Чархи тақдир тоҷикдухтари самарқандӣ, парвардаи водии паҳноварро бари кӯҳҳои сарбаафлок, ба деҳаи дурдасти Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъа овард. Ӯ ба ин ҷо ҳамроҳи шавҳар, ки модари бемору пир чашминтизораш буд, омад. Модар арӯс ва набераҳояшро нашинохт.
–Бароят арӯс ва набераҳо овардам, –бо табассум рӯйи модарро бӯсида гуфт Озод. Модар келин ва набераҳояшро ба оғӯш гирифт ва интихоби писарро қабул кард. Чунин муносибати модар Замираро мутаассир сохт ва ӯ қавл дод, ки рӯзҳои сахт ва шодиву хурсандиро бо хонаводаи нав қисмат мекунад.
Соле буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошту аз фишори панҷаи гирои нодорӣ одамон ба муҳоҷират мерафтанд ва деҳот холӣ мегашт. Замира Аминова, бар замми омӯзгори фанни риёзӣ будан, ҳунари пазандагиашро дар хидмат гузошту дар хона шириниҳои самарқандӣ тайёр мекард.Шуҳрати пазандаи моҳир дар мактаб ва деҳоти гирду атроф паҳн шуд. Бо шавҳараш маслиҳат кард, ки ба консерваи мева даст зананд. Зардолу ва себро, ки одатан бештари он ба замин мерехт, аз сокинон харид намуда, қуттиҳои мураббои тайёрнамударо ба фурӯш гузоштанд. Кормандони идораву муассисаҳои шаҳр харидорони асосии ин маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат гардиданд. Ҳунарманд аз намудҳои гуногуни мева ва қарағоту хуч ҳам маҳсулот тайёр мекард ва бо зиёд шудани шумораи муштариён зарурати таъсиси сех ба миён омад. Бинои дуошёнаи истиқоматиро бардоштанд ва ошёнаи аввалро бо таҷҳизоти дастӣ муҷаҳҳаз гардонданд. Дар ин сехи хурд маҳсулоти меваву сабзавоти кишоварзони деҳоти гирду атроф коркард мешавад.
Чанде қабл ошхонаи ҷамъияти матлуботи шаҳр муфлис шуду Маҳинаро муваққатан ба кор ҷалб карданд. Соҳибкори самарқандӣ ба Маҳина имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ мизоҷони ошхонаро зиёд намояд ва роҳбарияти ҷамъияти матлубот акнун намегузоранд, ки ӯ аз кор равад. Маҳина дар баробари маҳсулоти сех аз меваву сабзавот ба мизоҷон таомҳои болаззат, ба мисли гулманту, угро ва палав пешкаш менамояд ва бозори фурӯшаш ҳамеша гарм аст.
Манзиле гарм аз ҳамдигарфаҳмӣ
Замира мегӯяд, ки дар Самарқанд ҳама чизро дошт, вале манзилаш бе муҳаббат сарду холӣ метофт. Зиндагӣ дар хонаводаи нав барояш аз сифр сар шуд, аммо эҳсоси гарми муҳаббат ҳаётро шавқовар ва рангин гардондасту мушкилоти иҷтимоӣ дар пайи ҷаҳду талошҳо оҳиста-оҳиста ҳал гардиданд.
–Барои зану шавҳар ҳамдигарфаҳмӣ муҳимтарин чиз аст. Айни ҳол ману шавҳарам якҷоя барои саришта кардани ҳаёт такопӯ дорем. Бо ҳам маслиҳат мекунем, дар амалӣ сохтани нақшаҳо ба ҳам ёрӣ мерасонем ва дар роҳи талош барои зиндагии хубтару беҳтар эҳсос намекунем, ки чӣ тавр рӯзҳо тез мегузаранд, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфти Озод Донаёров талоши ҳамҷоя натиҷаи хайр ба бор овард ва ба онҳо имкон дод, ки дар фаъолияти тиҷоратӣ ва соҳибкории хурд муваффақ шаванд.
