Аз оғози сол дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 50 нафар тифл соҳиби шаҳодатнома шуданд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи асноди шаҳрвандӣ Гулрухсор Хӯҷаниёзова, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки фарҳанги номгузорӣ дар вилоят тағйир меёбад. Номбурда баён дошт, ки ба ғайр аз Лаълбегим, Ашрафмо, Амирҳамза ва чанд номи анъанавии дигар бештари номҳое, ки волидайн ба фарзандонашон гузоштанд, ба мисли Анзура, Руслан, Денис, Жасмин, Самир, Рухмина, Алфия, Алия ва амсоли ин падидаи навест дар номгузорӣ. Агар пештар номгузорӣ барои мардон бо ҷузъҳои «шоҳ» ва «бек» ва барои занон бо ҷузъҳои «султон» ва «бегим» роиҷ буд, ахиран мардум бештар ба номҳои кӯтоҳи аврупоӣ рӯ меоранд. Ба фикри сардори шӯъба ин тарзи номгузорӣ то андозае зери таъсири раванди афзояндаи муҳоҷират ва фарҳанги бегона сурат мегирад. ӯ афзуд, ки кормандони шӯъба ҳангоми номгузорӣ ба падару модар маслиҳат ва тавсия медиҳанд, ки ба фарзандонашон номи зебои миллӣ гузоранд, аммо касе ҳуқуқи маҳдуд намудани интихоби волидонро надорад.
Сокини кӯҳансоли Бартанги ноҳияи Рушон Улфатшо Бандишоев бо ёдоварӣ аз анъанаи номгузорӣ дар Бадахшон гуфт, ки ҳар фард кӯшиш мекард ба фарзандаш номе гузорад, то он ба таъриху фарҳанг ва пайванди хонаводагӣ рабт дошта бошад. Тибқи ривоят Гулдартабақунуқрахуросонбегим номи дарозтарин ва зеботарини санами бадахшонӣ будааст. Аммо ин анъана батадриҷ аз байн меравад…
Улфатшо Бандишоев мегӯяд:
Акнун Алимамадро Алику Баҳодурбекро Борис ном мегиранд ва баъдан инҳо дар муошират ба исмҳои маъмулӣ табдил шуда, ба феҳрасти номгузорӣ ҳам ворид мешаванд.
Аммо омилҳои идеологӣ низ ба номгузорӣ таъсир доштанд. Колхоз, Гагарин, Пудратчӣ нишонае аз номҳои даврони шӯравӣ маҳсуб мешаванд, Роғуншо ва Саҳмиябегим бошанд, талошҳои ҳаёти давраи навро инъикос мекунанд.
Аз таҷрибаи шӯъбаи асноди шаҳрвандии Хоруғ бармеояд, ки агарчи гузоштани номи зебо ба тифл яке аз вазифаҳои падару модар аст, баъзан волидайн ба атфолашон номҳое мегузоранду пас аз чанд муддат худашон омада, барои тағйир додани онҳо талош меварзанд. Водговбек, Разил, Қарчақай аз номҳое будаанд, ки соҳибонашон бо мурури замон аз онҳо даст кашида, номҳои дигар гирифтаанд.
Волидайне ба духтарашон Рубина ном гузоштанд. Ба гуфтаи падари духтар пештар дар Бадахшон фақат санги гаронбаҳои лаълро медонистанд ва номҳои Лаълбегиму Лаълбек зиёд буданд. Аммо ҳоло маълум шуд, ки Бадахшон санги қиматтари дигар – ёқут низ дорад. Аммо азбаски Ёқутбегим ва ё Ёқутбек ғайримаъмулӣ ба гӯш мерасаду ин санг бештар бо номи русии «рубин» машҳур аст, онҳо дар мавриди гузоштани номи Рубина ба духтарашон хатоеро намебинанд.
Ба фикри сокини шаҳри Хоруғ Лайло Нафасшоева теъдоди зиёди мардум дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бархе аз волидайн ояндаи худ ва фарзандонашонро бе муҳоҷират тасаввур намекунанд, аз ин рӯ, ба фарзандонашон номҳои кӯтоҳи аврупоӣ мегузоранд. Зеро фикр мекунанд, ки бе ин ҳам дар ҷойи бегона Қаландарбек Коляву Некбахтсултон Наташа мешаванд ва номи дарози анъанавӣ барояшон дар кору таҳсил мушкилот эҷод мекунад.
Бештари волидайн дар сабти фамилияи фарзандон пасвандҳои «ов» ва «ев»-ро истифода мебаранд, зеро фикр мекунанд, ки агар фарзанд дар оянда барои кор ва ё таҳсил ба хориҷи кишвар, умдатан ба Русия равад, ба мушкилоти камтар рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи мутахассисон чунин андеша дар заминаи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар зуҳур карда, бештар мегардад.
Ба гуфтаи Гулрухсор Хӯҷаниёзова, агарчанде таваҷҷӯҳ ба гузоштани номҳои зебо ва анъанавӣ ба атфол дар Бадахшон ҳанӯз ҳам зиёд аст, омилҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар мавқеи номҳои анъанавиро танг мекунанд. Аз ин хотир онҳо тасмим гирифтанд, ки фарҳанги номгузориро бештар дар байни мардум тарғиб кунанд, зеро тифли зеборо номи зебо мебояд.
Ш. Мирзоҷалол