Модари шавҳар (хушдоман) аз ҳама бештар ғамзадаву хиҷолат аст. Ӯ ба писараш мегӯяд: «Ту маро шарманда кардӣ. Ҳамсари ту ба чунин муносибати бад сазовор набуд. Охир, ту пеши худоҳо қавл дода будӣ, ки то охири умр бо ӯ бимонӣ, бевафоӣ накунӣ ва ҳаёти ӯро ширин бисозӣ, ҳеҷ гоҳ дар нимароҳ нагзорияш ва намонӣ, ки ғаму кулфат ё мушкилӣ бикашад. Пас чаро қавлу қасам шикастӣ? Ман туро намебахшам». Ва аз ӯ рӯй мегардонад.
Мӯйсафеди амакаш, (чун кӯҳансоли хонадон баробари падар ҳақ дорад) ки макони зисташ дар хонаи онҳост, аз ин марди «хиёнаткарда», ки сарпарастиашро бар дӯш дорад, рӯй мегардонад.
Ду писари оиладораш- яке бо ҳамсару дигарӣ бо зану ду духтараш дар гирди зани таҳқиршуда парвонаанду баробари ворид шудани мард (хусур ва бобояшон ) ба хона, аз вай бо танаффур рӯ мегардонанд.
Як духтару як писари ба балоғат расида, ки ҳанӯз хонадор нашудаанд (духтараш донишҷӯ асту писараш ҳамроҳи падар дар тиҷорати ӯ шарик) , дасту пойи модарро мебӯсанд, маҳс мекунанд, аз вай хоҳиш мекунад, ки чизе бихӯрад, худро азоб надиҳад. Ва чун бо падар рӯ ба рӯ мешаванд, аз вай рӯ метобанд.
Акнун тасаввур кунед, ки дар як оилае, ки то ин дам 11-нафар тифоқ ва хушбахту хурсанд буданд, даҳ нафар як тараф мешаваду як марди ба ҳамсар ҳанӯз хиёнат накарда, танҳо ба гумони он ки шояд бо зани дигаре муносибат дорад, дар як тараф танҳо мемонад.
Вақте ки аҳли оила мехоҳанд, барои аз ин вазъи ногувор баромадан, рӯҳониро ба кӯмак бихонанд, ӯ низ сараввал ба ёрии зани хушунатдида мешитобад ва мардро дидан ҳам намехоҳад. Мард ҳам хуб медонад, ки рӯҳонӣ минбаъд бо ӯ гап намезанад. Агар дар кӯчаву бозор ҳам мардум огоҳ шаванд, касе дигар бо вай ҳарф нахоҳад зад. Ҳатто дигар харидорон аз дӯкони матоъҳои вай харид ҳам намекунанд.
Дар ҳамин ҳол солҳост, ки дар Тоҷикистон мегӯянд: роҳи халосӣ аз дузанагӣ нест. Баҳонаҳоро аксаран сари мутеъияти иқтисодии зан аз мард, Ислом ва афкори ҷомеъа, ки дар ин ҳолат ҳатман боз занро гунаҳгор мекунад, мешуморанд. Ва хиёнат, ё чанд зан гирифтани мардро дигар касе айб ҳам намешуморад.
Акнун ин қазияро дар хонаи як тоҷик тасаввур кунед. Ва биёед бубинем, ки ҳар як аъзои ин оилаи 11 нафара чӣ мегӯянду чӣ кор мекунанд.
Нахуст, модари мард (хушдомани зан) тантана мекунад. Мегӯяд, ки писари сарватмандам хуб кардааст. Ту занаки пиру наберадор шудаӣ, зиндагии шоҳона дорӣ, ду келин дориву боз ду қудои дигар ба қарибӣ пайдо мекунӣ, айб нест, ки дар ҳамин синну сол барои шӯят даъво мекунӣ? Писари ман пулу сарват дорад аз 55 гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ҷавон аст (дар ҳоле, ки зани чанд сол аз вай хурдаш аллакай «пир»- у наберадор). Дорову бақувват, ки ҳаст, бадие надорад, агар зани дигари ҷавон бигирад. Хоҳӣ ҳамин давлату сарвататро нигоҳ дор, нахоҳӣ рав ба ҳамон қишлоқату гадоӣ карда гард. Писарам зани зебову ҷавонашро ба ин қаср меораду зиндагии хушбахтона мекунад.
Амаки пираш ҳам барои аз чунин хонаи серу пур халос нашудан ва ба нишони ҳамраъйи мардона ҳатман тарафи ҷиянашро мегирад. Ӯро дилбардорӣ карда роҳ нишон медиҳад, ки занатро бизан, тарсон, агар гапатро нагирад, талоқашро бидеҳ. Дар ин синну сол дигар ӯ куҷо меравад, чорае надораду мурда –мурда сар мефарорад.
Ду писари хонадор низ модарро тавалло мекунанд, ки падарашонро бахшад ва онҳоро дар пеши занҳошон ва хусуру хушдоманҳояшон шарманда накунанд. Онҳо азбаски дар тиҷорати падар шариканд, барои аз даст надодани давлату савлати вай ҳатман тарафи мардро мегиранд ва модарро маҳкум ҳам мекунанд.
