Шояд ки барои шумо чеҳрааш ошно бошад. Шояд ки дар кӯчаҳои шаҳр борҳо бо ҳамон «саманд»-и оҳанининаш дидаед. Шояд шуморо низ ба манзил расонида. Вале медонед, ки ӯ худ як дунёст?
Қаҳрамони мо Хосият Ҳамидова ном дораду зодаи ноҳияи Ваҳдат аст. Аз оилаи оддии коргар баромадаву тарбияи оддии деҳотӣ гирифта. Бо ин бонуи хушсухану чеҳракушод ҳангоми иҷрои вазифааш вохӯрдам, яъне ки дар роҳ. Наздики шом буду шитоб доштам, то дер намонам. Таксиеро манъ кардам, нархи осмонӣ гуфт. Боз дар роҳ интизор мондам. Мошини дигаре омаду наздам истод:
- Аз чеҳраат фаҳмидам ки саросемаӣ, бишин, - гӯён ронанда дари мошинашро кушод.
Нигоҳ кардам - як зани миёнасоли хандонрӯ сари чанбари мошин нишаставу маро даъват мекунад.
– Бо чанд сомонӣ мебаред? – якбора суол кардам.
- Шин, - омирона гуфт зан ва ман низ итоаткорона нишастам. Баъдан бо табассум гуфт: - Чӣ қадаре ки тавонӣ, духтарам.
Ҳайрон шудам ба ин ҳиммати мардонаи як зан.
Мошин сабук ба ҳаракат даромад. Гӯё мефаҳмида бошад, ки ихтиёраш дар дасти як бонуст, ором ва муназзам ҳаракат мекард. Маълум, ки ронандааш касбисту кордон. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту оҳиста-оҳиста бо ӯ дар сӯҳбат шудам. Аз касби интихобнамуда, аз фаъолияти ҳаррӯза, аз зиндагиву масоили он ва боз… суолҳояш додам. Чашм дар роҳ оромона посух мегуфт.
Оғози роҳ
Хосият Ҳамидова чун як духтари оддии деҳотӣ бо розигии волидон ба шавҳар баромад. Шавҳараш низ коргари оддӣ буд. Соҳиби 3 тифли дӯстрӯ гардиданду ҳанӯз иҷора менишастанд. Чунки манзиле барои зист надоштанд. Ночор дар яке аз мағозаҳои шаҳр ба сифати фурӯшанда ба кор даромад, то дар таъмини оила кӯмаке ба шавҳараш намояд.
- Рӯзе дар мағоза пайи кори ҳаррӯзаам будам, ки ронандаи таксие вориди мағоза шуд ва чизе пурсида ҷавоб гирифту якбора ҷонибамон дӯғ зад, ки «шумо кори осона ёфтагӣ, ҳамин ҳам кор шуду… пули бедарди миён мегиред… Ман барин ронанда шавед, баъд мефаҳмед!» Ҳамон рӯз ба худам қавл додам, ки бояд ронанда шавам ва исбот кунам, ки пули бедарди миён намехӯрам. Ин моҳи январи соли 1974 буд. Фардояш ҳуҷҷатҳоямро ба ДОСААФ бурда супурдам ва пас аз 6 моҳ соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гаштам. Тасодуфро бинед, ки бо ҳамон мард дар як базаи таксиҳо ҳамкор шудем. ӯ ба қавлу иродаи мардонаи ман тан дод, - бо табассум ба хотир меорад Хосият.
Аз ҳамон вақт ӯ ронандаи таксист. Аз кор ҳаросе надорад ва баръакс ҳамеша кӯшиш мекунад ки мушкили касеро осон гардонад. Акнун синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, дилаш қарор намегирад. Боз ҳам дар роҳ асту дар роҳ…
Рафиқи роҳ
Дар зиндагӣ ҳамеша кӯшиш намудааст, ки бо ризқу рӯзии ҳалол фарзандонро ба камол расонад. Осон нест барои як зан ҳамеша сари чанбари мошин будану шабонарӯз дар роҳ хизмат кардан. Имрӯз шукргузор аст, ки маҳз тавассути меҳнати ҳалол ҳам соҳиби манзил гаштаву ҳам фарзандонро ба камол расонида соҳиби оила намудааст.
- Барои ҳамааш миннатдор аз ҳамин аспи оҳанини худам ҳастам, - бо ханда мегӯяд Хосият-апа. - Агар ӯ бемор шавад, ман ҳам беморам…
Воқеан, бештари вақт ӯ мошинашро худ таъмир мекунад. Фаъолияти 36 солаи ронандагӣ барояш ҳама ҷузъҳои мошинро ошно гардонида.
