Борҳо мушоҳида кардаем, ки дар маҷлисҳои корӣ ё нишастҳои расмӣ аксаран мардуми мо хомӯширо авло медонанду ҳамеша ба гуфта, ё пешниҳоди шахси суханвар ё роҳбар, агар мухолиф ҳам бошанд, бо сукут посух медиҳанд. Мисле ки сукут аломати ризост ва ҳатто намехоҳанд, ё шояд ҳарос доранд, ки назари худро пешниҳод намоянд. Агарчӣ он ҳама ба мову ба кору фаъолияти мо бевосита дахлдор аст, ҳамин гуна оромонаву хомӯшона, бо шунидани суханҳои танҳо як нафар (шояд роҳбар, ки ӯ ҳам масъулияти хешро расман иҷро мекунад) ҳазорҳо маҷлисҳо ҷамъбаст шудаву ҳазорҳо қарорҳо баромадааст. Чаро мардуми мо хомӯширо дӯст медоранд? Албатта, хомӯшона гӯш кардан хуб аст, аммо дар мавриди зарурӣ сухан нагуфтан ҳам камоли бефаҳмист. Аз ин ҷост, ки борҳо ба ноадолатиҳо чашм мепӯшему зуд-зуд мавриди истифодаи дигарон қарор мегирем. Аммо боз ҳам хомӯшем. Дар баёни андеша оҷизем, ё аслан андеша надорем?
Эҳтиром даҳонҳоро баста
Аз замони пайдоиши нажоди ориёӣ то кунун як системаи муайяни тарбия амал мекунад. Ин, пеш аз ҳама, эҳтироми калонсолон ва пеши онҳо ҳатман хомӯш будан ва ё сухан накардан, ҳатман гапи онҳоро гӯш додану аз рӯи он амал кардан аст. Назди калонсолон сухан гуфтан ё ба сухани онҳо эрод гирифтан, ҳатто агар он масъалаи ҳаётиву шахсии худи мо низ бошад, аз нигоҳи мардум нишони беэҳтиромист. Аз тарси он ки гап задани мо назди калонсол нишони беҳурматист, мӯҳри хомӯшӣ ба лаб мезанему сукут меварзем ва ана ҳамин сукут варзиданҳо таъсири сахте ба инкишофи фикрронии мо мерасонад, ки баъдан дар ҳолатҳои зарурӣ, ё сари масъалаи зарурӣ фикри шахсии худро надорем, яъне ки майнаҳо хоб мераванд, хоби тӯлонӣ. Дар ҳақиқат, эҳтироми калонсолон барои ҳар фард воҷиб аст ва мо низ зидди ин нестем. Аммо кист, ки дар зиндагӣ дар ҳалли масъалае хато накунад, ҳатто калонсолон низ, ки ҳама чизро аз диди худ мехоҳанд ҳаллу фасл намоянд ва ин мустақилияти моро маҳдуд ва худи моро тарсу месозад. Тавре Салоҳиддин Амонӣ - котиби илмии Пажуҳишгохи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Точикистон мегуяд : «Аз ҳад зиёд эҳтиром кардан моро камгап кардааст. Ҳанӯз аз хурдӣ талқини хомӯш истодан назди калонсол ё аз рӯи гуфтаи ӯ ҳатман амал кардан моро карахт ва фаъолияти фикррониамонро маҳдуд сохтааст. Сабаби дигар таъкидҳо ва ё ба даҳони кӯдак заданҳост. Дар хонавода агар кӯдак ба андешаи мо розӣ набошад ва фикри худро бигӯяд, ӯро ё гӯш намекунем, ё ҳатман ба даҳонаш мезанем ва таъкид мекунем, ки «гӯш кун, одами калон гап мезанад». Ин маҳдуд кардани мустақилияти кӯдак аст. Агар аҳамият бидиҳед, дар оила кӯдаки хомӯшу камгапро бештар дӯст медоранд ва ҳамин хомӯшии ӯро волидон таъриф ҳам мекунанд ва ин кӯдакро боз ҳам хомӯштар месозад».
