Дарвоқеъ, ҳама мардҳои зандор, хоҳ барои маъшуқа, хоҳ барои зани дуюм, аз худ гоҳо бечора месозанду гоҳе чун қаҳрамони филмҳои ҳиндӣ ба ҳама кор қодиранд. Ва «номзад»-ҳои духтари қаҳрамони мо низ, ҳарчанд аз рӯйи сатҳу вазифа фарқ доштанд, ҳамагӣ як суханро мегуфтанд, аниқтараш афсонаҳошон шабеҳи ҳам буданд, яъне «занамро дӯст намедорам».
Марди аввал, тоҷири пулдор буду ваъда медод, ки зери пояш тилло мерезад. Сабаби зани дуюм гирифтан, аниқтараш афсонаи дурӯғини гӯё аз «зани аввал ҷудо шудан»-аш он буд, ки занаш бемаълумоту бетарбия аст. Ва арзиши ҷиҳози хонаи ӯ, ки хеле гарон аст, соҳибхоназани хубро талаб мекунад. Ҳарчанд дар хона хизматгор дорад, мехоҳад хонуме бошад, ки ба қадри дороии ӯ расад.
Пас аз шунидани ин «алам»-ҳояш, духтар ба вай пешниҳод мекунад, ки барои ҳамсараш муаллимае бигирад, то ба ӯ дарси саводу хонадорӣ омӯзад. Вале давоми «қисса» ин мемонад, ки «ҳамсарро хонаводааш маҷбуран додаанду дӯсташ намедорад, аз ин рӯ, барояш коре анҷом додан намехоҳад.» Дере нагузашта, духтар мефаҳмад, ки се сол боз хурсандона ин «ошиқи бадбахт» бо ҳамсараш зиндагӣ доранду соҳиби як фарзанд ҳам ҳастанд.
Афсонагӯи дуюми духтар аз пешин фарқ мекард. Ӯ бомаърифат, зиёӣ ва соҳибвазифа буду ба қавли худаш, ба зани дуюм танҳо ишқи пок пешниҳод мекард. Зеро дар интихоби ҳамсар хато карда будааст, аз ин рӯ, ҳарчанд ки бо ҳамсараш даҳ сол зиндагӣ доштааст, ҷудо шудан мехоҳад. Чунки вақти издивоҷ гумон дошт, ки ҳамсараш ӯро дӯст медорад, аммо зиндагӣ собит намуд, ки ҳамсараш на ба ӯ, ба ному шӯҳраташ ошиқ будааст. Дар панҷ соли аввали зиндагӣ соҳиби ду фарзанд шудаву панҷ сол боз гӯё ҳар рӯзашон бо ҷангу дилсардӣ сипарӣ мешавад ва дар ин муддат ҳамсар боре ба ӯ сухани хуше нагуфтааст. Ҷойи он ки дили шавҳарро бо меҳру муҳаббат ёбад, доим рашк мебурдаст. «Аз ту чизе намехоҳам, танҳо маро дарк карда тавонӣ, бас», – хоҳиш мекард афсонагӯи зиёӣ.
Духтар ба «ошиқ»-и аввал якбора ҷавоби радро додаву халос шудаст, аммо дуюмии романтик, «Танҳои танҳоям, марҳам бишав ба дардҳоям, агар дастам нагирӣ, зиндагӣ маро мекушад», – гуфта қиссахонӣ мекардааст.
Бо каме моил гаштани дили духтар, афсона самташро дигар мекунад: «Рост, ки ман оиладор, фарзанддор, аммо ҳамоне, ки ба шавҳарӣ мепазирӣ, ҷуз безан будан аз ман чӣ бартарӣ дорад?» – мепурсидааст бо чашмони пуроб.
Баъди ин боз «тактика» дигар мешавад: дигар телефонӣ сӯҳбат карда, «Туро мехоҳаму донам, ки ҳаргиз ба коми дил дар оғӯшат нагирам!», «Намедонам чӣ мегӯӣ, вале аллакай саропои ман ту, ту ва танҳо туӣ!», «Ту охирин асари нур дар ғуруби ман шудаӣ!» Садои дардолудаш ба гӯши духтар фасонаҳое мехонд аз ашъори шоирону сурудаҳои ҳофизон, ки дили рамузфаҳм мехоҳад ба наҷоти чунин «бечора» биштобад. Вале, баъдан ӯро бо як духтари шиносаш мебинаду мефаҳмад, ки он қиссаҳоро акнун ин духтари бечора мешунавад...
Марди «қиссагӯи» сеюми духтар ҳуқуқшинос аст. Қиссаи зиндагии ин ҳам мазмунан шабеҳи аввалиҳост. Падараш аз хурдӣ ба як духтари хешовандаш гаҳворабахшаш намудаву тӯй кардааст. Духтар, болои он ки маъқулаш нест, каме кундақл ҳам будааст. Чун дигар писарони оила дар зиндагӣ хушбахт будаанд, бадбахтии ӯ аз падару модар пинҳон намондааст ва оқибат барои аз ҳамсар ҷудо шуданаш иҷоза додаанд. Духтар дарёфт, ки ин қиссаҳо 6 сол боз идома дораду марди ба занаш «бедил» дар ин миён соҳиби се фарзанд шудааст ва то ҳанӯз афсонаҳое мегӯяд, ки қариб худаш ба онҳо бовар мекунад...
«Маъшуқ»-и ман ошиқи ҳамсараш аст, - гуфт нафари сеюме, ки бо мо саргузашти ин духтаракро мешунид. Онҳо дар донишгоҳ ба ҳам дил баста, ҳатто пеш аз издивоҷ фарзанддор шудаанд. Вале тамоми умр ин мард ба ҳамсараш хиёнат кардаасту мекунад. Ӯро фаҳмида намешавад, як сомониашро берун аз манфиати хонаводааш масраф кардан намехоҳад, худ намепӯшаду намехӯрад, ба хонааш мекашонад. Тамоми кӯшишҳояш баҳри он аст, ки ҳамсараш чизе нафаҳмаду асабӣ нашавад. Гӯё сахт аз вай метарсад. Берун аз хати кашидааш пой намегузорад, дар телефон «лаббай» гуфта ҷавобаш медиҳаду зимни хайрухуш мебӯсадаш, вале меравад ба хиёнаткорӣ». Инро чӣ тавр метавон фаҳмид? Шояд афсонаи навбатии мардони зандор аст?
Баъди шунидани ин ҳама ба хулосае омадан мумкин, ки афсонаи ҳама мардони зандор як хелу ҳадаф танҳо ба доми фиреб афтондани духтарон аст. Аз марде, ки модари фарзандонашро назди ҳар духтаре танқид мекунад, муҳаббати самимиро набояд интизор шуд. Зеро ӯ боз назди дигаре шуморо чунин паст хоҳад зад. Ва бидонед, ки он ҳама суханҳои меҳролуду шикоятҳо аз зиндагӣ танҳо ба хотири гӯши навбатии афсонашунав аст.
Симин
PS: Ба афсона бовар накунед, афсона афсона аст…