Тарбия ё худ нигоҳбонии тифлони навзод дар гаҳвора аз урфу оддатҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз насл ба насл ба мо мерос мондааст. Даҳсолаҳо боз дар байни халқ андешае пайдо шудааст, ки гӯиё маданияти дар гаҳвора бастани кӯдакро ба мо аҷнабиён таҳмил карда бошанд. Аммо ба суоли он, ки аҷнабиён дар мо маданияти гаҳворабандии кӯдакро таҳмил кардаанд, ё баръакс барои аз гаҳвора ҷудо намудани насли тоҷик ҳангомаҳои беасосро паҳн мекунанд, посух гуфтан баҳсу мунозираи зиёд металабад.
Ривоят аст, ки гузаштагони мо саркаштарину сарсахттарин мардумони Осиё буда, аз байн бурдани маданият, забону урфу одатҳо ва анъанаҳои миллии онҳо мушкили аввалину охирини аҷнабиён ба ҳисоб мерафтааст. Азбаски шикастани иродаи миллатҳои ориёинажод барои ишғолгарон имконнопазир менамояд, гӯиё онҳо дар фикри он мешаванд, ки ба ин мардум одати дар гаҳвора бастани тифлро ёд диҳанд. То бо ин роҳ ақлу ирода ва нерӯи ҷисмонию зеҳнии наслҳои ояндаи ин мардумонро хароб кунанд. Аммо таърихшиносон иброз медоранд, ки одати дар гаҳвора бастану хобонидани тифлон дар мардуми мо таърихи қадимтар аз ҳуҷуми юнону муғулу дигар империяҳои ишғолгарро доштааст. Гуфта мешавад, ки дар гаҳвора хобонидани кӯдаконро ниёкони мо аз кӯчманчиҳо, ки ҳангоми сафар барои таъмини бехатариӣ тифлонро дар гаҳвора ва гаҳвораро дар паҳлӯи чорпоён мебастаанд, омӯхтаанд.
Ба гуфтаи донишманд Сафаралӣ Абдуллоев гаҳвора дар ташаккули ҷисмонию равонии тифлон нахуст дар рост кардани қомати кӯдак аҳамияти зиёд дорад. Баъдан муҳити дохили гаҳвора нисбатан сокит буда, барои оромии кӯдак хуб аст. Ҳамчунин гаҳвора кӯдакро дар зимистон аз сардӣ ва дар тобистон аз гармо муҳофизат мекунад. Дар баробари ин гаҳвора кӯдакро аз пешобу бавл, ки хориҷ шудани онро тифлон дарк намекунанд, тоза нигоҳ медорад. Ҳамчунин вобаста ба кордонии модарон дар гаҳвора нигоҳ доштани кӯдакон дар рафти инкишофи дурусти устухонҳои бадани кӯдак таъсири хуб мерасонад. Дар ҳолати дигар, агар модарон қоидаи гаҳворабандии тифлонро риоя накунанд, боиси нодуруст инкишоф ёфтани бадани кӯдак, каҷ шудани дасту по, гардан ва ҳатто сари кӯдак мешавад.
Табибони вақт дар ҳолати бо осеби суставҳо (қисми поёнии миён) ба дунё омадани тифлон, бастани онҳоро дар гаҳвора маслиҳат намедиҳанд. Зеро нигоҳдории ин гуна тифлони навзод дар гаҳвора боиси инкишофи нодурусти пойҳо ва қомати кӯдак мешавад.
Қоидаи табиат ҳамин аст, ки ҳар чизи дунё дар баробари фоида инчунин зарар низ дорад. Аз назари равоншиносон дар гаҳвора бастани тифлони навзод, ки ҳаракатҳои худро идора карда наметавонанд аз як ҷиҳат хуб аст, ки кӯдак ором гирифта, хобаш мебарад. Аз ҷиҳати дигар бидуни ихтиёри кӯдак бастани дасту пойи ӯ рӯҳан таслим кардани онро мемонад. Барои кӯдак одат мешавад, ки пеш аз хоб рафтан ӯ бо гиряву дасту почакзанӣ, шояд бидуни ихтиёр хобаш барад. Яъне аз овони тифлӣ дар зеҳни кӯдак таслимшавӣ ё худ ба тақдир тан додан ба як одати маъмулӣ табдил меёбад. Воқеан ҳам иродаи инсонӣ ва нишонаҳои хӯи ғуломӣ, ки аз асорати ҳаводиси 1000 соли охири таърих дар наслҳо дида мешавад, мавзӯи баҳси алоҳида аст.
