Тавассути татбиқи ин лоиҳаҳо 332 нафар бонувон бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд. Тавассути татбиқи ин лоиҳаҳо корхонаҳои хурди дузандагӣ, қаннодӣ, сехҳои заргарӣ, муҳрабофӣ, хоҷагиҳои чорводориву асалпарварӣ таъсис дода шуда, семинару мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.
Ҳамзамон 20 лоиҳаи беҳтарин дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии 518 нафар занону духтарон амалӣ гардиданд.