Дар мавриди ҳадаф аз баргузории конфаронси мазкур таваққуф намуда, директори коллеҷи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Музаффар Ҳомидов иброз дошт, ки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандони ин муассисаи таълимӣ бесаброна интишор ёфтану ба дасти онҳо расидани маҷаллаи маҳбубу дӯстдоштаашон «Бонувони Тоҷикистон»-ро интизор мешаванд. Аз ин рӯ, хостанд перомуни муҳтаво, маводҳои ҷолибу хонданӣ, саҳифаҳои вижа, мавзуъњои рангоранги нашрия суҳбате ороста, табодули назар намоянд.
Муаллимаи фанни забон ва адабиёти муассисаи таълимии мазкур, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик Қумриҷон Ғаниева оид ба ин мавзуъ суханронии пурмуҳтаво кард. Аз ҷумла, ў иброз дошт, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» нашрияи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, муассиси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҷалла 21 сентябри соли 2006 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ягона маҷаллаест, ки дар сатҳи олии давлат аз ҷониби Президенти кишвар таъсис ёфта, баҳри рушди ҷомеа, эҳёи ҳисси миллӣ ва тафаккури хештаншиносии бонувон хизмат мекунад. «Бонувони Тоҷикистон» маҷаллаест, ки чун оинаи ибратбин воқеияти ҳаётро ҳамаҷониба инъикос карда, шахсро ба накўкорӣ ҳидоят менамояд. Он минбари розу ниёз ва инъикосгари дастоварду комёбиҳо, равзанаи ошноӣ бо бонувони муваффақу соҳибмақоми кишвар ва берун аз он, оинаи таҷаллии истеъдодҳои нодир, пуле миёни бонувон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷалла фарогири беҳтарин таҳлилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст. Аз соли аввали пайдоиш маҷалла чун беҳтаринњо шинохта шуд. Яке аз муҳимтарин афзалияти маҷалла ё ҷанбаи фарқкунандаи он аз дигар нашрияњои ҳамтояш дар он аст, ки доираи баҳси он хеле фарохтар буда, аз ҳар мавзeъ ҳарф мезанад. «Бонувони Тоҷикистон» дардошно, ҳамдаму ҳамроз ва мўниси тамоми бонувони кишвар мебошад. «Зан, замин, зиндагӣ», «Ҳар шикасте қиссае дорад», «Бист рози як зан», «Фарҳанги таҳияи ғизо», «Зан ва мансаб», «Тақдир», «Фаросӯ», «Мардон дар бораи мо», «Варзиш», «Нигоҳи дигар», «Пайроҳаи ҳаёт», «Ҳунар», «Ҷавонон ва ҷомеа», «Фарҳанги хонаводагӣ», «Мо ва хонанда», «Чеҳра» аз зумраи рубрикаҳое ба шумор мераванд, ки таҳти онҳо мунтазам маводи хонданбобу шавқовар чоп мегарданд.
-Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ба фикри ман нашрияи барои хонандагонаш ғамхор ҳам мебошад- идома дод ба суханронии хеш Қумринисо Ғаниева.- Зеро ки дасти кўмак дароз кардан яке аз хислатҳои ҳамидаи онҳост. Дар яке аз шумораҳои он матлабе дар бораи як тан аз ҷавондухтари конибодомӣ чоп шуда буд. Ӯ бовуҷуди айёми наврасӣ заъфи ҷисмонӣ дидан, барои саодати хеш ҷаҳду талош дорад. Шавқу рағбати духтарро ба компютар ба назар гирифта, идораи маҷалла тасмим гирифт, то ба ӯ як компютари хуб тақдим намояд.
Ба идомаи суханронии Қумринисо Ғаниева донишҷӯён ва омӯзгорони зиёде аз мавқеъ ва роҳи пешгирифтаи раҳбарият ва дастандаркорони маҷалла ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд ҳамкории мутаќобила судманди хешро бо идораи маҷалла ба роҳ хоҳанд монд.
Коллеҷ (собиқ техникум)-и технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шањри Конибодом соли 1959 таъсис ёфта, яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар минтаќа маҳсуб меёбад. Имрўзҳо дар се факултети он 595 нафар донишҷў, аз ҷумла 227 писар ва 368 духтар аз рўи 6 ихтисос касб меомўзанд.
Тилав Расулзода