05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХУБУ БАД ҲАНГОМИ МУОШИРАТ

.

Дар сӯҳбат бо бонувон мардони ҳақиқӣ мекӯшанд, ки ҳамеша эҳтиёткор бошанд. Таассурот ва бархурди минбаъдаи ҳарду ҷониб маҳз аз рӯи сӯҳбати аввал сурат мегирад. Бино бар ин ҳам равоншиносон ҳурмату эҳтиром, ҷиддият ва самимиятро ҳангоми мулоқотҳо барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ мекунанд. Нуктаҳои муҳиме ҳастанд, ки ҳини сӯҳбат бо бонувон донистан ва риояи онҳо ҳатмист.

Мавзӯи саломатӣМавзӯи саломатӣ

Вазъи саломатии шумо барои бонуе, ки бо ӯ нав шинос шудаед, чандон муҳим нест. Беҳтараш сӯҳбатро атрофи ин мавзӯъ ба баъд гузоред. Агар фикр доред,ки мавзӯи дасту пойи дар кӯдакӣ шикаста ва ё зардаҷӯшу бехобиатон барои бонувон аҷиб аст, иштибоҳ мекунед.

Беҳтараш дар хусуси кино, ки мавзӯи ҷолибу умумист ҳарф бизанед. Аввалан, бифаҳмед, ки барои ин бону тамошои кадом навъи филмҳо хушоянд аст. Баъдан, дар хусуси ягон филми хуб сӯҳбат карда, ӯро ҳатман ба тамошои он даъват намоед.

Истилоҳоти корӣ Истилоҳоти корӣ

Бештари занҳо аз меъёр зиёд сӯҳбат карданро дар хусуси мавзӯву истилоҳоти барояшон бегона дӯст намедоранд. Ҷойе, ки зарурати сӯҳбат дар мавзӯи корӣ пеш меояд, бо ҳамсӯҳбататон фаҳмову оддӣ (камтар) ҳарф занед. Вагарна аксари бонувон дар ин мавридҳо чунин хулоса мебароранд: «Танҳо дар хусуси кор фикр мекардааст» (ин гуна мардон баъдан ба оилаву фарзандон камтаваҷҷӯҳ мешаванд) ва ё «худнамоӣ мекунад» (занон худтаърифкуниро дар мардони ҳақиқӣ намеписанданд).

Беҳтараш дар хусуси осорхона ва ҷойҳои таърихӣ, ки дар асри 21 кам касон ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, сӯҳбат намоед. Дар ин маврид ҳамсӯҳбатро ба сайри мавзеъҳои таърихӣ низ даъват кардан мумкин аст.

Маъшуқаҳои пешинМаъшуқаҳои пешин

Онҳоро фаромӯш созед. Ин амал бо чанд сабаб хуб аст: аввалан, вақте дар бораи дӯстиатон бо духтарони дигар ҳарф мезанед, имкони ошкор шудани ҷиҳатҳои манфии хислату рафтори шумо вуҷуд дорад. Баъдан, инро дониста бошед, ки ягон зан «ҳавасу» (тобу тоқат) вақти беҳудаи шунидани «қаҳрамониҳо»-и шуморо надорад. Вай бояд эҳсос кунад, ки шумо гузаштаро кайҳо фаромӯш кардаву ба суроғи оянда баромадаед.

Беҳтараш дар хусуси шуғли дӯстдоштаи бонуи ҳамсӯҳбат ҳарф зада, дар бораи хоббии худ низ ёдовар шавед. Ва таклифи вобаста ба мавзӯъ, амсоли «китоби бисёр хубе барои хондан дорам, бовар дорам, ки ба Шумо писанд меояд»-ро фаромӯш насозед.

ВарзишВарзиш

Футбол, чавгонбозӣ ва намудҳои дигари варзишро, ки занон ба онҳо камтаваҷҷӯҳанд, мавзӯи сӯҳбат қарор надиҳед. Донистани натиҷаҳои тамоми бозиҳои футбол ва тафсиру баррасии дуру дарози он шуморо дар назари занон донишманд нишон намедиҳад. Баръакс, ин сӯҳбат дилгиркунандаву шумо дар тасаввуроташ чун марди «хушсӯҳбат» боқӣ мемонед.