Миёни мардум беҳуда ин гуфта маъмул нест, ки кӯдаки андаке шӯх ояндаи хуб дорад…
Ҳарос аз мустақил
Муҳимтарин василаи пешрафти инсон мустақил будани ӯ ва доштани афкори шахсист. Пас, чаро ин хусусияти бисёр муҳимро ҷавонони мо камтар доранд? Равоншинос Сайфиддин Расулзода дар ин маврид ба ин назар аст, ки: «Ин сифати инсониро ҳанӯз дар кӯдакӣ маҳдуд месозем. Яъне ҳанӯз аз хурдсолӣ мо ба кӯдак имкон намедиҳем, ки дар қабули қароре, ҳатто қарори бисёр ҷузъӣ ва ночиз ҳам, мустақил бошад. Мисоли оддӣ меорам: барои мактаббачаҳо либосҳои гуногуни мактабӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва мо аз диди худ ва бо хости худ барои кӯдакамон либос мехарем. Фикри ӯро ба инобат намегирем ва ҳатто намепурсем. Ҳол он ки кӯдак метавонад аз миёни чандин либос якеро бо хости худ интихоб кунад. Ин алаккай исботи он аст, ки мо мустақилияти ӯро маҳдуд месозем».
Воқеан, аз мост, ки бар мост. Борҳо аз забони калонсолон шунидаем, ки гила аз номустақилӣ ё ноуҳдабароии фарзандони алаккай баркамоли худ мекунанд. Айбу гуноҳро бояд ҷойи дигар не, дар худ, дар тарбияи худ биҷӯем. Ин бозгӯи ҳамон масали маъмулист, ки химчаро дар тариаш…
Ё ҳолати дигар. Хеле зиёд мушоҳида мешавад, ки агар дар оилае проблема ё масъалае пайдо шавад, ки бевосита ба худи кӯдак тааллуқ дорад, мутаассифона дар ҳаллу баррасии он андеша ва афкори кӯдакро намепурсем. Яъне, аз диди хеш масъаларо ҳал менамоем. Ба ақидаи равоншинос Сайфиддин Расулзода: «-Чунин муносибат боиси он мегардад, ки фарзанди мо дарки мустақилият намекунад ва ҳатто оҳиста-оҳиста аз мустақил будан метарсад, яъне ҳангоми қабули қароре ё иҷрои коре бо диду тафаккури хеш ба хулосае омадан ва ё дар баёни андешааш меҳаросад. Зеро муносибати волидон ба ӯ таассуроте бахшидааст, ки мустақилона аз ӯхдаи ҳалли ягон масъала баромада наметавонад. Ин чиз боиси худбаҳодиҳии пасти кӯдак мешавад . Аммо агар ба наврасон, ки айёми шаддиди бӯҳрони синну солро аз сар мегузаронанд, маҳдудиятро дар ин маврид раво бинем, боиси эътирози сахташон мешавад ва метавонанд бо хости калонсолон кор кунанд, аммо боэътироз ва ё барқасдона, ки оқибати хуб надорад.
Маҳдуд кардани мустақилият дар мардуми мо ҳатто дар синни калонсолӣ дида мешавад. Фарзандоне, ки аллакай баркамол, соҳиби оила ва ҳатто дар ҷомеа соҳиби мақоми баланданд, дар масоили оилавӣ мустақил нестанд ва ҳатман бо фикри волидон масъаларо ҳал мекунанд. Ин шояд аз як ҷониб хуб бошад, аммо аз ҷониби дигар волидон наметавонанд, ки як умр болои сари мо бошанд ва рӯзе мерасад, ки мустақилона масъалаеро ҳал кардан бароямон пеш меояд ва он замон шояд аз ин мустақилӣ ҳароси сахте дар диламон пайдо шавад.
Кӯдакони хаппак ё тарсу?
- Кӯдак низ шахс аст, - мегӯяд мудири боғчаи рақами 20-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муҳаррам Қурбонова. – Вай низ, ҷисман хурд ҳам бошад, ба фикрронӣ қодир аст. Аммо волидон хеле кам имкон медиҳанд ба кӯдакон, ки фикри худро бигӯянд.
Воқеан, бисёре аз волидон мехоҳанд барои фарзандони худ тарбияи сахте ҷорӣ намоянд ва танҳо ҳамин барои ояндаи кӯдак аз нигоҳи онҳо дурусту муҳим аст. Бештари вақт кӯдакони шӯхро ҷазо медиҳанд. Аммо, мутаассифона, ин на ҳамеша дуруст аст, чунки мо мустақилияти ӯро, қобилияти андеша ва фикрронии ӯро маҳдуд месозем. Дар натиҷа хислати ӯ дигаргуна мегардад ва фарзандамонро бо дастони худ як кӯдаки сархаму хаппак ва ҳатто тарсу мегардонем.
