Донишманди тоҷик Рустам Назаров бар он аст, ки оила оинаи ҷамъият эътироф гаштаву дар ҷомеаи имрӯз ду майлон дорад: нахуст майлони манфӣ, яъне гирифтори мушкилоти зиёди ҳалталабест, ки ҳолашро хеле ҳам бад кардаанд. Дувум майлони мусбӣ, яъне он тағйироте, ки оиларо дар замони муосир ба рушд мерасонад.
Мавсуф масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, кӯчбандии халқиятҳои гуногунро аз Тоҷикистон, набудани ҷойҳои кориро, ки бар асари касодии иқтисоди кишвар ба миён омадааст, аз шумори он масоиле медонад, ки аҳволи оилаву оиладориро танг кардаанд. Мусаллам аст, ки танҳо масъалаи ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтани зиёда аз 1 миллиону 210 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба оиладории тоҷикон беасар нест. Ҳарчанд имрӯз аксаран муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти иқтисодии оилаҳоро ҳал мекунад, манфиати он аз зарараш камтар нест.
Тибқи омори бақайдгирии никоҳ дар Русия гӯё 701 ҳазор мардони тоҷик дар ин кишвар оила бунёд кардаанд, яъне, ҳамин қадар духтари тоҷик имкони оиладор шуданро аз даст додааст.
Ва агар аз як миллиону дусаду даҳ ҳазор муҳоҷир панҷоҳ фисади он ҳам оилаҳои худро ҳифз кардаву бо онҳо робитаро наканда бошанд, тақрибан дар 600 000 оила мард ё падар дур аз зану фарзандон аст. Ва оё ҳамин миқдор оилаҳои ба қавли тоҷикӣ «бесарвар»-ро метавон аз нигоҳи тарбия, ахлоқ ва ё баҳравар будан аз меҳру муҳаббати падар, ки дар низоми оиладорӣ чизи хеле муҳим аст, комил шумурд?
Оё ҳамаи модарони шашсад ҳазор оила аз ӯҳдаи тарбия, бо таълим фарогирӣ, хӯронидану пӯшонидани фарзандон, ки шумораи онҳо дар ҳар як оила ба ҳисоби миёна 4-5 нафар аст, мебароянд? Пас ин мушкилоти ахлоқиву равонӣ ба оиладории тоҷикӣ, ки то замони начандон дур пояҳои мустаҳкаме дошт, чӣ зарбае мезанад? Ин аст, ки имрӯз бархе аз кӯдакон ба таври стихиявӣ, аз рӯи дид ё таҷрибаи на чандон дурусти модарони камсаводи хеш тарбия мегиранду мо боз дар таҳайюр мешавем, ки чаро фарҳанг ё ахлоқи ҷомеа коста шудааст.
Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки имрӯз хусусияти патриархалии (падаршоҳӣ) оилаҳои тоҷик шикаста шуда, қолабҳои дигари оиладории барои мо бегона ногузир ҷойи онро мегирад. Агар дар солҳои аввали баъди ҷанги шаҳрвандӣ аксари занон рӯ ба тиҷорат ва бозорнишинӣ оварда, собит карда бошанд, ки таъмингари иқтисодии оила буда метавонанд, бо рушди рӯзафзуни муҳоҷирати меҳнатӣ боз ҳам собит мегардад, ки занон сарварии оиларо ҳам ба даст гирифтаанд. Албатта, дар оилаҳое, ки мардон дар муҳоҷирати меҳнатианд, қабулкунандаи ҳама гуна қарорҳо бонувонанд. Ва баъдан кӣ кафолат медиҳад, ки дар оилае, ки мард батамом аз муҳоҷирати корӣ баргаштааст, ба ӯ мавқеи аввалааш дода мешавад? Як хешамон аз ноҳияи Ҳамадонӣ шикоят кард, ки писараш аз Русия ба мӯҳлати ду моҳ ба хонааш омадааст. Ҳамсараш дар моҳи аввал базӯр тоқат кардаву як моҳи охирро бо ҷангу ҷанҷол гузаронидааст ва мудом мегуфтааст: «Кай меравад, ки ҷонамон аз калонгарияш халос шавад!» Ин ҷо рӯшан аст: ба зане, ки 8-10 сол бе «хӯҷаинӣ»-и шавҳар зиндагӣ мекунад, дигар фармонфармоии ӯ хуш намеояд. Ва он зиндагии «озод»-е, ки имрӯз аксари мардони муҳоҷир ба зану духтаронашон додаанд, ба хислатҳои онҳо бетаъсир намемонад. Дигар падар ё шавҳаре, ки чун сарвари хонадон рафтор карданӣ мешавад, аз ҷониби аъзои оила қабул намешавад. Пас дере нагузашта шикасти падаршоҳӣ дар чунин оилаҳо амри муқаррарӣ гашта метавонад.