Ду фарзанди болиғи ҳанӯз хонадорнашудаи дигар бошанд, гиряву зораро мегиранд, ки модар онҳоро пеши ёру дӯстонашон шармандаву шармсор накунад. Агар ӯ аз падарашон ҷудо шавад, шояд касе дигар ба онҳо хонадор нашавад. Баъдан агар оила вайрон шавад, кӣ онҳоро мехононад, кӣ тӯй мекунад? Ҳақу ҳамсояҳо аз бадномии хонадони эшон чӣ қиссаҳое шармандагиоваре намебофанд. Беҳтар аст, ки сирро пинҳон бидоранду модар тавре рафтор кунад, ки касе бохабар нашавад.
Келинҳо чӣ? Келинҳо аз хурсандӣ қариб, ки шодимарг мешаванд, аз шодиву тантанаи қасдгирӣ қариб, ки мемиранд, ки ана акнун забони хушдоманашон кӯтоҳ шуд. Дигар бо забони дароз дар сари онҳо хӯҷаинӣ намекунад. Ҳатто метавонанд ӯро таъна кунанд, ки: «Эй бевае, агар ту одам бошӣ, пирбузи шӯят ба болоят зан намегирад».
Ҳақу ҳамсояҳо чӣ? Чунон мавзӯъ меёбанд, ки… гӯё гуноҳро шавҳар не, ҳамин зани бе ин ҳам бадбахтгашта карда бошад. Ҳай мавзӯи ғайбати ширине…
Дар бораи рӯҳониёнамон- ку гап нест. Дилхоҳ мулло барои 20-30 сомонӣ дилхоҳ мардро бо зане ё духтаре никоҳ мекунаду ҳатто намепурсад, ки: «чуну чаро?»
Ин зани таҳқиргашта ҳамфикру ҳамдарде намеёбад. Аз тарси хандахариш шудан ба касе даҳон кушода наметавонад. Дар бораи ҳимояи ҳуқуқаш гап занад- ку дубораву садбора хушунат мебинад. Ягон милисаву суд ӯро «намефаҳмад», баръакс мегӯяндаш, ки барои ҳамин «чизи беарзиш» аз хонаву дар ва номи баобрӯйи шавҳардориаш намонад.
Ва оқибат ин ғуссаву таҳқир ва рашку ҳасад ӯро ё ба домони марг мекашонад ё худро ба беномусиву ночорӣ мезанаду дарун-дарун худро мехӯрад. Охир, кӣ дидааст, ки сарватманде дар кишвари мо барои чунин як қонуншикании «ночиз» ва қавли маъмулгаштаи «проблемаи оилавӣ» ё «кори шахсии он хонадон » ҷазо гирифта бошад?
Пас, оё парлумон ё ҳуқуқшиносони «беҳтарин»-и ҷумҳурии мо метавонанд даъво кунанд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи занон ва ё мустаҳкамиву пойдории оилаи тоҷик амале карданду вале ин масъала роҳи ҳал надорад? Охир дар Сақонуни мо омада: «Оила дар паноҳи давлат аст» ва Парлумон як шохаву суд шохаи дигари ҳокимияти давлатист. Агар ҳади аққал ҳимояи амвол ё тақсимоти амволи қонунии зану шавҳар дуруст ба роҳ монда мешуд, занӣ, ё ҳамсарӣ дар мо ин қадар беқадр намешуд. Оила рӯз аз рӯз мавқеашро аз даст намедод, умри аксари занони хушунатдидаву ба садҳо касал гирифтори мо шояд андаке ҳам бошад, дарозтар мегашт?
Духтари ҷавон орзуи онро намекард, ки: «Як бор барои номаш шӯ кунам». Ё сабукпое дилпурона ханаеро вайрон намекарду хонуми соҳибшавҳарро ҳатто дар ханаи худаш лату кӯб карда гуфта наметавонист: «Эй, бева, Чӣ худта медарронӣ, нахоҳум поша дигар дар хонаат намемона, шукр кун, ки як даҳан нони кӯдакота ҳоли овардестай. Агар як бори дигар ба ман кор мегирӣ, аз ҳамин рӯзат ҳам мемонӣ!».
Ва зани тоҷик бо он умед мезист, ки никоҳ барои як умр аст, на то рӯзи «ошиқ»шудан ё ду танга ёфтани шавҳараш. Ва духтари имрӯз ба модарии фардояш содиқ мемонд. Зеро итминон мекард, ки никоҳу оилаи ӯ пушти шоҳсутуни мустаҳками ҳимояи давлатист ва дар такя ба ин кафолати озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳояш дар хонавода устувор хоҳад монд. Кӣ мегӯяд, ки ҳимояи пойдории никоҳу оила танҳо барои занони мо номумкин аст?
Шояд аз худ бипурсем, ки чаро андешаи мардум, ки дар ҷомеъа вазни хос дорад, ба манфиати зани шавҳардор нест? Бубинед, ки муносибати атрофиён ба масъала чӣ қадар муҳим аст. Шояд қабули ҷомеъа ва тафаккурамонро дигар созем? Ва аз андешаи «мардум чӣ мегӯяд» ба қабули «қонун чӣ мегӯяд» гузарем?