- Ин гуна кӯдакони тарсу ва хаппак хеле зиёданд ва чунинҳоро борҳо ба боғчаи мо овардаанд. Баъзан худи волидон аз «тарбия» ва ё сахтгириҳои беандозаи худ пушаймон шуда, хоҳиш мекунанд, ки фарзанди онҳоро аз ин ҳолат барорем, - меафзояд Муҳаррам Қурбонова. - То синни 3-солагӣ мо пурра кафолат дода метавонем, ки ин гуна кӯдаконро мураббияҳои боғча метавонанд аз ин ҳолати бӯхронӣ берун оранд, албатта, бо дастгирӣ ва ҳамкории волидон. Борҳо ба волидон таъкид мекунем, ки ҳатман ба суолхои кӯдак бояд посух дод, ӯро бо ҷомеа, бо табиати зинда, бо он чизе, ки моро иҳота кардааст, ошно кард. Ӯро пеш аз ҳама бояд гӯш кард. Зеро майнаи сари кӯдак мисли коғази сафед аст, ки бо мушоҳида, тарбия ва фаҳмондадиҳиҳои мо пур мешавад.
Агар дарки волидон боло бошаду сари вақт ин хатои кӯчаки худро, ки баъдан боиси нокомиҳои бузург мегардад, бифаҳманду ислоҳ бисозанд ва кӯдакро ба ҳолати муқаррариаш баргардонанд, ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои ояндаи фарзандашон хеле муфид аст. Агар не, пас чунин кӯдакон ҳатто ҳангоми калонсолӣ низ наметавонанд мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намоянд ва ё ақаллан андеша ё назари шахсӣ дошта бошанд. Ё, ба қавле, онҳо наметавонанд, ки «ман»-и худро соҳиб бишаванд. Метавон ба хулосае омад, ки ҳанӯз аз хурдӣ даҳону майнаи моро нофаҳмида қулф мезананду калидашро гум мекунанд ва баъдан ёфтани он душвор мешавад...
Зуроварӣ ё…
Тавре, ки ишора кардем, худи волидон дар мустақилияти кӯдакон монеаҳое эҷод мекунанд, ки дар натиҷа онҳо камгап, хомӯш ва карахт мегарданд. Мутаассифона, таъсири он то охир, то баркамолии инсон мемонад ва аз ин ҷост, ки мардуми мо аксаран ботаҳаммул асту сабур ва ҳарчанд ба сараш санги маломат резанд ҳам, хомӯш менишинад ва барои дифоъи худ, барои ҳимояи ҳуқуқи худ баъзан ҳатто лаб во намекунад. Ин ҳама маҳдудиятҳо, гӯш накардани кӯдак ва ба даҳони ӯ заданҳоро метавон зуроварӣ бар кӯдак номид. Салоҳиддин Амонӣ боз ба ин назар аст, ки: «-Ин ҳамон меҳри волидайнист, эҳсоси соҳибӣ ба фарзанд аст ва онро наметавон зуроварӣ номид». Бале, ин ҳамон меҳр аст, ки мо мехоҳем пайваста, дар ҳама кор фарзандонро ҳамроҳ бошем, то мабодо ҷое хато накунад, азоб накашад. Ҳама дарду ҳама ранҷро ба дӯши худ мегирем ва фикр мекунем, ки ин ҳама ба манфиати ӯст ва ӯро озод мекунем аз ҳама гуна кор, ҳатто аз андеша кардан низ… Мутаассифона, ин на ҳама вақт ба манфиати фарзандони мост. Ва боз кам нест ҳолатҳое, ки чун «гапро нафаҳмид», ба кӯдаки табиатан шӯхе, ки мехоҳад аз ҳама чиз огаҳ бошаду ҳама корро худ кунад, даст мебардорему метарсонем. Сайфиддин Расулзода мегӯяд, ки: «- Мушт бардоштан ба кӯдак алаккай зуроварист, зуроварӣ ба фарзанд, ки мутаассифона дар оянда таъсири он ба худи мо низ мерасад. Чун фарзанд ояндаи худи мост».
Тарбия ҳаргиз осон набудааст. Ҳар як хатои мо оянда ба сари худамон меояд. Мавриди хушбахтист, ки 5-6 соли охир ҷавонони мо фаъолтар гаштаанд ва сари ҳар масъала андешаи худро доранду озод баён мекунанд. Онҳоро гӯш карда тавонистану рӯхбаланд намудан лозим асту бас, чун ин худ нишони тарбияи хуб ва ояндаи неки миллат аст.
Моҳшарифи ХОЛИҚ