Пояҳои оиладории тоҷикро аз як тараф муҳоҷирати меҳнатӣ суст карда бошад, мушкилоти дар ҷанги шаҳрвандӣ талаф ёфтани ҷавонони синни никоҳӣ, афзудани дузанагӣ, нашъамандӣ, касодии иқтисод ва коста шудани ахлоқи як қисмати насли ҷавон низ ба он зам шудааст, ки зарбаи ҷонкоҳест ба оиладории мо. Аз ҷониби дигар ҷаҳонишавӣ, истифодаи Интернет, шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ, паҳн гаштани филмҳои тарғибгари фисқу фуҷур ва зӯроварӣ низ ба бақои оиладории шарқӣ беасар нест.
Як мисоли барҷастаи таъсири оиладории ғарбӣ ба оилаҳои шарқӣ аз хонадон баромадани духтарон аст. Тавре ки дар боло гуфтем, агар аз хона берун рафтани мард ба оила ин қадар таъсири манфӣ дошта бошад, тасаввур кунед, ки як равияи рӯз аз рӯз афзояндаи дигар – роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтани занону духтарон чӣ пайомаде ба бор хоҳад овард?
Пӯшида нест, ки тайи чанд соли охир ба шаҳри Душанбе ба кор омадани духтарон аз деҳоти Тоҷикистон як амри муқаррарӣ гаштааст. Албатта, на ҳамаи ин бонувон дорои маълумоти олӣ ва ё шуғлу касбеанд. Онҳое, ки соҳибдиплом ё ҳунарманданд, ҷойи кор ва зиндагӣ меёбанд. Нафароне, ки на касб доранду на шуурнокӣ, бешак «ҷой»-и худро дар «точка»-ҳои танфурӯшӣ меёбанд. Ва имрӯз чӣ ба пойтахт ва чӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтани духтарон ва занҳои ҷавон, ки дар синни таваллуданд, яъне репродуктивианд, корест муқаррарӣ. Пас метавон оилаи суннатии тоҷикиро, ки 20-30 сол пеш аз хона баромадани духтарро ба як ҳодисаи гӯшношунид баробар медонист, дар шакли пештара нигоҳ дошт? Албатта, не. Шояд нафаре бар ин ақида бошад, ки дигар дар ҷомеаи демократӣ ва ё замони глобализатсия чунин масъалагузорӣ кардан қафомондагист? Аммо, имрӯз агар мо низоми оиладории суннатии хешро ҳифз карданӣ бошем, бояд бонги хатар бизанем, ки аллакай бохтамон дар ин самт кам нест.
Оё 20-сол пеш касе тасаввур карда метавонист, ки писар дар ҷанозаи падару модар набошад? Оё касе метавонист ба гӯшаи хотираш раҳ бидиҳад, ки духтарро модараш бе иштироки падар фотеҳа кунад ё ба шавҳар диҳад, ҳатто тӯй кунад? Ва ё касе метавонист ба як гӯшаи андешааш роҳ бидиҳад, ки духтари деҳа ба шаҳр омада ба танфурӯшӣ машғул гардад? Ҳадди аққал сигоркашу нашъаманд гаштани духтаронро қабул доштани ҷомеа, «мама роза» шудани зани тоҷик ё сарвари духтарфурӯшон будани зани мусулмону ҳамшаҳрии мову шумо будани ӯро метавонистем ба хаёли худ роҳ диҳем? Мутаассифона, имрӯз ҳамаи ин падидаҳои нангине ҳастанд, ки дигар ҳайрати касеро намеоранд.
Эҳтироми волидайн, тифоқиву ҳамбастагии хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ва ҳамзистии қавму авлод аз шумули хислатҳои хуби оиладории тоҷикӣ буданд, ки дар тафовут аз ғарбиён боиси ифтихори мо буд. Вале боиси нигаронист, ки гум кардани расму оинҳои суннатии мо дар оиладорӣ раҳ ба сӯий нокуҷо дорад. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи оиладории хуби тоҷикӣ мо бояд сар ба зонуи андеша ниҳему чорагар бошем.
Андешаманди тоҷик Рустам Назаров дар як маҳфиле, ки сухан аз боби оилаву оиладорӣ меравад, гуфт:
Фалсафаи оиладории шарқӣ дар мисраъҳои:
Падар дар кӯдакӣ аз шавқи дил дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад
инъикос шудааст.
Пас месазад, ки ба умеди гум накардани суннатҳои хуби ниёгон ва ҳифзи чеҳраи аслии тоҷиконаи хеш дар замони ҷаҳонишавӣ танҳо дар фикри шикам набошему болотар, дар атрофи дил ҳам биандешем.
Ҳуриннисо Ализода