Вобаста ба масъалаи омӯзиши соҳибкорӣ, фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ибратомӯз аст. Чун натиҷа дар ин вилоят теъдоди занони соҳибкор аз 4.350 нафари соли 2009 ба 4571 нафар расидааст. Рушди соҳибкории занон дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат ва шаҳрҳои Турсунзодаву Душанбе низ каме ба мушоҳида мерасад. Вале дар ноҳияҳои Водии Рашт, Варзоб, Файзобод ва Шаҳринав раванди ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занон ҳануз ба талабот ҷавобгӯ нест.