(Чанд андеша дар ҳошияи Рӯзи театр)
«Миллате, ки касодии маънавӣ дорад, ҳеҷ гоҳ бой намешавад» – мехонам дар асаре ва даҳшат вуҷудамро меларзонад. Насли ман имрӯз танҳо бо ифтихори гузашта рӯз мегузаронад. Коҳиши маънавии афзоянда ба як чизи муқарарӣ мубаддал мегардад. Аз ҷумла санъати касбии мо дар сатҳи ҳофизони тӯйгард қарор мегирад, ҳаҷв дар сатҳи кӯчагисту агар гурӯҳи пастзавқеро бихандонад, аксариятро мегирёнад, театру кинотеатрҳо холиянду билети консертҳои «соҳибдорон» танҳо барои қишре дастрас, толори тамошобини чандҳазорнафараро як ҳофизаву ҳофизчаи ҷавон то ду соат интизор мекунаду баъд тамошобини бо «телатумбак» даромада «ғизои маънавӣ» мегирад. Камии маош ҳунармандро хору беҳунарро «бозоргир» кардааст, драматургу драматургия надорему актёрҳо пир, ҷавонони дипломхарида беҳунаранд. Тӯли чанд соли охир як асари саҳнавие надорем, ки аз як миллати 7 - миллиона 70 касро ҷалб созаду театрҳои сарду тираву холӣ дар «фарёд»-анд, мардум ба ин даргоҳҳои замоне инсонсоз намеравад, адибон асари хонданӣ намеофаранду шоирон мадҳиягӯӣ мекунанд… Хуллас, чарову чунҳои зиёди беҷавобу ҷавобдорамон бешумор, вале гоҳи лофу газофи фарҳангӣ дар ҳаври даҳонамон гӯшт кабоб мешаваду устухон дармегирад, вале он лофҳои классикӣ аз гузаштаанд, гузаштаи дур.
Мегӯянд, ки иқтисоди бозоргонӣ бераҳм асту давр - даври сарватмандон. Дар кадом давр ин гап набуд? Дар таърихи миллати мо ёдгори монданӣ боз ҳамон адабиёт аст. Қисме аз фарҳангамонро дигарон аз мо рабурдаву қисматеро худ хор кардем. Дӯст медорем, ки мурдагонро бештар бипарастему ба қадрашон бирасем ва ангушти надомат бигазем, ки «вой». Вале ёде аз чанд бузургзиндаро ор медонем. Ва боз ҳамон иштибоҳеро такрор мекунем, ки чанд рӯз қабл даркаш карда будем. Чаро?
Пора-пораему дарди маҳал мекушадамон, вале кӣ ёд дорад, ки ягон консерту ҷашну фестивалу озмунҳоямон бе таъкиди маҳал гузарад? Гӯё, агар сараввал бо навои рубоби бадахшӣ рақси сафедпӯшони помирӣ, аз Бадахшон хотиррасон накарда, бо чакани кӯлобӣ ишора ба Хатлон ва бо шашмақому атлас шимоли кишварро таъкид насозем, мемирем!
Кай ин поратақсимбандиҳои мустаҳкамкунандаи стереотипи ҷудокунандаи шимолу ҷанубу шарқу ғарби кишвар аз зеҳни басаҳнагузорандаҳомон меравад? Номаълум. Вале бояд рӯзе садои баланде ин номаъқулии онҳоро ошкор сарзаниш кунаду ин қолаби нозебро бишканад. То дар оғозу анҷоми консертҳои якрангу дилбазани «давлатӣ» бо намоиши рақсу суруду саҳнаҳои таъкидгари маҳалҳоямон бори дигар аз беҳунариву безавқии хеш «ифтихор» накунем.
Театр холист… Кӣ гунаҳгор? Албатта, тамошобин не. Шояд набудани завқи баланду ҳунари воло ва асари ҷолибу инъикоскунандаи воқеияти зиндагӣ?
Агар саркоргардони ин ё он маҳал дар нақши асосӣ ҳатман ҳамшаҳрии худашро оварда намонад, агар аксари иҷрокунандагони нақшҳои марказӣ маҳз маъшуқаҳо набошанд, агар аз хами як кӯча берун равему истеъдоди воқеиро биҷӯем, бубинем, эътироф ва дарку арҷгузорӣ намоем, тамошобин дари кинову театрро канда медарояд!Оё шумо ҳамон модари сафедпӯшеро, ки бо овози марғуладори мутантани қариб, ки мардона «Мааннн, модарррам» - гӯён тундарвор гулдуррос мезанад, боре дар ҳаёти воқеӣ дидаед? То зимни намоишҳои Рӯзи модар, очаҳотоянро ёд оварда, чашмпуроб шавед.
Оё шумо ҳамон қудоҳоеро, ки ҳанӯз нақши қалинфармоиро ҳунармандони театр чун дар солҳои 60-70-и асри бист меофаранд, мешиносед? Тамошо кардан мехоҳед чунин спектаклро? Оё ҳамон ҷастухез ва доду фарёди актёру актрисаҳои пиреро, ки нақши зани имрӯзи бозоршинро бо ҳаёҳӯи ноҷо, хандаву ҳаракатҳои беҳунарона ва аз ҳақиқати ҳаёт садҳо фарсах дур «иҷро» мекунанд, пул дода, дар толори хунуки театр дидан мехоҳед? Ва фарзанди шумо, ки аз боғча, аз мактаб, аз донишкада ва ҳатто аз корхонаву ташкилот бо билетхариҳои маҷбурӣ ба театр мебарандаш, боре тавсияатон додааст, ки намоиши дидаашро ҳатман шумо ҳам рафта бинед? Не! Зеро он ришу саллаҳои хандахариши актёрон ва он доду ғиреви ноҷои актрисаҳо дар ҳаёти воқеият на дар ягон замон буданду на имрӯз таваҷҷӯҳи касеро ҷалб мекунанд. Ва театр холисту холӣ мемонад, то рӯзе холӣ мемонад, ки ҳунармандона инъикосгари ҳаёти воқеии имрӯз ва эҳёгари дунёи дирӯзи мо нагардад.