Беҳтараш дар хусуси тафреҳу сайругашт ҳарф занед. Агар шаҳр ба ӯ писанд аст, дар бораи ҷойҳои зебову дидании он ва, агар берун аз шаҳрро писандад, аз ҳавои тозаву обҳои мусаффо баҳраш қиссаҳо кунед.

Одамони ношиносОдамони ношинос

Сӯҳбат сари таъриф ва ё баръакс танқиди яке аз ҳамкорон, дӯстон ва ё наздиконе, ки ҳамсӯҳбататон бо ӯ ошно несту ӯро аз наздик надидааст, бебарор анҷом меёбад. Шумо бо ин кор ҳам вақти худро барҳадар медиҳеду ҳам ҳамсӯҳбатро аз худ «дилхунук» месозед.

«Марди зансифат» – меандешад дар хусуси шумо.

Беҳтараш дар хусуси кӯдакон сӯҳбат намоед. Додарчаву хоҳарча, ҷияну кӯдакони ҳамсояро ба хотир биёред, аз суханонашон иқтибос оварда, дар хусуси атфолро дӯст доштан ва ё надоштани ҳамсӯҳбататон пурсон шавед. Бо ин роҳ иттилои лозимаро низ дарёфт менамоед.

АвтомобилАвтомобил

Ҳатто кӯдаки 5 сола ҳам медонад, ки мошинчаро барои писарбачаҳо интихоб мекунанду лӯхтакро бозичаи духтарона меҳисобанд. Зан бо шунидани хабари «ҷадидтарин тамғаи автомобили Бугаттӣ (Bugatti Veyron - мошини аз ҳама тезҳаракати сайёра) ба фурӯш бароварда шуд»-и шумо ба ҳайрат намеафтад ва дар пайи дарёфти иттилои бештаре дар хусуси ин мошин ба шабакаҳои интернетӣ низ рӯ намеорад. Зеро ин мавзӯъ барояш ҷолиб нест. Ҷавоби дохили қалбаш ба шумо ин хоҳад буд, ки: «баъд чӣ?»

Беҳтараш дар хусуси сару либоси ҳамсӯҳбататон ибрози назар намоед. Ёдовар шавед, ки зан дар ҳар либос зебост ва мардон ин ҳақиқатро эътироф кардаанд. Ва дар навбати худ аз ӯ бипурсед, ки кадом навъи либосро барои мардон меписандад ва чаро?

Ҳайвоноти хонагӣҲайвоноти хонагӣ

Дар хусуси сагу гурба, паррандаҳои хонагӣ ҳарф задан бо ҳамсояҳову дӯстони дерин хуб аст, аммо дар сӯҳбат бо зане, ки қалбашро тасхир карданиед, то ҳадди имкон аз баррасии чунин мавзӯъҳо даст бикашед.

Дар чанд соати кӯтоҳи бо ҳам будан, сари мавзӯъҳое сӯҳбат намоед, ки ҳам барои шумо ҷолиб бошанду ҳам барои ӯ.

Беҳтараш дар хусуси тӯҳфаҳо - мавзӯи дӯстдоштаи бонувон ҳарф занед. Аз ҳамсӯҳбататон суол кунед, ки бештар кадом идро дӯст медорад ва барои чӣ? Ҳамин тавр, дар хусуси тӯҳфаи дӯстдошта ва чиро бештар ба ҳайси ҳадяи арзанда барои дӯстон интихоб кардани ӯ пурсед.

Корҳои маъмулии ҳаррӯза Корҳои маъмулии ҳаррӯза

Барои зане, ки шуморо он қадар хуб намешиносад чӣ, кай, дар куҷо ва барои чӣ сурат гирифтани ҳодисае муҳим нест. Сари ҳаводиси «имрӯза» маъмулан мардон вақте ҳарф мезананд, ки дигар чизе барои гуфтан надоранд.

Беҳтараш дар хусуси атриёт ва ороишот каме сӯҳбат намоед. Ин мавзӯест, ки агар шумо маҳорати баланди радду бадали онро доред, дили дилхоҳ занро ба даст меореду зуд барои ӯ «одами худӣ» мешавед.

Таҳияи Гулноза

:.  Аз ҳар боб 23.04.2012 11:59 2551

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz