***
Дар назар доред: латтаи аз ҳама беҳтарин барои шустани оинаи тиреза лион (матоъ аз зағирпоя) аст. Дигар навъи матоъҳо дар оина патҳои хурдтарин боқӣ мегузоранд. Барои он ки натиҷаи меҳнататон дилхушкунанда бошад, ба обе, ки оинаро шустаниед, ин чизҳоро илова намоед: барои ҷило – намак, барои тозашавӣ – спирт+сирко (уксус) ва зидди арақкунӣ – глитсерини тозакардашуда ва спирт. Барои тирагию хирагии оинаро рафъ намудан ба об спирти навшодир ҳамроҳ намоед.
***
Ақидае роиҷ аст, ки гӯё бӯр чиркиниро хуб тоза мекунад. Асло ба об бӯр ҳамроҳ накунед. Бидонед, ки аз собуноба беҳтар чизе тоза намекунад. Бар замми ин, дар оина пайи хурди хароши бӯр боқӣ мемонад.
***
Беҳтар аст, ки тирезаҳоро дар ҳавои абрӣ бишӯед, на зери нурҳои равшани офтоб. Аввалан, нурҳо маҷбуратон мекунанд чашматонро нимпӯш намоед. Дуюм, нурҳо дар оина афтодаву аксандозӣ карда, ранги тирукамонро мегиранд ва ба назаратон метобад, ки оина чиркин аст, аз ин рӯ, онро боз аз нав мешӯед.
***
Агар вақтатон нарасад, ки усулҳои бибиёнро истифода намоед, метавонед аз моеъҳои махсуси оинашӯии ҳозиразамон истифода баред.
Таҳияи Барно Султонова