- Дӯсташ медорам, мисле ки фарзандам бошад. Ҳарчанд ки моли замони шӯрависту бисёриҳо аз ин гуна мошин рӯ тофтаанд, - бо меҳр ба рафиқи роҳаш – «Жигули»-и хеш нигариста мегӯяд апаи Хосият.
Ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки шумори мошинҳо дар кӯчаҳо ангуштшумор буданд, ӯ ба роҳ мебаромад.
- Ҳарос доштам, аммо шавқи дил оромам намегузошт, мошинам маро ба худ мекашид, - мегӯяд ӯ.
Дар он солҳои ноором низ бисёр касонро ба манзил расонидааст. Танҳо як сухани миннатдорӣ, як нигоҳи пурмеҳр барояш кифоя буд. Имрӯз бошад, шукрона аз он дорад, ки тинҷӣ асту амонӣ ва шабонарӯз озодона мардум дар кӯчаҳо мегарданд. Ба қадри ин неъмат бояд бирасем. Аз зиндагӣ розист ӯ, аммо як суханро чандин маротиба ба такрор мегуфт, ки чаро мардум нисбат ба ҳам бемеҳр шудаанд – баъзан на дар ронанда дилсӯзиву инсофро мебиниву на дар мусофир
Дод аз дасти нохондаронандаҳо!
- Пеш аз ҳама, мехоҳам кӯмаки худро ба бонувон расонам, - мегӯяд қаҳрамони мо, - Чунки аксар муштипар ҳастанд ва бисёр вақт дастнигари шавҳар. Шояд ки маблағи зарурӣ надоранд, вале ночоранд. Барои онҳо кӯшиш мекунам ҳарчӣ арзонтар ва ҳатто баъзан бемаблағ хизмат расонам. Аслан нарх намегузорам…
Солҳои пеш осонтар буд чунки ҳама қоидаҳои роҳро медонистанд ва риоя мекарданд. Аммо имрӯз ронанда будан дучанд хатарнок аст ва боиси ин хатар нохондаронандаҳоянд. Имрӯз қоидаҳои ҳаракат дар роҳро на ҳама медонанд ва ҳамон медонистагиҳо низ на ҳама вақт риоя мекунанд. Чашми милисаро хато кунанд, тамом. Гӯё ки қоида танҳо барои дар назди милисаҳо рондан бошад. Аз ин сахт ба ғазаб меоям…
Хушҳолам, ки акнун бонувони зиёди ронандаро мебинам. Кош боз ҳам сафашон бештар гардад, чунки занҳо дар роҳ эҳтиёткортар ҳастанд.
«Шумо генералед!
- мегӯянд ба ӯ нозирони роҳ, - генерали касби худ» ва ҳамеша бо табассум ҷавобаш медиҳанд.
- Маро қариб ки ҳама нозирони роҳ мешиносанд, - бо ифтихор мегӯяд апаи Хосият. – Охир, кам не, 36 сол боз дар роҳам!
- Фарзандон чӣ мегӯянд? – пурсон мешавам аз ӯ.
- Росташро гӯям? Фахр мекунанд! Аммо нахостам, ки пайи касби ман раванд, чунки медонам, ки ин касби душвор аст ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Роҳ ҳамеша хатар дорад ва ман, ки модарам, дилам нашуд. Шукр, ки имрӯз ҳар кадом оилаи обод дораду соҳиби кори мувофиқ аст. Аслан аз зиндагии имрӯза гилае надорам, аммо аз як чиз норозиям. Аз нафақае, ки барои меҳнатҳои карда мегирам – дар баҳои 36-сола меҳнат ҳамагӣ 95 сомонӣ! Рости гап, ба ягон ҷо шикоят набурдааму акнун ба Шумо мегӯям-да…
Боз ба роҳ
Ӯ, тибқи одат, сари субҳ назди «саманд»-и оҳанинаш меояд. Ҳарчанд ки синну солаш ба ҷое расида, ҳарчанд ки фарзандонаш намехоҳанд, боз ҷои дӯстдоштаашро ишғол менамояд, чунки бе кор наметавонад. 63 сол дорад апаи Хосият, вале дили ҷавону пур аз меҳри касб водораш месозад, ки боз сари чанбараки мошин нишинад. Боз барои нафареро ба манзил расонидан, мушкилеро осон намудан ба роҳ мебарояд…
Моҳшарифи Холиқ