21
Декабр, 2024
Шанбе
21
Декабр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
«Ҳаққи шир» нархи духтар аст?
Ба хотири густурда нашудани мавзӯъ барои баррасӣ як паҳлӯи он, яъне пардохти «ҳаққи шир»–ро интихоб намудем. Тибқи анъанаҳои ҷадид вақти овардани ҷиҳози арӯс тарафи духтар аз волидони домод «ҳаққи шир» талаб мекунад.
Рустам ном ҷавони ҳамсоя мавриди анҷоми пардохти ҷиҳоз ба такрор мегуфт: «Наход шири модар фурӯхта шавад? Оё мешавад шири модарро нарх гузошт? Агар ҳаққи онро пардохт кунам, дар оянда завҷаи ман нибати модар масъулияте нахоҳад дошт? Оё меҳру муҳаббати модарро метавон бо маблағе харидорӣ кард? Пас он ҳама шеъру достонҳои дар васфи модар эҷодшуда дурӯғанд? Оё шири модар дар радифи муқаддасот қарор надорад?»
Бархӯрди ин ҷавон воқеан метавонад масъалаеро таҳти шаку тардид қарор бидиҳад, ки асрҳо назари мусбате ба он дода мешуд. Аз ин рӯ, барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба чанд нафар коршиносон ва марду зан муроҷиат намудем.
Саъдӣ Ворис
, коршиноси масоили динӣ дар иртибот ба он чунин ибрози назар кард: «
То ҷойе банда иттилоъ дорам дар Ислом ҳаққе бо номи «ҳаққи шир» вуҷуд надорад. Он чӣ ҳаст ин аст, ки падару модарро воҷиб аст фарзандони худро бузург намоянд ва фарзандон низ дар пирӣ хидмати модару падар кунанд. Аз рӯйи ҳуқуқшиносии исломӣ бештар ин вазифаи писар ҳаст, ки ҳолу ҳавои волидайнро дошта бошаду аз онҳо итоат кунад, зеро одатан духтарон хонаи волидайнро баъди тӯй тарк мекунанд ва фақат дар ҳолатҳову рӯзҳои хос ба аёдати онҳо меоянд. Гузашта аз ин, итоати шавҳар барои як духтар болотар аз итоати падару модараш ҳаст. Дар сурати надоштани писар масуълияти нигоҳубини модару падари пир бар дӯши духтар меафтад ва ӯро лозим меояд, ки ба хидмати волидайни худ бирасад».
Парвина Бухориева,
корманди ҳафтаномаи «Ману ту» аст. Парвина дар посух ба суоли мо гуфт: «Фикр мекунам додани «ҳаққи шир» бояд ҳатмӣ бошад. Пардохти ин ҳазина як навъ сипосгузорӣ ба модари арӯс аст, ба хотири заҳматҳои кашидаи ӯ дар парвариш ва тарбияи фарзанд».
Сарчашмаҳои исломӣ ёдовар мешаванд, ки мафҳуми «ҳаққи шир» бастагӣ ба ҳуқуқи зан дар ислом ва таъйини парвариши фарзанд аз ҷониби падару модар дорад. Аз рӯзи ҳомила шудани зан то вақти таваллуд барои инкишофи тифл марду зан масъулияти баробар доранд. Баъд аз ба дунё омадани кӯдак модар метавонад аз шавҳари худ тақозо намояд, ки барои шир додани тифл дояеро кироя намояд ва ё барои макондани ӯ аз пистонҳои худ аз шавҳараш ҳақ талаб кунад. Ин ҳуқуқро ба ӯ ислом додааст. Яъне ҳадаф таъкиди баробарии масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон аст. Мутаассифона, мардони мо дар парвариш ва тарбияи фарзандон, ба хусус духтарон саҳми хеле камтар аз бонувонро доранд. Ба андешаи аксари онҳо мард оиларо ба қавле бояд «бо нон» таъмин намояд. Таҷрибаи таърихӣ ва ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ин фарзия хом аст ва ислоҳ мехоҳад.
Марям Давлатова,
коршиноси масоили иҷтимоӣ дар ин росто мегӯяд: «Ҳаққи шир, гумон мекунам номи рамзии маблағест, ки бо номҳои гуногун–қалин ё маҳр барои арӯс аз тарафи домод дода мешавад. Ман гуфта наметавонам, ки то куҷо имрӯз маъмул аст, зеро доду гирифти байни қудоҳо дар ҳар минтақа ҳар хел аст. Вале дар ҳар сурат ҳама гуна маблағе, ки аз тарафи домод ба арӯс мерасад як қисми андаки хароҷотеро, ки духтардорҳои ҳозира барои ҷиҳози арӯс–мебели қиммат ва дигар анҷоми хона, тилловорӣ ва ғайра сарф мекунанд, мепӯшонад. Ман сад дар сад муқобили ҷой доштани кадом як маблағе дар бунёди оилаҳои ҷавон ҳастам, зеро он аз тарафи оилаҳо ба тарзи гуногун тафсир карда мешавад ва метавонад вобаста ба дараҷаи фарҳанги оилаҳо арзёбӣ шавад. Дар ҷойе метавонанд онро ҳамчун нархи инсон–арӯс қабул кунанд ва бигӯянд: «Ман туро харидаам ва ҳар чӣ хоҳам мекунам ва ба ин ҳақ дорам».
