«Зиндагӣ дар Тоҷикистон бароям хуш аст, аммо бояд барои ояндаро сохтан, ба Маскав биравам. Синфи 9-умро хатм кардаму зодмандонам ба Русия рафтанд, зеро бо маоши ин ҷо зиндагии оиларо таъмин сохтан наметавонистанд. Дар оила ду фарзандем, ман ва бародари калониам Сергей. Сергей низ баъди хатми донишгоҳ ҷойи кори мувофиқ наёфт. Аз ин рӯ, ба шахри Маскав рафт. Модару падарам хонаро дар ихтиёрам гузоштанд, то онро иҷора дода, зиндагиямро таъмин намоям.
Баъд аз ба иҷора додани хона ҳамроҳи бибиям ба сар мебурдам. Аммо баъд аз чанд моҳ миёни мо мушкил эҷод шуд. Бо ҳар баҳона маро сарзаниш менамуд, тамоми кори хонаро бар дӯшам гузошт. Худаш бошад, то шом бо шиносу дугонаҳояш машғули суҳбат буд. Ба ҳамаи ин тоқат мекардам. Мехостам мактабро хатм намуда, ҳамроҳи дугонаҳоям дар донишгоҳ таҳсилро идома диҳам. Вале рӯз ба рӯз бибиям хулқу атвори худро дигар мекард, дигар аз маблағҳои фиристодаи Сергей ва пули иҷора бароям ҳатто роҳкиро намедод. Барои харидани китоб ва либос имкон надоштам. Аз ин рӯ, иҷоранишинҳоро берун карда, ба хонаамон баргаштам.
Чанд моҳи дигар Сергей ёрӣ расонду бо чӣ иллате кораш мушкил пайдо кард. Падару модар тайи ин муддат ягон пули пучак ҳам нафиристоданд. Барои таъин намудани рӯзгор маҷбур шудам, ба кор дароям. То зуҳр дар мактаб дарс мехондаму аз соати 15 то 20 дар хонаи шахсе кӯдакони ӯро нигоҳубин менамудам. Ба қавле момодоя шудам. Кор бо тифлакон бароям маъқул шуд, зеро аз хурдӣ орзу доштам, ки хоҳар ё додараке дошта бошам.
Ба ҳамин минвол ду сол гузашт. Ростӣ, моҳи аввал аз кор ба хона бармегаштаму танҳоӣ маро фишор меовард. Илова бар ин, духтараки 15-сола дар як хона танҳо, шабҳо хобам намебурд. Аксаран то субҳ бо чашмони кушода ба тиреза менигаристам. Ба тадриҷ бехобӣ маро ёр шуд, ки аз он хеле азияти зиёд мекашам. Баъзан шамол мехӯрдаму чанд рӯз дар хона танҳо азият мекашидам. Хушбахтона, мардуми тоҷик хеле меҳрубонанд. Баъзан дугонаҳоям маро ба хонаҳои худ мебурданду чанд рӯз бо онҳо аз танҳоӣ раҳо меёфтам. Хӯроки гармро аксаран намедидам, зеро вақте аз кор ба хона бармегаштам, аз хастагӣ хобам мебурд ё бехобӣ ба хастагӣ изофа мегашту дар бистар то субҳ аз паҳлу ба паҳлу мегаштам. Дар хонаи ҳамсинфону дугонаҳоям бо камоли майл ва иштиҳо хӯрок мехӯрдаму ором хоб мерафтам.
Танҳоӣ як тарафи мушкили ман буд. Дар Русия волидонам кори табъи дил наёфта, бо ҳар баҳона бо ҳам низову хархаша мекарданд. Маҷбур мешудам, ҳар ҳафта аз маблағи дарёфткардаам ба модарам занг зада ӯро дилбардорӣ намоям. Дилам ба ӯ месӯзад…».
Кадом хислату русуми мардуми тоҷик бароят писанд ҳасту чиро бояд ҳамсолонат тағйир диҳанд, мепурсам аз Катя.
