӯз мактабро хатм накарда, Зарнигор шоме ба хона ҷавонеро ҳамроҳ овард. Сари дастурхони шом ҷавонро ба унвони шавҳаршавандааш муаррифӣ кард. Падару модар бо шунидани ин хабар лол монданд…
Интизор надоштанд, ки ба ин зудӣ ҳамчунин ҳодисае дар зиндагии онҳо рух хоҳад дод. Ҷавон бо шеваи хоси мардуми Афғонистон онҳоро дар ҷараён гузошт, ки барои Зарнигор хонаи сеутоқае харидорӣ кардаву баъд аз сафари кӯтоҳе ба ватан, онҳо издивоҷ хоҳанд намуд. Бале, онҳоро дар ҷараён гузоштанд, байни худ масъаларо пазонидаву аз волидон ҳатто иҷозаи арӯсӣ напурсиданд. Агар модари сарсахт он вақт медонист, ки дар ояндаи наздик ин духтар боз чӣ мусибатҳое ба сари онҳо меоварад, шояд он лаҳза барои муддати кӯтоҳе ҳам бошад, худро хушбахт мешумурд. Бехабар аз бозиҳои сарнавишт рӯзҳову ҳафтаҳо модар бо духтари худ сӯҳбат меоросту иштибоҳашро фаҳмонидан мехост. Духтар бошад, бо як сангдиливу якравӣ тасмими худро ниҳоӣ медонист. Ба вай на ҳарфи падар муассир буду на гиряҳои зори модар.
«Сухани хона ба бозор намеояд рост»- гуфтанҳои Саъдии бузургвор дуруст будааст. Моҳҳо сипарӣ мешуданду аз ҷавон хабаре намешуд. Ӯ барои як ҳафта ба Афғонистон рафту се моҳ боз хату хабаре набуд. Духтар сабру таҳаммулро аз даст дода, ба ҳар дару дӯконе, ки афғонҳо кор мекарданд, сар мезад. Рӯзе гирён ба хона баргашту хабар дод, ки ҷавон бо тири тасодуфе кушта шудааст. Модар эҳсоси хуши ботинашро пинҳон дошта, ӯро дилбардорӣ мекард…
Моҳе нагузашта Зарнигор телефонӣ ба модару падар хабар дод, ки ҷавонеро бо номи Руслан дӯст доштаву бо ӯ дар хонаи харидаи ҷавони афғонистонӣ зиндагиро оғоз кардааст. Дар давоми се моҳ Зарнигор бо модар танҳо телефонӣ тамос мегирифту лаҳзае сӯҳбат мекард. Падар бошад, дигар суроғи духтарашро нагирифт…
Руслани доғистонитабор дар Тоҷикистон таваллуд шудаву ба воя расида буд. Ҳамроҳи чанд нафар дӯстонаш аз Русия мошин оварда, дар Душанбе мефурӯхт. Ду сол зиндагии Зарнигор ба ҳамин минвол гузашт. Шоме Руслан масту аласт ба хона баргашта, бо забони аз таъсири шароб лакнатёфтааш хабар дод, ки гурӯҳе онҳоро фиреб дода, пулашонро ба пуррагӣ аз худ кардааст. Баъд аз муддати кӯтоҳе рафтору хислати Руслан ба куллӣ тағйир ёфт. Рӯзона то соатҳои 11- 12 хоб мерафту шабҳо дервақт ба хона бармегашт. Бо вуҷуди бӯйи арақ надоштан ӯ доим маст буд.
