06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РОҲ СӮЙИ ТОҶИКОБОД

 

Дар Тоҷикобод, яке аз ноҳияҳои зебоманзари водии Раштонзамин шахсиятҳои наҷибе зодаву ба воя расидаанд, ки бо заҳматкашиву дигар хислатҳои ҳамидаи хеш сазовори иззату эҳтироми мардуми диёр гардидаанд. Мавзуи нақши занон дар рушди ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон сабаб шуду роҳ гирифтем сӯйи ин диёри биҳиштосо.

Мо суҳбатро аз Дилафрӯз Эшонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, оғоз намудем, ки ба қавли масъулони ноҳия аз бонувони фаъолу худогоҳ ба ҳисоб меравад. Дилафрӯз солҳои 1998-2003 тариқи Квотаи президентӣ ДМТ-ро хатм намудааст.

– Агар мо дар таъмини духтарони болаёқати русто бо Квотаи президентӣ аз рӯи адл кор бурда, ба таълиму фаъолияти минбаъдаи онҳо диққати ҷиддӣ диҳем, дар ояндаи наздик мушкили кадрӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳалли худро меёбад, – мегӯяд ӯ. – Дар доираи дастгирии барномаи давлатии «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз тариқи озмун духтарони фаъолро ба кор ҷалб намудем, ки нафаре аз онҳо Ризқинисо Қамарова буд. Ҳоло ӯ ба ҳайси мутахассиси пешбари бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолият дорад. Боварии комил дорем, ки ин духтари кордону заҳматдӯст дар оянда ҳамчун кадри шоистаи соҳаи хидмати давлатӣ тарбия ва ба воя мерасад.

 

Зани хоҷагидору соҳибкор

Пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Тоҷикободро бидуни саҳми бонувон тасаввур кардан имкон надорад. Хоҷагии деҳқонии намунавии «Зафар»-ро Фарида Қутбиддинова ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба уҳда дорад. Чунин оилаҳое, ки аз ҳисоби даромади замин сатҳи зиндагии худро беҳ намуда, ҳамчунин дар ғанисозии буҷети ноҳия саҳм мегиранд, ангуштшуморанд, иброз медорад Назаралӣ Тошев, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев.

Онҳо баробари пешбурди кори хоҷагӣ дар маркази ноҳия фаъолияти ошхонаи хусусиро ба роҳ монда, маҳсулоти кишоварзиро пешкаши мизоҷон мегардонанд. Фарида соҳиби 11фарзанд буда, аз ҳисоби даромади ошхона ва хоҷагии деҳқонӣ шаклҳои гуногуни соҳибкориро ба роҳ мондан мехоҳад.

– Писаронам Зафар, Назриддин ва Насриддин дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, масоили молии пешбурди фаъолияти хоҷагиро дуруст мекунанд. Писарам Тоҷиддин ҳамроҳи дигар бародаронаш кори хоҷагии деҳқониро пеш мебарад. 80 гектар боғи нав бунёд кардаем, ки оянда аз он умеду интизориҳои зиёд дорем, – мегӯяд ӯ.

 

Соҳибэҳтиром аз ҳунар

Гулсунбӣ Самадова дар водии Рашт дар нонпазӣ ҳамто надорад. Вақте мо вориди ҳавлӣ шудем, ӯро машғули нонпазӣ дарёфтем. Нонпазӣ аз ҳунарҳои қадимаест, ки онро ба духтарони тоҷик аз овони наврасӣ меомӯзанд, – мегӯяд Гулсунбӣ. Тахминан ҳашт - нуҳсола будам, ки модарам маро назди танӯр шинонида гуфт: «Духтарҷон, гузаштагон фармудаанд: «Ҳунарро аз даст мадеҳу луқмаро аз даҳон».

Беш аз ним аср мешавад, ки Гулсунбӣ Самадова нон мепазад. Пайвандонаш мегӯянд, баъзан нонҳое мепазад, ки дар дастархон намеғунҷанд. Кадбонуи ин хонадон дар ҷашну маъракаҳои ҳамсояҳо ва хешовандон нону кулча, қалама ва ҳалвои ширӣ тайёр мекунад.

– Бароям ифтихор аст, ки вақте роҳбарон хоҳиш мекунанд, ки барои меҳмонони ба ноҳия ташриф оварда, маҳз ман нон пазам, – мегӯяд ӯ.

 

Асали давобахши Фароғат

Занбӯриасалпарварӣ аз соҳаҳои сердаромад дар ноҳия маҳсуб ёфта, ба он аслан мардон машғуланд. Фароғат Мирзоҷонова яке аз бонувоне мебошад, ки асалпарвариро пеша намуда, ба парваришу нигоҳубини 65 оилаи занбӯр машғул аст.

– Дар сардиҳои зимистони имсола чанд оилаи занбӯри асалро аз даст додем, аммо тобистон мусоид омаду бовар дорем, ки шумораро аз нав барқарор мекунем, – бо итминон мегӯяд Фароғат.

Ӯ занбӯрпарвариро аз падару бародараш омӯхта, имсол ният дорад аз ҳар оила 15-18 кг асал ҷамъоварӣ намояд.

Ба гуфти Фароғати занбӯрпарвар табиати хушобу ҳавои Тоҷикобод имкон медиҳад, ки теъдоди оилаҳои занбӯри асал чандин баробар зиёд карда шавад. Аммо барои рушди соҳаи занбури асал хоҷагидорон ба қарзҳои камфоиз ниёз доранд.

– Хуб мешуд, ки аз ҳисоби Грантҳои президентӣ ба мо ёрии моддӣ мерасониданд, то ин соҳаи бағоят муҳимро рушд дода, дар таъмини сокинони кишвар бо асали хушсифат саҳми бештар гузорем. Агар имкони моддӣ медоштам, духтаронро ба занбӯрпарварӣ ҷалб намуда, бо ин васила барои онҳо ҷойи кору шуғли сердаромад муҳайё мекардам.

 

Зебо Давлатова,

Душанбе -Тоҷикобод - Душанбе

:.  Аз ҳар боб 06.08.2013 04:05 2923

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz