07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МЕРОСИ ГАРОНБАҲО

 

Дар шаҳри Истиқлол низ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи МИҲД- и шаҳр конфронс – вохӯриҳо, суҳбатҳои мизи мудаввар дар доираи мавзӯъҳои «Ҳунар ганҷинаи дастони ман аст» ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ намоишу чорабиниҳои хотирмон баргузор гаштанд, ки аз онҳо чеҳраҳои бонувони ҳунарманд дарёфт шуда, дар байни мардум муаррифӣ гардиданд.

Дар шаҳри Истиқлол ду маркази рушди гилему атласу адрасбофӣ таъсис ёфта, муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ҳамчун як нуқтаи ҷуғрофию таърихӣ аз ҷониби бостоншиносон чанд маротиба мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифт. Дарёфтҳои бос­тоншиносон аз ин шаҳр дар осорхонаҳои дохиливу хориҷӣ қарор доранд, ки инъикоскунандаи таърихи қадимии шаҳр ва бозгӯи он мебошанд. Имрӯзҳо сайёҳони хориҷӣ аз давлатҳои Голландия, Шветсия, ИМА, Канада, Англия ва ғайраҳо барои саёҳат ба шаҳри мо ташриф оварда, аз осорхонаи шаҳрӣ ва дигар мавзеъҳои таърихӣ дидан мекунанд.

Сокинони шаҳри Истиқлол як анъанаи дигари ҳунармандӣ доранд, ки таваҷҷуҳи сокинони дигар шаҳру навоҳиро ба сӯи худ мекашад. Ин ҳунари гилембофӣ мебошад, ки бонувон онро аз маҳсулоти омоданамудаи хеш бо нақшу нигор ва заҳмати зиёд таҳия менамоянд. Дар озмун - чорабиниҳои «Ҳунар аз симу зару моли падар беҳ» ва «Ҳунар - эъҷози дастони ҳунарманд» бонувони пешавари шаҳр иштирок намуда, аз ҷиҳати моддию маънавӣ қадр карда шуданд. Як тан аз ин бонувони фаъолу ҳунарманд Лутфинисо Мамадҷонова бо лоиҳаи таҳиянамудааш таҳти унвони «Риштаи сеҳрнок» ҷоизаи асосию мақоми аввалро дар шаҳр ишғол намуда, дар озмунҳои вилоятӣ низ соҳиби дастовардҳо гардид.

 

Аз дафтари шарҳи ҳол:

Лутфинисо 25-уми декабри соли 1955 дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт дар оилаи коргар тавлид ёфтааст. Аз соли 1956 ба шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон кӯч баст. Таҳсилоташ олист. Соли 1978 факултаи физика-математикаи ДДХ-ро бо дипломи аъло хатм карда, дар МТМУ №3-и шаҳри Гулистон ба фаъолият пардохт. Аз соли 1978 то соли 1994 ба ҳайси омӯзгори фанни математика-физика ва баъдан муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар ҳамин даргоҳ заҳмат кашид. Аз соли 1994 ба шаҳри Истиқлол омада, дар МТМУ №2 тамдиди фаъолият намуд. Дар озмуни «Муаллими сол» ширкат варзида, ҷои ифтихориро ишғол кард. Соли 2003 унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дарёфт. Аз соли 2013 бо собиқаи 35-солаи бошарафи кори омӯзгорӣ ба нафақа баромад. Соҳиби 5 фарзанд аст.

Шавҳараш, Мирзоҷон Ма­мадҷонов, дар корхонаи «Нури Ховар» зиёда аз 30 сол кор карда, соли 2006 аз олам даргузашт. Он вақт танҳо духтари калонӣ хонадор буд…

Ба танҳоӣ фарзандонашро хононд. «Онҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд», - иброз намуд ин модари ҳунарманду боҷасорат.

Ҷаҳонгир Мамадҷонов - До­нишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм намуд, ҳоло дар шаҳри Калинингради Русия фаъолият дорад.

Шаҳноза Юлдошева - химик-технолог, дар шаҳри Калининград бо ҳамсараш зиндагӣ мекунад.

Севара Тӯхтасанова, баъди хатми мактаби олӣ, дар шаҳраки Адрасмон кор мекунад.

Таҳмина Мамадҷонова До­нишгоҳи металлургии шаҳри Бӯстон (Чкаловск)-ро хатм кард, ӯ низ дар Русия фаъолият мебарад.

Искандар Мамадҷонов кафшергар буда, дар корхонаи нав­бунёди саноатӣ- металлургии шаҳри Истиқлол заҳмат мекашад.

Имрӯз шогирдони муаллима дар донишгоҳҳо дониш омӯхта, соҳибтаҳсилоту соҳиб­касб шудаанд. Баъзеи онҳо дар давлатҳои Русия, ИМА, Канада ва Олмон аз рӯи ихтисосашон кору зиндагӣ доранду бо муаллима дар тамос мебошанд.

Як бону, як омӯзгор, як модари бофарҳанг метавонад ҷомеаро омӯзонад! Воқеан, Лутфинисо Мамадҷонова аз зумраи чунин бонувон аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бо меҳри баланди ватандӯстӣ саҳми бориз ва арзандаи хешро гузоштааст. Бекориро дӯст намедорад. Чун фурсат даст дод, ба боғдориву гулпарварӣ ва китобхонӣ хотири худро болида месозад. Дар Рӯзи кӯдакон ҳамчун узви ҷамъияти «Ҳадияи меҳр» ба чанд нафар кӯдакони ятиму бепарастор лӯхтакҳои ҷашнӣ тақдим намуд.

- Ман бо як каф дуои сабзи модарона арзу сипоси хеш ва кулли бонувони шаҳри Истиқлолро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки ҷиҳати эҳёи ҳунаромӯзӣ ва ҳунармандӣ моро болу пар бахшиданд, - бо самимият иброз медорад қаҳрамони мо.

 

Нодира НАЗАРӢ,
шаҳри Истиқлол

 

:.  Аз ҳар боб 17.07.2018 06:36 1368

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz