Арӯсони намадёр
Масъули шӯъбаи тиҷоратии маркази ҳунарҳои дастӣ дар Хоруғ - Зуҳро Бердова мегӯяд, ки дар моҳи нахусти соли нав аз ҳама бештар намадҳои помирӣ ба фурӯш рафтанд. Дар Бадахшон наварӯсон бо намади гулдори дастӣ- рамзи муҳаббати муҳаббати гарму рангин ва эҳтимром ба анъанаҳои аҷдодӣ, ба хонаи домод мераванд. Айни ҳол дар навоҳии вилоят зиёда аз 100 бонувони намадрезе шӯҳрат доранд, ки намадҳои бо усулҳои гуногуни гулпартоӣ ва нақшҳои товус, партовус, кафтар, кабутар, мурғи ҳумо, мурғобӣ ва морак тайёр кардаашон, хонаҳоро оро медиҳанд.
Димломдорон хушхаридоранд
Сардори идораи асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Марзия Некпаева аз афзоиши раванди ақди никоҳ дар моҳи авввали сол рамз гирифта, чунин мешуморад, ки соли равон, соли оила ва муҳаббат дар вилоят хоҳад буд.Тайи як соли гузашта дар вилоят зиёда аз 460 ҷуфт оила барпо кардаанд.Беҳтар шудани шароитҳои иҷтимоии хонаводаҳо ва коҳиш ёфтани муҳоҷират дар байни ҷавонон омилҳои зиёд шудани бунёди оила арзёбӣ мегардад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар Бадахшон ҷавонон бештар аз ҳама ба духтарони соҳибмаълумот издивоҷ кардаанд.Ба фикри Марзия Некпаева ин интихоб тасодуфиӣ набуда, дарки масъулияти оилаҳои ҷавонро барои саҳми баробар гузаштан дар ҳаёти иҷтимоии хонаводагӣ нишон медиҳад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ ба хотири пойдории оила ва муҳаббат, барномаи махсуси дастгирии оилаҳои ҷавонро таҳия намуд.Раиси кумита Гулдаста Орумбекова изҳор дошт, ки ҳадафи барномаи мазкур мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ аст.
Мушкилоти муҳоҷират ва тиҷорат боқист
Аммо бонувони вилоят мегӯянд, ки онҳо бар асари бӯҳрони молиявӣ соли мушкилтаринро дар тиҷорат паси сар карданд ва идомаи густариши раванди муҳоҷират дар байни занон онҳоро нигарон сохтааст.Ба иттилои роҳбари маркази бонувони «Мадина» Набот Додихудоева ба қарибӣ 20 нафар соҳибкороне, ки ҷиҳати қарздорӣ дар назди бонкҳо хатари маҳрумият аз амвол таҳдид мекунад, бештарашон занон мебошанд .Бархе аз қарздорон барои халос ёфтан аз қарз роҳи ғурбатро пеш гирифтаанд.
Соҳибкор Нигини Ватанбекова изҳор кард, ки занони соҳибкори вилоят ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳояшон ниёз доранд.Аммо эҳсоси хастагӣ ва афзоиши ҳисси нобоварии бонувон боис гардид, ки онҳо дар асотсиатсияи занони соҳибкор муттаҳид шуда натавонистанд ва ин ягона ассотсиасия фаъолияташро қатъ кардааст.
Дар ҳоле, ки бархе аз занон муҳоҷиратро воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мешуморанд, Зулфия Ғарибшоева , собит сохт, ки барои пул кардан ба кишварҳои бегона муҳоҷир шудан шарт нест.Зулфия чун устои таъмиргар ва ороишгари хонаҳо бо усули «евроремонт» шӯҳрат касб кардааст.
Танҳо тибқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бошад, 10 нафар бонувон ихтисосҳои андовачӣ , дуредгару деворгар ва рангуборчиро аз худ карданд.
Ш. Мирзоҷалол