Ӯ духтари нозпарварди хонадон буд. Волидон, ки намунаи оилаи фарҳангиву дунёдида маҳсуб мегаштанд, бо бузург гаштанаш умедҳояшонро ба ин духтари сафедрӯйи паричеҳра ва хушхулқуатвор боз ҳам бештар мекарданд. Чун як дарахти борвар ба умеди самар мепарвариданд. Ҳавасҳое ба дил доштанд чун ҳама волидони дунё.
Вале боре ҳам чун дигар волидайни сахтгир касе аз Меҳрафрӯз напурсид, ки чи орзуе дар дил мепарварад. Чун ҳама оилаҳои суннатӣ бо пур кардани синни никоҳӣ бидуни майлу хоҳишаш ба шавҳар доданд.
Меҳрафрӯз ҳам чун дигар духтаракони деҳотӣ сабақи рӯзгори модар аз он лиҳоз бардошта, ки бо риояи виҷдону имони як зани мусулмон, итоатгару мутеъи шавҳар ва аҳли хонаводаи вай бошад. Ӯ ба умеди афрӯхтани шӯълаи муҳаббати шавҳар, иҷрои панди модар ва ҷӯёи меҳри хонаводагӣ вориди оилае гашт, ки тақдири хеш барои умре ба он пайваста буд.
«Аммо намедонистам, ки чи имтиҳони миёншикане интизорам аст, мегӯяд Меҳрафрӯз. - Аз рӯзҳои аввал, ба қавли маъмул, «ситораам ба хушдоман рост наомад». Ҳарчанд бемеҳрие дар аввал аз шавҳар эҳсос намешуд, муносибати сарди модарарӯс дар ҳама кунҷу канор «таъқибам» мекард. Баъди чанде домод чун дигар шавҳарон ба Душанбе коркобӣ рафту «муқимӣ» гашт. Ва дере нагузашта аз шумули занони «соҳибкор»-и бозор «соҳибе» пайдо карда, маро фаромӯш сохт…»
Дигар илоҷи ҷангу ҷанҷол ва сарддилиҳои шавҳарро намеёфт Меҳрафрӯз. Ҳарчанд мекӯшид, бо чизе дили мардро ёфта наметавонист. Хуштаҷрибагии зани шаҳрӣ кори худ кард ва арӯсаки навхона бо дили бирёну дидаи гирён бо фарзанди аз меҳри падар бенасиб ба хонаи волидон баргашт.
Сӯхт, на барои он ки ба қадраш нарасиданд, ба он хотир, ки маъмулан духтари тоҷикро аҷаб паршикаставу бечора тарбия мекунанд, аҷаб аз воқеияти рӯзгор бехабару аҷаб хизматгораш омода месозанд.
- Духтарони маҳаллӣ, ки чун қатраи оби зулол тозаву беолоиш ба камол мерасанду даҳ панҷаашон ҳунари соҳибхонагиву кадбонугист, ҳатто пай намебаранд, ки чи маъшуқони ношудеанд. Ва бо аввалин қаробат бо зани «таҷрибадор» шавҳар аз баҳри ҳама покиву вафодории онҳо мегузарад. Таркашон мекунанд, ба хотири он ки аз ишқварзӣ бехабаранду фармонбардор, - мегӯянд имрӯзҳо бисёр касони таҷрибадор зимни баррасии мавзӯъи хонавайронӣ.
Меҳрафрӯз ноумеду сардаргум ва ҳайратзада, сар пур аз суол буд, ки ба чи гуноҳ унвони зани талоқгаштаро бо сари хаму дидаи гирён ва бе гуноҳу айбе қабул кард? Вале дар дил сар нафаровард. Охир, гуноҳе надошт. Ин ҳама айби расму таомул ва одатҳои кӯҳнашуда буданд, ки ба қавле ҳаёти ӯро «сӯхтанд».
Вале ӯ сӯхту хокистар нашуд. Баъди чанде ба худ омад. Волидон ҳам хатои хешро барои бе маълумоту бе таҷриба ба шавҳар доданаш дарк карданд. Ва Меҳрафрӯз қотеъона азми коре кард, ки қолаби тафаккури атрофиён бишканад. Бо ҳамин ният ба хондан рафт, мактаби ҳамшираи шафқатро бо сари баланд хатм кард ва имрӯз корафтодагон ҳамчун як хоҳари пуршафқату кордон мешиносанду дӯсташ медоранд. Инак, дар шаҳраки панҷуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон мудири бунгоҳи тиббист.
- Дигар орзуи шавҳар кардан надорам, хушунати хонаводагӣ аз оиладорӣ дилсардам кардааст. Мехоҳам кор кунаму собит созам, ки инсонам, паршикаста нестам. Орзуи хурдиамро амалӣ месозам, табибу ҳабиби мардумон мешавам, - мегӯяд ӯ.
Меҳрафрӯз ба ахлоқи ҳамидаву завқи хосаи касбазхудкунӣ боз 7 духтари дигари деҳоти ноҳияи Қумсангирро соҳибкасб кард. Ӯ аз зумраи раҳкушоёнест, ки баъдан дигарон аз пайаш устуворона пой мегузоранд.
Тоир Мӯъминҷонов - директори коллеҷи тиббии ноҳияи Қумсангир ба он ақида аст, ки Меҳрафрӯз тимсоли занони бовиқори кӯҳистонист. Чунин бонувонро номус пешбару раҳнамост.
Ҳ. Юсуфӣ