Равоншинос Усмоналӣ Турдиалиев бошад, иброз медорад, ки ҷанбаҳои таъсири манфии гаҳвора ва ҷисму рӯҳи инсонро ба назар гирифта, дар оилаи ӯ 5 нафар фарзандонашро бе гаҳвора ба воя расонидаанд. Маданияти гаҳворабандӣ,- мегӯяд Усмоналӣ Турдиалиев- мавзӯи нозуке аст, ки дар муҳокимаи он бояд эҳтиёткорона сухан бигӯем. Зеро табиати инсонҳо ҳамин тавр офарида шудааст, ки он чизе бар хилофи хоҳиш ва урфу одатҳои қадимаашон гуфта шавад, қабул карда наметавонанд, ҳатто агар сухани ҳақ ҳам бошад. Ман, ки равоншинос ҳастам ҷиҳатҳои манфии дар гаҳвора нигоҳубин кардани кӯдакро ба инобат гирифта, фарзандонамро бе гаҳвора ба воя расонидаам. Аммо ҳамчун табиби равоншинос ба бузургию муқаддасоти ин миллату сарзаминам қоилам, ки дар ҳамин гаҳвора шахсиятҳои кабиру бузурги тоҷик тарбия ёфтаанду дар рушду тараққиёти илм нақши боризе доранд.
Дар бобати таъсири ҷунбиши гаҳвора ба майнаи сари тифл андешаҳои гуногунанд. Қудратулло Абдуллоев як донишманди риштаи дин иброз медорад, ки агар гаҳвораҷунбон модар бошад, ӯ фарзандро бо эҳтиёт парпеч карда, дар гаҳвора мебандад ва онро мулоим меҷунбонад, ба майнаи сари тифл осебе намерасад. Устухон ва дигар узвҳои бадани тифлон ҳар лаҳза дар инкишофанд, - мегӯяд Қудратулло Абдуллоев. Аз ин рӯ, вақте тифл дар ҳолати дасту пойҳо ва қомати рост хоб меравад, бадани кӯдак дуруст инкишоф меёбад.
Андешаи дигар низ қобили қабул аст, ки инкишофи бадани тифл аз батни модар оғоз мегардад. Тифл дар бадани модар озодтар аст. Асбобҳои муосири тиббӣ ҳолатҳои гуногуни тифлро дар бадани модар сабт кардаанд. Яъне кӯдак дар бадани модар дасту почак ҳам мезанад. Гоҳе ҳаракатҳои дигар ҳам мекунад. Аз ин рӯ, андешаи он ки инкишофи узвҳои бадан дар ҳолати озод хоб рафтани тифлон ҳам дуруст инкишоф меёбанд, қобили таваҷҷӯҳ аст.
Умуман мавзӯи таъсирҳои мусбию манфии дар гавҳора бастани тифлонро мебояд мавриди муҳокимаи доираҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва уламои риштаҳои дину тандурустӣ қарор дод, то аз ин тадқиқот андешаҳои ғолиберо барои худ бардошта бошем. Шояд роҳи беҳтар он аст, ки аз гаҳвора ҳам дуруст ва бо истифодаи вақти муайян истифода кунему чун баъзе модарон гаҳвораро раҳоӣ аз нигоҳубину сарукоргирии кӯдак нашуморем. Кай ва чӣ тавру чӣ миқдор истифода сохтани гаҳвораро дуруст биомӯзем. Шумо чӣ андеша доред?
Ҷамолиддин Сайфиддинов