Дар деҳаи Косатароши вилояти Балҷувон 12 оила зиндагӣ мекард. Деҳа дар яке аз дараҳои хушобу ҳаво ва бофайзу баракати музофоти Балҷувон, дар қисмати шарқӣ ва 24-25 км дуртар аз марказ ҷойгир аст. Тобистон. Дар таги долони хонае соҳиби хона-Сарварбӣ, писараш Абдуллоҳ ва келинаш Майрамбӣ дар бағал тифли нахустинаш-Абдулфаттоҳ нишастаанд. Ҳамин вақт морбачае аз тори коси (шифти) долон ба рӯйи суфраи таги долон меафтад. Абдуллоҳ, ки ҷавонмарди зираку ҳушёр ва чусту чолок буд, ҷаста аз ҷой мехезаду қасди куштани морбачаро мекунад. Вале модараш Сарварбӣ монеъ шуда мегӯяд: «Ҷонвари бегуноҳро накуш!» Ва худаш табақеро гирифта чаппагардон ба болои морбача мегузорад, яъне бо табақ морбачаро мепӯшонад. Баъди каме фурсат овози чирросзании море аз шифти долон ба гӯши онҳо мерасад. Аҳли оила мебинанд, ки мори калоне дар хасу чӯбҳои шифти долон хазидаву печида, чирросзанон аз ин тараф ба он сӯ ва аз он сӯ ба ин тараф ҳаракат мекунад ва маълум аст, ки ӯ безобита асту чизи барояш қимматеро мекобад. Абдуллоҳ, давида чуберо мегираду қасди куштани морро мекунад. Вале боз модараш ба ин кори ӯ монеъ шуда, писару келинашро аз таги долон ба саҳни ҳавлӣ, ки он ҷо низ суфрае буд, даъват мекунад ва мегӯяд: «Биёед тамошо кунем, ку мор бачаашро меёфта бошад?» Холаи Сарварбӣ ҳамроҳи писару келинаш дар рӯйи суфраи ҳавлӣ нишаста, рафтори морро мушоҳида мекунанд. Мор чирросзанон тамоми шифти долонро мекобад ва баъди он ки бачаашро намеёбад, ба болои кӯзае, ки дар гарданаш банд бастагӣ буду онро холаи Сарварбӣ пури шир намуда, дар яке аз чубҳои шифти долон кашол карда буд, омада меистад. Мор сарашро дар рости даҳони кӯза хам карда, ба даруни кӯза заҳр меандозад. Ва худаш хазида ба кунҷи девори шафати шифт мераваду аз назар ғоиб мешавад. Холаи Сарварбӣ ва писараш Абдуллоҳу келинаш Майрамбӣ ин ҳодисаро бо чашмони худ дида, ба тарсу ҳарос меафтанд ва яқин намуданд, ки мор бо онҳо душманро оғоз кардааст. Ва онҳо ин морро борҳо дида буданду дар куҷо будани лонаашро ҳам медонистанд. Ва ҳар гоҳе, ки мор пайдо мешуд, холаи Сарварбӣ ба писар ё келин ва ё ба ҳардуяшон мегуфт: «Ин мори хонагӣ аст, моро посбонӣ мекунад, ӯро наранҷонед! Акнун бо як шӯхӣ ва ё бозии холаи Сарварбӣ посбони хона душмани хонавода шуд. Ҳама ҳайрону тарсон шуда, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Холаи Сарварбӣ оҳистаю боэҳтиёт ба таги долон рафта, табақро бардошту морбачаро аз таги он гирифта, ба болои яке аз чӯбҳои шифти долон монд ва гуфт, ки; «Имрӯз ширро бо кӯзааш бурда ба ғори қади дара партоед» Вале онҳо медонистанд, ки бурда партофтани кӯзаи шир маънои халос шудан аз хатарро надорад. Зеро мори душман дар хона асту ҳар лаҳза метавонад зиёну зарари худро ба аҳли хонавода расонад. Ягона роҳ кандани лонаи мор ва куштани ҳама мору морбачаҳо асту халос. Абдуллоҳ рафта аз оғил белу досро овард. Ҳамин вақт арӯсаш -Майрамбӣ садо баровард: «Ана, мор боз пайдо шуд». Абдуллоҳ бо ғазаб белро дудаста қапида, нияти ба мор ҳамла намуданро кард. Вале модараш аз дасти Абдуллоҳ қапиду гуфт: Ист, бачам! Бубинем, ки боз чӣ мекунад ин мор». Мор ин дафъа чунон чаққонтару тезтар ҳаракат мекард, ки гӯё кори заруру фаврие дошта бошад. ӯ ба болои кӯза омада, худро ба чӯбе мустаҳкам печонд ва банди кӯзаро ба даҳон гирифту ба хоидан шурӯъ кард. Дар як фурсати кӯтоҳ банди кӯза бурида шуд ва кӯзаи пуршир ба замин афтода, пора-пора шуду рӯйи замини таги долонро сафедии шир гирифт. Мор осудаву қаноатманд қафо гашту хазида-хазида то ба лонааш рафта. Ва бо ин амали худ бехатарии худ ва осудагию хотирҷамъиро ба аҳли оилаи момакалони ман-Сарварбӣ ҳадя кард.
Муҳаммади ШОҲ,