«Хуб аст, ки волидон дар Тоҷикистон фарзандони худро дӯст медоранду тарбия мекунанд, вале ба назари ман онҳо бояд аз хурдӣ ба писарону духтарон мустақилиятро омӯзанд. Ба онҳо имкони озод гуфтани андешаҳояшонро диҳанд. Дар интихоби касб низ монеъ эҷод насозанд. Умуман, назари худро ба фарзандон таҳмил насозанд. Аксари ҳамсинфонам ба донишгоҳҳо шомил гаштанд. Аммо қисме ба донишгоҳ бо хости падару модар рафтанду бархе ҳам донишҷӯ шудаву ҳанӯз мустақил нестанд. Барои ҳаллу фасли одитарин мушкил ба волидон муроҷиат мекунанд, ки ба назарам, дар оянда мустақилияти онҳоро зери суол мебарад».
Дар масъалаи интихоби ҳамсар ва издивоҷ намудани ҷавонон ҳамсуҳбати ман чунин ибрози андеша намуд: «Намедонам, бо кадом сабаб баъзе волидон баъд аз хатми мактаби миёна духтаронашонро зуд ба шавҳар медиҳанд. Ин шитобкорӣ оқибати хуб надорад. Масалан, Рухсора ном ҳамсинфам мактабро аъло хатм намуд. Умед доштем, ки ба беҳтарни донишгоҳи Аврупо рафта таҳсилро идома медиҳад, чунки зодмандонаш шароити хуби молию моддӣ доранд. Аммо моҳи июл ғайриинтизор Рухсора шавҳар кард. Ба синни 18 нарасида буд. Ҳуҷҷатҳояшро иваз карданд. Ҳамагӣ чанд моҳ гузашту ӯ гирифтори мушкилоти оилавӣ шуд. Сатҳи маданияти оилаи нави ӯ аз хонаводаи падарӣ фарқ мекунад. Бо шавҳар дар ягон масъала «забон» намеёбанд. Падар аз кори кардааш пушаймон аст, аммо дер шудааст, ё Рухсора бояд таҳаммул кунад, ё зиндагии оилавии вай барҳам мезанад. Чунин тарзи муносибати мардуми таҳҷоии пойтахтро фаҳмида наметавонам».
«Дар мавриди созмон додани ҷашнҳои арӯсӣ ва миллии тоҷикӣ бояд ҳаминро бигӯям, ки хеле ҷолибу дилкаш сурат мегиранд. Расму русум ва анъанаҳои мардуми тоҷик ба ман хеле писанд аст. Вале дар баробари ин, хароҷоти зиёд менамоед, ки боз ҳам барои ман нофаҳмост. Мо дар ҷашни арӯсӣ чанд нафар наздикону пайвандонро даъват менамоем. Агар волидон имконият дошта бошанд, ба онҳо хона мехаранд ё дар моҳи асал ба хориҷа мефиристанд. Агар шароит набошад, арӯсу домод аз қайди давлатӣ гузашта, бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон баъзе оилаҳо шароит надошта бошанд ҳам, қарз карда, тӯйи бодабдаба мегузаронанду баъд аз тӯй бо нону чой иктифо менамоянд. Давраи хубии арӯсӣ, яъне моҳи асал бо ғаму қарзканӣ сипарӣ мешавад. Баъдан дар таваллуд ҷавонон хеле шитобкорӣ мекунанд. Маъмулан баъд аз як сол фарзанди аввали онҳо ба дунё меояд. Ба фикрам, ин тарзи муносибат ба зиндагӣ чандон дуруст нест. Беҳтар мебуд, агар 5- 6 соли аввал шаҳди зиндагиро чашида, карера мекардану баъд фарзанд ба дунё меоварданд. Ҷавонони тоҷик хеле зуд бори зиндагиро бар дӯши худ мегиранд, таваллуди фарзанд масъулият, хушбахтӣ ва дар баробари он азхудгузаштанҳои зиёде дорад. Шитобкорӣ дар ин мавриди чандон зарурат надорад».
Аз Катя суол менамоям, ки оё ба Тоҷикистон нияти баргаштан дорад?
«Чанд сол кору таҳсил намуда, ба по рост хезам, барои идомаи зиндагӣ ҳатман ба Душанбе бармегардам. Бе сармояи аввал пеш бурдани зиндагӣ имкон надорад. Тоҷикистонро дӯст медорам, дар ин ҷо хуни нофам рехтаву бузург шудаам. Баъдан, дӯстону дугонаҳои азизам ҳама дар Тоҷикистонанд. Бе онҳо ояндаи худро тасаввур кардан наметавонам», – посух медиҳад ӯ.
Фароруни Сабзқадам