Вазири адлия ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров ҳангоми муаррифии лоиҳаи қонун зикр намуд, ки қонун аз 5 боб ва 52 модда иборат буда, ин қонун ба касоне, ки дар ҳоли ҳабси муваққӣ карор доранд, як қатор сабукиҳоро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, бар асоси ин тарҳ, дар маҳбаси муваққат мардону занон ва ноболиғон аз ҳам ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамчунин, тибқи моддаи 3-и қонуни қабулшуда шароити дар ҳабс нигоҳ доштани занон ва ноболиғон мушаххасан сабукӣ дода шудааст. Яъне Қонун дар ҷойҳои нигаҳдорӣ барои занҳои ҳомила ва занҳое, ки фарзанди то сесола доранд, дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва тавқифгоҳҳои нигаҳдории муваққатӣ шароит муҳаё карда мешавад.