Масъалаи дигар ва муҳиме, ки муаллиф ёдовар шудааст, ин сангинии хароҷоти волидайни духтар мебошад. Бо дарназардошти он ки дар кишвар қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд сол боз амал мекунад, намедонам бо таҳрики кадом як нерӯе мардум ҷаҳд мекунад, ҷиҳози арӯсро гаронтару сангинтар намоянд ва онро бо ҳар роҳе қабл аз ҷашни арӯсӣ ба манзили ҷавон мерасонанд, ки он барои сокинони ҳамчунин кишваре мисли Тоҷикистон натиҷаҳои манфӣ ба бор хоҳад овард.
Аммо
Пӯлоди Нурзод
,
муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз пардохти «ҳаққи шир» ҷонибдорӣ карда, чунин изҳори андеша мекунад: «Соли пор писарамро хонадор кардам. Аз ман «ҳаққи шир» талаб накарданд, аммо шунидаам, ки мегиранд. Ба фикрам гирифтани «ҳаққи шир» дуруст аст. Чаро? Ба андешаи ман ин рамзест, ки аз ниёкон ба мо мерос мондааст. Онро ҳамчун анъана дониста, дар он маънии дигар намеҷӯям. «Ҳаққи шир» чандон маблағи зиёд ҳам нест, ки ба тарафи домод мушкил эҷод намояд. Мехоҳам дар оянда аз байн наравад».
Ҳамсӯҳбати дигари мо шаҳрванди Душанбе, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 54–
Меҳринисо Шоева
назари болоро рад карда мегӯяд: «Куллан, мухолифи пардохти ҳаққи ширам. Шояд агар гӯям, ки ин расм ба Тоҷикистон аз ҷумҳурии ҳамсоя омадааст, саҳв намекунам, зеро дар гузашта дар ягон минтақаи ҷумҳуриамон «ҳаққи шир» вуҷуд надошт. Илова бар ин, расмҳои дигаре аз қабили «оши наҳор», «ҷиҳозбинон» бо харҷи зиёд ва боз чандин урфҳои бегонае ба фарҳанги миллии мо ворид шудаанд, ки хоси тоҷикон нестанд. Бояд ҷашни арӯсии ҷавононро содатар кунем. Худнамоишдиҳӣ чандон кори шоиста нест. Бештар тарбияи атфолро ҷиддӣ бигирему онҳоро ба зиндагии мустақил омода намоем. Хушбахтӣ дар зиёд будани анҷоми хона ва ё тилловории арӯс нест. Боястӣ дӯст доштанро ба фарзандон биомӯзем ва дар мисоли худамон, дар муносибат бо ҳам . Хушбахтӣ дар муҳаббат аст, на дар молу чиз».
Иртибот бо мардуми Осиёи Ҷанубӣ, Чин, кишварҳои Араб, Амрико ва Аврупо тасбит мекунад, ки дар мавриди додани маҳри арӯс суннату анъанаҳо мухталифанд. Дар ҷойе маҳр пардохт мешаваду он рамзи пойдории оила тафсир мешавад ва дар кишваре ҳам ба вуҷуд доштани чунин муносибат бо ханда ва таҳқир менигаранд. Боястӣ ба суннатҳои мардумӣ арҷ гузошт ва онҳоро ҳамчун воқеият пазируфт. Аммо паҳлӯи дигари масъала чӣ гуна пардохт шудани маҳр, дар кадом ҳаҷм таъйин шудани он, аз ҷониби кадом сохтор ба танзим дароварданаш аст. Вақте суннате ба таҳкими хонавода ва ҷомеа созгор аст, онро бояд пазируфт ва арҷ гузошт, вале гоҳе, ки он ба ифрот мерасад, сади рохашро бояд бубаст, то харобӣ наоварад ва мисли алафи заҳрпечак боиси хушкидани полиз нагардад. Дар Тоҷикистон ҳастанд суннатҳое, ки мерос аз ниёконанд ва онҳо нишон аз ҳуввият ва фарҳанги волои порсианд. Аммо ба қавли баъзе аз ҳамсӯҳбатонамон расму оинҳое ҳам ба фарҳанги мо роҳ ёфтаанд, ки боиси сангинии рӯзгор ва монеи рушди андешаи созандаанд.
Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ
, рӯшангар, донишманди шинохта ва ҷомеашиноси варзида тамоми ҳаёташро барои ба даст овардани истиқлоли Эрон бахшид ва умраш дар ғурбат гузашт. Қабл аз фавташ васиятномае ба мардуми Эрон навишт, ки он баъд аз маргаш дар Фаронса чоп шуд. Дар ин васиятнома ӯ ба мардуми кишвараш рӯ оварда мегӯяд: «Эй мардуми арҷманди Эрон, агар мехоҳед ҳамгоми мардуми пешрафтаи ҷаҳон бошед, бояд аз қайди суннатҳое берун ойед, ки қарнҳо боз боиси ақибмондагии шумо гаштаанд. Ба шумо тавфиқ мехоҳам».
Фикр мекунам фурсат расидааст, ки мо ҳам ба суннатҳо ва расму оинҳоямон таҷдиди назар кунем. Хонандаи гиромӣ чӣ андеша дорад?
Эмомалии Сайидамирзод
:.
Аз ҳар боб
26.04.2010 08:48
4104
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz