07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЯК СОЛИ БО МО БУДАН

 

Чун пешорӯи Соли нав қарор гирифтаем, хостем андешаҳои хонандаи гиромиро нисбати як соли бо мо будан фаҳмем, ки оё ӯ дар ин сол аз мо розӣ буд ё хайр? Оё маҷалла тавонистааст дар ин сол рисолаташро назди ҷомеа ба дурустӣ анҷом дода бошад? Бо ин мақсад андешаи чанде аз хонандагони хушбину хушзавқро сари ин мавзуъ пурсон шудем:

 

«Барои ман дар ин сол мусоҳибаи бисёр хондание бо бонуи шинохта Руқия Қурбонова, ки «Шукргузорам аз тақдир» унвон дошт, писанд омад. Вақте дар бораи зане мехонӣ, ки азму ҷасорати мардӣ дорад, шод мешавӣ, ифтихор мекунӣ. Аз ин мусоҳиба барои худ маълумотҳои аҷибе пайдо намудам. Шумори занҳое, ки дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати кишвар саҳм доштаанд, хело зиёдтар аз оне будаст, ки мепиндоштам. Ба аҳли эҷоди маҷаллаи дӯстдоштанӣ дар Соли нав барору комёбиҳои тоза мехоҳам».

Ризоева Умеда - духтури чашм,

н.Шаҳристон

 

«Мақолае бо номи «13 сол вазиру 17 сол вакил» бароям ҷолибу хонданӣ буд, ки дар хусуси шахсияти бону Адолат Қосимова ёдовар мешуд. Ин гуна мақолаҳо барои бонувони ҷавони мо як дарси ибратест, ки хонанда бо баробари ошно шудан бо кору пайкорашон орзуи пайравӣ ба қаҳрамонро мепарварад. Дар Соли нав ба дастандаркорони маҷаллаи хонданӣ пешниҳоде дорам, бештар дар бораи модарони мардони бузург ва занҳои эшон мақолаҳо нашр намоед. Ногуфта намонад, ки саҳфаи таъому хӯришҳоятон барои мо бонувон хело писанд аст».

Қурбонова Саломат - муаллима,

н.Хуросон

 

«Мақолаҳои хонданӣ зиёд буданд. Бештар мақолае бо номи  «Иҷлосияи тақдирсоз», ки моҳи ноябри имсол дарҷ шуд, диққатамро ҷалб намуд. Аз он маълумотҳои заруриро барои худ пайдо намудам. Шеъри бисёр таъсирбахше дар он шумора мутолиа намудам, ки бо унвони «Мавлуди Ватан буд», чоп шуда, ки мешавад онро намунае аз шаъри олии имсола ҳисобид».

Шехова Дилраста, рӯзноманигор,

н.Ванҷ

 

«Мақолае бо номи «Имрӯзи бонувони Ашт» моҳи август нашр шуда буд, ки дар хусуси зисту зиндагонии бонувони Ашт бисёр маълумотҳои аҷибе пешниҳод шуда буд. Аз ҷумла, масъулини ин ноҳия барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ чӣ қадар озмунҳои зиёде роҳандозӣ кардаанд, ки мешавад ин иқдомро чун дастурамали хубе байни дигар шаҳру ноҳияҳо истифода бурд».

Набиева Азиза, муаллимаи ДДТХ

н.Данғара

 

«Саҳифае доред бо номи «Зан ва ҳуқуқ», ки он ҷо занон бо мушкили ҳуқуқии худ муроҷиат мекунанд ва маслиҳати лозимаро аз ҳуқуқшинос мегиранд. Рӯи кор омадани ҳамчунин саҳифа барои мо занон беҳтарин иқдом буд».

Ёдгорова Ситора,

корманди Маркази идораи лоиҳаҳои

энегнтикӣ дар шаҳри Душанбе

 

:.  Аз ҳар боб 26.12.2017 11:03 1650

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz