Кормандони маҷалла тайи ин муддат аз навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз ноҳияҳои Мурғобу Кӯҳистони Мастчоҳ, Ванҷу Дарвоз, Шамсиддини Шоҳину Рашт, Панҷакенту Лахш ва чандин мавзеъҳои дигари кишварамон матолиби рангину хонданӣ навиштаву ба хонандаи арҷманд пешниҳод намуданд. Бонувони пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Турсунзода,ноҳияҳои Рӯдакиву Файзободу Нуробод меҳмонони дӯстдошта ва ҳамешагии идораи мо буданд. Муддати 12 моҳ дарду ғам ва хушиву хурсандиро бо ҳам дидем. Бошад, ки солҳои баъдӣ низ ин робита боз ҳам қавитар гардаду мо битавонем кулли масоили шуморо мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Қабл аз ҳама матолиби сарунвони „Дар масири истиқлол“ бештар ба дили хонандаи мо роҳ ёфтанд, зеро мақолаҳое, ки таҳти ин сарунвон чоп мешуданд, баёнгари розу ниёз, дастовардҳои бонувони эҷодкору созанда, модарони дилсӯзу меҳрубон, арӯсони хушбахту насли навини Тоҷикистон буда, ҳамеша талош мерафт паҳлуҳои гуногуни ҳаёти занони ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Тайи ин муддат намояндаҳои маҷалла дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ аз дастовардҳои бонувон дар илм, фарҳанги таҳияи ғизо дар фаслҳои зимистону тобистон, масоили тиббӣ, тарбияи кадрҳо аз байни ҷавонон, мушкилоти ҳуқуқӣ, ҳунару адаб, тарбияи фарзандон, дӯстӣ миёни миллатҳои муқими Тоҷикистон, фаъолияти бонувони маъюб, оилаҳои намунавӣ, муҳоҷирати корӣ, фарҳанги таҳия ва интихоби либос, китобдорӣ, ҳаёт ва фаъолияти бонувони соҳибтаҷриба дар бахши фарҳанг, сиёсат ва варзиш, иқтисодиёт ва иҷтимоъ, чакан ва эҳёи дубораи он дар даврони истиқлол, забономӯзии духтарон дар навоҳии дурдаст, фарбеҳӣ ва оқибатҳои нохуши он, ҳифз ва нигаҳдошти оину суннатҳои миллӣ, чӯпонбонувон ва зиндагии рӯзмарраи онҳо, занони пешсаф, пазироӣ аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, фарҳанги оиладорӣ дар доираи равандҳои ҷаҳонишавӣ, набзи занона дар манотиқи дурдаст, дастовардҳои варзишӣ, Квотаи президентӣ ва духтарони деҳот, ҳамқадамони истиқлол, фаъолияти бахши кор бо занон ва оила дар навоҳии ҷумҳурӣ, нақши занон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сангарҳои он, касбомӯзии духтарон дар деҳот, муқаддасоти оила, синамо ва овозхонӣ, нақши гаҳвора ва назари насли нав ба он, мақомхонӣ, фарҳанги гулпарварӣ ва гулпарастӣ, нақши бонувон дар сулҳпарварӣ ва ваҳдатофаринӣ, таҳияи хӯришҳо ва мураббоҳо дар деҳот, самараҳои даврони истиқлол ва боз даҳҳо мавзӯъҳои дигар матолиб омода намудаву ба хонанда пешниҳод кардаанд.
Тамоюли тоза ва наку ин иртиботи мардон бо маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ аст. Тайи соли 2016 онҳо борҳо бо идораи мо дар тамоси телефонӣ пиромуни бонувони фаъоли муассиса ва ё ноҳияи худ хабар доданд. Бархе ҳам ба идораи маҷалла ташриф меоранд ва атрофи ин ва он мақола ибрози назар мекунанд. Гоҳо матолиби тозанашрро таъриф ва гоҳе ҳам нақд менамоянд. Ин тарзи муносибати мардон пиромуни масоили марбут ба бонувон барои мо хеле хушоянд мебошад. Зеро хушбахтии ҳар оила аз эҳтирому муҳаббати зану шавҳар маншаъ мегирад. Ба хусус, агар мардҳо ба масоили доғи рӯз аҳамият қоил шаванд, ин нишонаи пешрафт ва рушди як қишри ҷомеа аст.
Падидаи хубе, ки солҳои аввали нашр дар маҷалла зуҳур дошт, ҷалби хабарнигорони беруна буд, ки дар хонданиву рангин намудани саҳафоти он саҳми бориз доштанд. Аз чашми хонандаи закитабъ бояд дур намонда бошад, ки тайи соли 2016 бо талоши роҳбарияти маҷалла ин раванд аз сар гирифта шуд.
Ҷойи тазаккур аст, ки баъди аз чоп баромадани мақолаи „Пули кампири Файзия“ дар шумораи январии „Бонувони Тоҷикистон“ хонандагони зиёде бо идораи маҷалла тамос гирифтаву дар ҳаққи ин модари меҳрубон ва бибии саховатпеша дуои хайр мегуфтанд. Агар ба вижагиҳои журналистика рӯ биорем, бояд ба хонандаи худ арз намоем, ки чунин ашхоси саховатманд на ҳама вақт омодаи ҳамсуҳбат шудан бо рӯзноманигоронанд, зеро бо ифодае дасти чап аз хайри дасти рост бояд хабар наёбад. Дар ин ҳолатҳо танҳо ва танҳо ба даст омадани чунин матлаб аз маҳорати рӯзноманигор бастагӣ дорад. Беҳрӯзи Абдураҳмон аз ҷумлаи чунин журналистони вораставу ҳирфаӣ буда, дар давоми сол чанд маротиба дар маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ матолиби ҷолибу хондание ба нашр расонд, ки мо аз заҳмати ин бародари ҳамкасб сипосгузорем. Ҳамчунин, дар ин сол рӯзноманигорони варзида ва саршиноси тоҷик, нависанда ва шоирҳои шинохта –Гулрухсор, Шаҳрияи Аҳтамзод, Ҷонибеки Асрориён, Холмаҳмади Мавлон, Тоҷиннисои Азиз, Маҷид Салим ва чандин нафари дигар саҳафоти маҷаллаи моро бо матолибу мақолаҳои таҳқиқӣ ва ҳикояву шеърҳои дилрабо ҳусни тоза бахшиданд.
„Фарахшаҳои „Нисо“ мусоҳибаи хабарнигори мо дар ВМКБ –Мирзоҷалоли Шоҳҷамол бо Марҳаматнисо Атобекова дар бораи маҳсули дастони бонувони маъюб дар шаҳри Хоруғ мебошад. Боваркарданӣ нест, ки ашхоси имконияташон маҳдуд дар чунин қолабҳои нотакрор ва барои ҷомеаи мо наву тоза шириниҳою тортҳои хушлаззат бипазанд. Тортҳои пухтаи ин бонувон дар шакли лӯхтак, пироҳани духтарбачаҳо, тоқиву дастагулҳо ва дар тимсоли бозичаҳо манзури харидорон мегарданд ва ба тадриҷ бозори ин шаҳри аҷиби кӯҳистонро аз худ мекунанд. Онҳо дар шароити феълӣ на т???? анҳо харидоронро ба худ ҷалб намудаанд, балки тасхиргари дилҳо шудаву барои чанд моҳи оянда супориш қабул мекунанд. Ҷойи сипос ва арҷгузорӣ ба хоҳари гиромӣ ва бонуи арҷманд –Марҳаматнисо Атобекова мебошад, ки бо дарназардошти мушкилот ва маҳдудиятҳо талош меварзад барои ин қишри азизи ҷомеа шароити кор ва эҷод муҳайё созад. Дар ҷумҳурӣ ашхоси бозаргон ва доранда зиёданд, аммо теъдоди хеле ками онҳо дар пайи дастгирӣ кардани ашхоси имконияташон маҳдуд мебошанд. Худованд баракати кори чунин бонувони дилсӯзу меҳрубонро зиёд кунад.
Пайдо кардани чунин мавзӯъ ва ба саҳфа овардани он маҳорати зиёдеро тақозо дорад. Мо ифтихормандем, ки кормандони маҷаллаи мо дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва падидаҳои мусбату созандаро манзури хонандагон месозанд.
Мавзӯи дигаре, ки, фикр мекунам, барои хонанда, ба хусус насли ҷавон хеле муфид, ҷолиб ва омӯзанда аст, ин таҳияи мавод, нигоштани мусоҳибаҳо ва навиштани матолиб пиромуни таҳсил, фаъолият ва зиндагии бонувони тоҷик ва муваффақест, ки берун аз Тоҷикистонанд. Новобаста ба дурии роҳ ин бонувони тоҷикистонӣ лаҳзае бе ёди Ватан буда наметавонанд ва дар муаррифии миллат берун аз кишвар саҳми хеле бориз доранд. Матлабҳои „Ин Ватанро метавон дӯст надошт?“, „Туҳфаи илоҳӣ ё сандуқчаи сеҳрнок“, „Ёсамини Ҳамадон“ аз ҳамин қабиланд. Қаҳрамони матлаби аввал дар шаҳри Деҳлӣ, дувум дар Мумбай ва савум дар Минск зандагӣ, фаъолият ва таҳсил доранд. Ин бонувони дар риштаи худ варзида намояндагони Тоҷикистон дар хориҷ мебошанд ва бе тардид метавон гуфт, ки онҳо мояи ифтихори ҳар яки мо мебошанд.
Аз эҳтимол дур нест, ки новобаста ба фарогирии мавзӯъҳои зиёд дар нигоштани масъалае дасткӯтоҳӣ карда бошем. Агар чунин шуда бошад, ин камбудро танҳо бо ёрии шумо, хонандагони арҷманд ва доимии маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“, дар Соли Нав ислоҳ мекунем. Ба ҳамин хотир бояд иртиботи миёни мо боз ҳам қавитар гардад, зеро ин маҷалла танҳо ба хотири фаро гирифтани ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти шумо, бонувони гиромӣ, аз ҷониби Сарвари давлат созмон дода шудааст. Дар Соли Нав чӣ гуна сарунвону жанрҳо, чӣ гуна маводу матолибро роҳ андохтани ҳайати эҷодии маҷалла аз шумо бастагӣ дорад. Ба мо бинависед ва бо мо бошед!
Бо эҳтиром
Эмомалӣ Сайидамирзод