Охир, вақте ки актёрони театр як намоиши телевизиониро бахшида ба ҷашнашон «гарм» карда наметавонанд, пас чӣ хел бояд интизори тамошобин шаванд? Бубахшанд, аксарашон самимӣ нестанд. Гоҳе ки нафаре аз онҳо дар саҳна наъра мезанад, ки: «Ээйй Яздони поок!!!», кас гиребон мегираду тавба мекунад – охир, касе ба Худованд чунин бонг намезанад.
Оре, имрӯз театр завқи бадеии замонро қонеъ намесозад. Вале мунаққидони соҳа бо жожхоиҳои дерина машғуланду ҳарфи мушаххасе надоранд. Хотир мебинанд, ба ҳамдигар тамаллуқ мекунанд. Имрӯз драматург ҳунари инъикоси воқеияти рӯзгорро надорад. Метарсад. Ку аcари зиндаи саҳнавӣ, ку мушкилоти инсони асри 21 ва ё бозёфти ӯ, ки қобили таваҷҷӯҳ бошад?
Мегӯянд санъат набояд ба сатҳи омма фарояд, вале кӣ бояд инро назорат кунад? Ку нақши Вазорати фарҳанг?
Ҳоло ҳам консертҳое, ки бо ширкати Президенти мамлакат бахшида ба ҷашну чорабиние хос доир мешаванд, иборатанд аз забонзадатарин суруду мусиқиву ҳунармандони «дежурный». Гурӯҳи «хос»-е, ки ҳатто барои эҳтироми худ гоҳ-гоҳ суруди наве эҷод накардаанд, «маҳфилоро»-и чунин нишастҳоянд. Кор то ҳаддест, ки ҳамон ҳофизон бо рӯз баъди итмоми ҷаласа дар толор месароянд, бегоҳӣ дар зиёфати ҳамин аҳли нишаст боз ҳамон суруду рақсҳояшонро такрор мекунанд. Оё ин шармандагӣ нест?
Мегӯянд: «Бо вабо ҳам зистан мумкин». Бе консерту театр ҳам кас намемурад, вале Маркс беш аз як аср пеш гуфта буд, ки «Зиндагӣ бе меҳнат дуздист ва бе санъат ваҳшигӣ». Менолем, ки завқи мардум паст аст, вале намегӯем, ки кӣ онро паст кард? Санъати имрӯза ҳамон «массовикҳо»-е шудаанд, ки режиссёре дар ягон ҷашне дар стадион бо масрафи пули ҳангуфте тайёр мекунад. Гоҳо операторони беҳунари мо мактаббачагони кӯфтаву шалпар ва бехушу беҳунарро нишон медиҳанд, ки бо дили нохоҳам аз як кунҷи стадион ба дигараш медаванд. Хаставу лакот, чандин моҳ аз дарс мондаву дар офтоби сӯзон гушнаву ташна машқ кардаанд, то ки имрӯз як бор онҳоро тамошо кунанд. Сару либос, мӯву қошу абрӯ гулу байрақу сабаду доираву кадуву… Шояд бо маблағи ҳар яке аз ин чорабиниҳо корхоначае бунёд кардан мумкин бошад?
Чаро ин рахнаи миёни санъати аслӣ ва мардумро касе пур карданӣ нест? Охир, рисолати асосии Вазорати фарҳанг парвариши завқҳо ҳам ҳаст, на консертҳои «оммавӣ». Ҳар рафтор дар натиҷаи машқ суфтаву хуб мегардад. Пас завқи инсонҳоро бо санъати асилу мондагор бояд машқ дод.
Хушбахтона, адабиёти қавии чандасраи мо ва то андозае журналистикаи имрӯз (ТВ, матбуот, радио, интернет) каме холигоҳи театру санъатро мепӯшонанд, вале фардо чӣ?
Шояд таҷрибаи талхи 70-сола, танбалии аксари мо, ки сохти шӯравӣ дар ниҳодамон ҷойгираш кардааст, насли баъдии моро ҳушёр кунад, то дигар ҳунарманд аз пушти нонкобӣ неву сайқали ҳунараш бошад? Театр, ки то имрӯз чун анъана қабул нагашт, айбро дар худ биҷӯяд?
Мегӯянд касби актёрӣ яке аз хатарноктарин шуғлҳост, зеро эҳсосоти ҳар як қаҳрамонро актёр бояд аз вуҷуди худ гузаронад. Яъне, гоҳе Азроил бошаду гоҳе ошиқ. Гоҳе модар бошаду гоҳе маъшуқа, гоҳе қотил гардаду лаҳзае ҳазрати Исо. Ва оё мо чунин ҳунарманд дорем, ки бидуни андешаи дарёфти роҳи ҳалли мушкили рӯзгор, танҳо дар фикри чунин нақшҳои мондагор бошад?
Кай миллате мешавем, ки ифтихорамон аз ҳунару фарҳанги имрӯзаамон бошад, на аз қаъри асрҳо? Кай насле мешавем, ки қашшоқии фарҳангиву маънавиаш зиёни чандин садсолаҳо нагардад? Кай маънаван бой мешавем?
Ҳ. Юсуфӣ