Назарсултон Бекова, яке аз бонувони деҳаи Тӯсиён, мегӯяд, ки дар деҳаашон бонувони қобилу кордон ва ҳунарманд бисёранд. Вале сабру тоқат ва меҳнатқаринии Замира вайро ба тааҷҷуб овардааст.
Тавсия барои соҳибкорзанони маҳаллӣ
Ба андешаи Замира бонувони бадахшонӣ дар ҷӯробу намадбофӣ ва тоқидӯзӣ беназиранд, вале вай мехоҳад, ки ба шогирдон пухтани намудҳои гуногуни шириниро омӯзад.
–Дар Бадахшон танҳо як намуди маъмулии ҳалвои ширин мепазанд, ки одатан арӯс онро чун савғо ба хонаи домод мебарад. Вале бонувони самарқандӣ шаш намуди ҳалво тайёр мекунанд, ки ҳар яке таъм ва маззаи хоси худро дорад. Мехоҳам ба бонувони маҳаллӣ ҳамчунин тарзи тайёр намудани наботро ёд диҳам. Дар шаҳри мо ҳар як хонавода ва ҳатто гузар бо ҳунар маъруф аст, ба мисли кӯчаи ҳалвофурӯшон, нонпазҳо ва ё мантупазҳо. Мебинам, ки бонувони бадахшонӣ дар баробари ҳунарҳои анъанавӣ дар касбҳои дигар ба мисли гулдӯзӣ ва қаннодӣ моҳир мешаванду ин ҳунарҳо ба шуғли ҳамешагии хонаводагиашон табдил меёбад, вале шумори ин гуна бонувон ҳанӯз кам аст.
Ба назари Замира, агарчӣ ҳунармандони маҳаллӣ моли босифат тавлид мекунанд, вале дар фурӯши он таҷрибаи кам доранд. Ба мушоҳидаи ӯ ба савдогарони бозори Хоруғ мақоли „кам кардан“-у „зам кардан“ бегона аст ва як намуди маҳсулоти маҳаллиро ҳама бо як нарх ба фурӯш мебароранду як навъ инҳисори сунъӣ ба вуҷуд меояд. Замира рӯзеро орзу дорад, ки бонувони бозоршин имконият пайдо кунанду аз вобастагии тоҷироне, ки маҳсулоти кишоварзиро баҳору зимистон бо нархҳои дандоншикан барояшон аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ меоранду онҳо аз ночорӣ маҷбур мешаванд барои фоидаи ночиз онро болои рафҳо гузоранд ва зери борони маломати қиматфурӯшӣ мемонанд, раҳоӣ ёбанд. Ба ин хотир, вай ба бонувон маслиҳат медиҳад, ки худашон ҷамъоварии меваву сабзавоти тару тозаи маҳаллиро афзун намоянду онро хуб нигаҳдорӣ кунанд ва бо усули дастӣ ҳам бошад, коркард кунанд. Зеро онҳо танҳо чун неруи истеҳсолкунанда қодиранд ба нархи бозор таъсир гузоранд ва фоидаи бештар ба мардум ва ҳам ба худ биёранд.
Замира бо маҳсулоти худ ҳамеша дар намоишҳои хариду фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастӣ, ки дар шаҳру навоҳӣ баргузор мегарданд, ширкат меварзад.
Ба гуфти Замира вай сари кӯҳи баланд манзил гирифта, маънои байти „ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор“-ро дарк кардааст. Агарчӣ зиндагӣ дар кӯҳистон сахт бошад ҳам, шавҳари ғамхору меҳрубон ва хислатҳои неки мардум, ба мисли кушодадиливу самимият духтари водиро барои ҳамешагӣ пойбанди деҳаи кӯҳистон намуданд.
Ш. Мирзоҷалол