КАМПАЛ
Ҳангоми интихоби кампал ҷойҳои қатшудаашро бодиққат аз назар гузаронед. Намадак ё каму беш хӯрда шуданаш далели пастсифатию бедоштии кампал аст, яъне он тез фарсуда ва корношоям мешавад.
Агар кампали пашминаро интихоб карданиед, эҳтиёт намоед, ки қалбакӣ набошад.
Пашмина дар ҷаҳон бо нафисию мулоимӣ машҳур аст. Онро аз пашми бузи ҳимолоӣ, ки маконаш баландии 4-5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр аст ва дар он ҷое ҳарорат аз -10 боло намешавад, мегиранд. Табиат ба ин буз пашми нодиртарину маҳинтаринро ато кардааст. Тори пашмина 15 микрон (тори мӯйи одамӣ - 75 микрон) аст. Мавҷудияти пат шоҳиди пашми пашминаро бо пашми ангорӣ ё мохер (тибит) иваз кардан аст.
Беҳтарин кампал, яъне кампали классикӣ он аст, ки таркибаш 30 фоиз абрешим ва 70 фоиз пашм бошад. Ҷилои беҳади кампал нишони дартаркибаш зиёд будани абрешим аст.
Таҳияи Амрбӣ Султонова