Ҳамин вақт ҳикмати ҳодисае, ки чанд вақт пеш бо ман рух дода буд, фаҳмидам. Тобистони соли гузашта ҳамроҳи се фарзандам, ки хурдакак ҳастанд, барои боздиди дӯстону пайвандон ба кишвари хориҷ сафар кардам. Мутобиқи имтиёзҳои шиносномаам метавонистам ҳудуди як моҳ дар дохили марзи он кишвар бидуни раводид бимонам. Баробари тамом шудани мӯҳлати имтиёз ва тамдиди он бояд ба Вазорати корҳои хориҷии он кишвар муроҷиат мекардам ва ё берун аз марзи кишвар мерафтаму дубора бармегаштам. Дар ин сурат метавонистам як моҳи дигар дар он ҷо бимонам.
Ду кӯдаки хурдиам бемор шуд ва бемориашон ду ҳафта тӯл кашид. Ин боис шуд, ки ман на ба ВКХ-ии он кишвар муроҷиат карда тавонистаму на аз марзи он кишвар берун рафта. Хеле нороҳат будам, чун медонистам ҳангоми убури марз бо мушкили рӯ ба рӯ мешавам. Вале баъд дилам таскин ёфт, чун медонистам, ки ҳар чиз бо хости Худо мешавад. Медонистам, ки ҳамаи саргузашту ҳодисаҳо дорои ҳикмати ниҳонианд ва он ҳикматҳоро бо амри Парвардигори ҳар ду ҷахон, Парвардигори бахшояндаву меҳрубон, олимулғайби ваш-шаҳода дертар дарк хоҳем кард.
Фарзандонам шифо ёфтанд ва ман тасмим гирифтам сафари худро идома диҳам. Кишвари навбатие, ки ман мехостам боздид кунам, Тоҷикистон буд. Дар сарҳад вақте диданд, ки мӯҳлати ташрифи мо дар он кишвар гузаштааст, маро ба утоқи дигар барои пурсуҷӯ бурданд. Асли вокеаро ба тафсил барояшон иброз доштам. Ба суханонам бодиққат гӯш доданду бо баҳонаи маслиҳат ва ҳамоҳанг кардан бо сардорашон аз он утоқ берун рафтанд.
Ҳамин вақт дар сақфи бинои гумрук лонаи фароштурукро дидам. Фароштурук чаҳорто чӯҷа дошт. Чӯҷаҳо бо ҳамдигар чиг-биг мекарданд. Чӯҷаҳоро ба бачаҳоям нишон додаму бо ҳам онҳоро назорат мекардем. Фароштурук парида берун мерафт ва дарҳол бо ғизо бармегашт. Аввал ба чӯҷаи якумаш дод, боз парида рафту ба чӯҷаи дуввумаш ғизо овард. Ва ҳамин тавр ба чӯҷаҳои дигараш ғизо меовард. Тифлонашро омехта намекард ва рафту баргашташ дар якчанд сония суръат мегирифт.
Манзараи хеле ҷолиб буд. Модар барои сер кардани фарзандаш чи қадар заҳмат мекашад. Ба думболи кирму пашша ва дигар хашаротҳо парвоз мекард, онҳоро ҷустуҷӯ мекард, бо нӯлаш меқапид ва якто-якто ба фарзандонаш меовард. Ва ҷолиб ин буд, ки навбати чӯҷаҳояшро хато намекард.
Суол пеш меояд, ки чӣ тавр фароштурук дар якчанд сония хамаи ин корҳоро анҷом медиҳад? Ҳикматаш чист?
Ҳикматаш он аст, ки тамоми офаридаҳои парвардигори ду ҷаҳон тасбеҳгӯйи ҳамди Парвардигори худ ҳастанд ва тасбеҳашон «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи субҳоналлоҳил азим. Астағфируллоҳ» аст. Ин тасбеҳро тасбеҳи неъматхоҳон низ меноманд. «Ин мин шайъин илло юсаббиҳу биҳамдиҳи (ояти 44, сураи Исро)». «Чизе нест, ки тасбеҳ нагӯяд ба ҳамди Парвардигори худ. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки фароштурук дуо мехонаду зикр мекунад ва худованди бахшояндаву меҳрубон ризқи фароштурукро мерасонад.
Пас биёед зикр кунему аз зиндагии худ манолем.
Ассалому алейкум.
Зайнаби АБДУЛЛОҲЭрон, Теҳрон
Соли равон дар заминаи корхонаи саноатии ЉСММ Коорпаратсияи «Зиёратшоњ», воќеъ дар мавзеъи Ўртабузи љамоати дењоти Гулшан, фабрикаи ресандагии «Фаррес» ба кор оѓоз намуда, барои зиёда аз 550 нафар шањрвандони ноњия шароити кори муосид фароњам овардааст. Аз моњи июли соли 2009 сар карда, 250 нафар занону духтарон дар корхонаи мазкур бо кори доимї ва маоши хуб таъмин шудаанд. Муњољирони баргашта, агар маќсади бо кори доимї таъмин буданро дошта бошанд, метавонанд ба Шўъбаи Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољирати ноњия мурољиат намуда, дар ташкилоту муассисањои ноњия, ки љойњои кори холи озод доранд, шуѓли доимї пайдо кунанд.
Раиси ноњияи Фархор - Ѓафоров Ш.
Шўхињои соли навї
Дар соатњои охирини соли равон, яъне чанд соат пеш аз истиќболи Соли нав ба шўъбаи корњои дохилии шањр 12 нафар дар њолати мастї оварда шуданд, ки аз онњо 5 нафарашон Бобои Барфї ва як нафар Барфак, яъне набераи ў буд. Ду нафар Бобои Барфї, ки дар рўйхат буд, њоло аз сафар барнагаштааст. Гурўњи фаврї барои љустуљўи онњо баромадааст. Афсўс, Ки маълумоти аниќ холо нест.
Чор нафаре, ки ба шўъба овардаанд, њангоми занозанї бо Бобои Барфї дастгир шудаанд.
Аз китоби «Обрўи тўй»-и Э.Соњибназаров
<-->