Шабе Зарнигори сармохӯрда сулфа мекард. Руслан аз ҷайбаш салафанеро бароварда, аз он порае шикасту ба Зарнигор дод. «Чӣ аст?»,– гуфта пурсид духтар. «Чакида. Зуд ба дардат даво мебашад»,– посух дод Руслан. Воқеан баъд аз лаҳзае сулфазании Зарнигор кунд ва илова бар он табъаш каме шод ҳам шуд. Вақтҳои аввал ба хотири рафъи дард ва баъдҳо ба хотири осудагӣ Зарнигор ба чакида рӯ меовард. Шабе Руслан ҳамроҳ бо ду нафар ба хона омад. Баъд аз хӯрок хӯрдан тамокуи папиросеро холӣ ва ба он маводе пур карда, оташ гиронд. Чанд дуде гирифта, онро ба дӯстонаш ба навбат дароз карду баъд Зарнигорро ба оғӯш кашида онро ба лабаш гузошт…
Нашъамандӣ онҳоро ба тадриҷ аз ҳама кор монд. Рӯзе Руслан ба илтиҷои Зарнигор барои ёфтани нашъа чунин ҷавоб дод: «Дар шаҳрамон гера пайдо шудааст. Мегӯянд, ки мисли барф сап – сафед аст, аммо нархаш қимат. Ман пул надорам, агар хоҳӣ хонаатро ба хонаи дуутоқа иваз карда, дар пули мондааш кайф карда гера мезанем». Зарнигор аввал не гуфту баъд аз чанд соат таҳаммулро аз даст дода, розӣ шуд.
Чӣ лаззати аҷибе дошт гера. Гӯиё тамоми хушиҳои зиндагиро дар худ дошт. Ба хусус, вақте мавҷи аввал вуҷуди Зарнигорро фаро гирифтаву таккон медод, ӯ дар ҷойи нишастааш баробарвазниро аз даст медод. Вақтҳои аввал бо шавҳар ва дӯстонаш онро дар сигор пур карда мекашиданду баъд ба роҳи нафаскашӣ гузаштанд. Аммо пули хона ба зудӣ тамом шуд. Он вақт барои сарфа кардани героин ба сӯзанзанӣ гузаштанд. Як вояи (доза) дудкунӣ бо сӯзан барои чанд нафар мерасид. Оҳиста оҳиста дар хона на телевизор монду на магнитофон. Руслан баъзан то як моҳ ғайб мезад. Боре яке аз дӯстони Руслан баъд аз илтиҷои зиёди Зарнигор вояе дастрас намуда, ба наздаш омад. Баъд аз задани сӯзан ба шоҳраг ӯ Зарнигорро ба оғӯш кашид...
Рӯзҳои баъдӣ шиносҳои дигар нашъа меоварданду шабро бо ӯ мегузаронданд. Барои Зарнигор дигар на модар вуҷуд дошту на зиндагӣ. Дарди тоқатшикан водораш мекард дурӯғ бигӯяд, ба дуздӣ даст бизанад ва дастраси мардон бошад. Шабе аз шиддати дард худро зери мошин партофт. Ронандаи бечора ӯро ба бемористон бурд.
Модари сарсахт оби дида дар бари рӯ Зарнигорро баъд аз шифо ёфтан, аз бемористон ба клиникаи наркологӣ бурд. Зарнигор баъд аз ҳафтае барои ташхис хун супорид. Дар таркиби хунаш ВИЧ –вируси норасоии масунияти одам дарёфт шуд. Духтур модарро тасалло дода, ба Зарнигор гуфт: «Бояд АРВИ – терапия бигирӣ. Агар роҳи рушди вирус гирифта шавад, таҳти назорати духтурҳо ва табобати пайваста метавонӣ то 20 соли дигар умр бубинӣ». Зарнигор ба ҳарфҳои духтур гӯш медоду дар дилаш умеде ба фардо пайдо мешуд.
Субҳи дигар хабари шуме маҳалларо мисли абри сиёҳи пойиз фаро гирифт. Модари Зарнигор худро кушта буд...
Ҳаёти модаре бармаҳал канда шуд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ва ҷунбонидани гаҳвора дар дил орзуҳо мепарвариду бо садои форам ба гӯши дили тифл онро месуруд. Дастони модаре аз тобут берун монд, ки ин орзуҳоро ба хок мебурд…
Эмомалӣ Сайидамирзод