07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАРДОШТҲО АЗ МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ

 

Бардоштҳо барои беҳтар намудани фаъолияти риштаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшиданд. Зеро дар мулоқот масъулони мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин иштирок доштанд.

Зимни мулоқот аз суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат ва дар ҷараёни табодули афкор маълум гашт, ки неруҳои иртиҷоӣ ба қасди мағзшӯии намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи мо, кӯшишу талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Мубориза бо чунин табаҳкорону тахрибгарон аз ҳар яки мо эҳсоси баланди худшиносию ватандориро тақозо мекунад. Гулистон бе хор нест. Баъзе рӯҳониёни кӯтоҳбин бо мавъизаҳои беасоси худ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор кардан мехоҳанд. Иддае аз падару модароне, ки фарзандони худ­ро аз тарбия ва назорати доимӣ дур монда буданд, имрӯз наметавонанд ҷигарбандони хешро аз вартаи нестӣ наҷот диҳанд.

Сарвари давлат дар суханронии худ зикр намуданд, ки: «Чӣ ҷои паноҳ аст, ки имрӯз ҷангҳои мазҳабӣ бештар ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтаанд ва дар тамоми аҳли олам террористон ба куштори мусалмонон машғул мебошанд».

Бо дарки ҳамин воқеият, Пешвои миллат бо ишора ба рӯҳониён таъкид намуданд, ки аҳли ҷомеаро ба роҳи ватандорӣ, саодатмандӣ, эътимод ба фардову ҳифзи ваҳдати миллӣ даъват созанд. Ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, ки, хушбахтона, имсол Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ эълон шудааст, дар ин самт тадбири хубе хоҳад буд.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар даврони шӯравӣ 19 масҷид амал мекарду халос. Имрӯз дар кишвар 5 ҳазор масҷид фаъол аст, аммо имомхатибон наметавонанд фарҳанги исломии ҷавононро дар асоси арзишҳои покизагию порсоӣ ва ростқавлию ватандорӣ боло баранд. Ба назар мерасад, ки онҳо худ ба сухану кирдори имрӯзаашон комилан мутмаин нестанд. Дар ҳоле, ки онҳо хуб медонанд масҷид ҷои ибодат асту ҳидоят ба роҳи рости зиндагӣ, на ин ки тамаъҷӯиву таблиғи ақидаҳои ифротӣ.

Президенти кишвар тамоми комёбиҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба неруи созандаи халқ рабт доданд. Маҳз аз пуштибонии мардуми тоҷик бо шукргузорӣ ёд намуда, гуфтанд, ки рушди бемайлони тамоми риштаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгаҳи худ­ро пайдо кардани Тоҷикистон, бидуни заҳмати созандаи халқ ғайриимкон буд.

Сарвари давлат зимни ироаи маърӯзаҳо доимо ин нуктаро таъкид мекунанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад». Раҳбурди ҳамин ҳидоятнома замонати сулҳу субот дар Тоҷикистон, шукуфоии он маҳсуб меёбад.

Гулнора НУРЛЯМИНЗОДА,

корманди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

:.  Аз ҳар боб 12.07.2018 11:52 1446

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz