Равшани Махсумзод - Муҳаррири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе»
Мавқеи зан дар нигаҳдории оила, тарбияи фарзандон ва умуман ҳаёт хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, онҳо бояд аз тарафи мардони хонадон ҳамаҷониба таъмин гарданд.
Аввал ин ки зан бояд ҳаё дошта бошад, зеро шарму ҳаё ва иффат зевари занон аст ва ба ҳусни ҷинси латиф ҳусн зам мекунад. Агар нек бингарем, вақте шарм рухи бонувонро мешӯяд, онҳо аз нигоҳи мардон зеботару дилкаштар мешаванд. Хулқи некуи бонувон маҳз аз ҳамин хислати онҳо сарчашма мегирад. Зани боҳаё доно, зирак, оқила, баору номус ва мавридшинос аст. Ҳаё пардаест, ки занро аз шарру шӯри дунё эмин медорад.
Дуюм, чизи барои бонувон зарур меҳр аст. Зан бояд ҳатман меҳрубон бошад. Калимаҳои зану меҳр ба ҳам тавъаманд. Меҳри занон сарчашмаи ҳама гуна меҳрубониҳост. Беҳуда модарро синаи раҳм намегӯянд. Агар занон моро намебахшиданд, ин замин кайҳо аз тири худ ҷудо мегашт. Фёдор Достоевский навишта буд, ки дунёро зебоӣ наҷот медиҳад. Манзури нависанда аз вожаи зебоӣ меҳр аст, яъне афзудани меҳру муҳаббат байни инсонҳо. Ва меҳр дар вуҷуди ҳар инсон ҳанӯз дар батни модар тавлид мегардад ва баъдан ҳар нафар вобаста ба фаросату ақли хеш онро дар тӯли ҳаёт зарра-зарра меафзояд.
Савум чизи ҳатмие, ки зан бояд дошта бошад, оилаи обод аст. Рисолати азалии занон рӯшан нигаҳдории чароғи хонадон ва ба дунё овардани фарзанд аст. Худованд ин рисолати офариданро ба зан дода, масъулияти гаронеро ба дӯшаш ниҳода аст. Маҳз занон дар тӯли таърих мактаби оиладориро побарҷо нигоҳ доштанд ва имрӯз мо аз анъанаҳои оиладории миллиямон, ки чун меҳвар анъана ва урфу одатҳои миллиамонро нигоҳ медорад, мефахрем. Барои ин бояд аз занон миннатдор бошем.
Нозирҷон Ёдгорӣ - Сардори хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик»
Як муҳимияти зан ин аст, ки ҳамеша чеҳраи пуртабассуму хандон дошта бошад. Дуюм, ҳалиму меҳрубону маҳин бошад, дар рафтору гуфтору кирдор ва дар сирату сурат. Сеюм, гузашт карда тавонад. Ҳар гуноҳи мо, мардонро, ки одатан дағалу асабиву хашмгинем, бахшида тавонад. Ба мо, ки гузашт карда тавонанд, мо андеша мекунему ислоҳ мешавем.
Исо Абдурашидов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Якум, тамизу одоб, дуюм, тарбияи хуб ва бохабар будан аз фарҳанги миллии худаш, сеюм, сирати хуб дошта бошад. Нақшу нигор, пухтупаз, дар гаҳвора хобонидани кӯдак ва умуман корҳои рӯзгор аз оддитарин корҳои маъмулии зани тоҷик аст.
Агар мо, мардон, ба қадри бонувон расида тавонему мавқеи воқеияшонро дар хонавода ва ҷамъият боло гузорем, имони комил дорам ҳамеша эҳтироми моро ба ҷо меоранд.
Фазлиддин Насриддинов - Роҳбари Анҷумани волидони кӯдакони аутизмдор «Ирода»
Ҳеҷ кадом аз дороиҳои зан муҳимтар аз инҳо нест: имон, фарзанд ва обрӯ. Ҳар чизи набудаи дигарро метавон пайдо кард, ба ҷуз инҳо, ки гуфтам.
Ҳамон тавр, ки имон асос ва бунёд барои таъсиси хонаводаи солим аст, ҳамон андоза муҳим барои зан аст. Дувум, фарзанд барои зани комил аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад, бубинед, ширинии зиндагии зан фарзанд аст. Шукуфоии пурраи зан бошад, пас аз тавлиди фарзанд оғоз мешавад. Сеюм, зан ҳатман бояд соҳибобрӯ бошад, чунки обрӯ аз асоси мавқеи солим доштани зан дар ҷамъият гувоҳӣ медиҳад. Ҳарчанд обрӯ баъзан сунъӣ низ шуда метавонад ва атрофиён аз будан ё набудани он суиистифода мекунанд. Яъне ин категорияи нисбӣ аст.
Нур Табаров - Драмнавис
Меҳру муҳаббат ва садоқат. Тамоми бори зиндагӣ бар дӯши бечора зан аст, зеро худаш сарчашмаи меҳру муҳаббату садоқат аст. Дар калимаи меҳр ҳама хубиҳо нуҳуфтааст. Шахсе, ки меҳр дорад, боназокат аст, озода аст, зебо аст. Одами бе меҳру муҳаббат аз некиҳо орӣ аст. Меҳр ду маънӣ дорад, як маънияш хуршед аст ва бовари қадимии эронинажодҳо меҳрпарастӣ буд. Яъне, модар мисли хуршед аст, ки ба ҳама офаридаҳояш баробар нур мепошад. Дар ин нурпошӣ ҳам меҳр аст, ҳам муҳаббат аст ва ҳам садоқат. Сеюмашро намедонам.
Абдувоҳид Ғоибӣ - Устоди кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Аз ҳама хислати зарурӣ барои зан покдоманӣ аст. Зеро зани покдоман созандаи оилаи хуб ва умуман давлату миллат аст. Муҳаббати зан низ аз хислатҳоест, ки бидуни он намешавад ӯро тасаввур кард. Зан метавонад дар байни аъзои оила муҳаббатро парвариш диҳад. Бинобар ин вақте модар дар вуҷуди фарзанд муҳаббатро ҷо мекунад, ӯ ҳаргиз фарзанди бади миллат шуда наметавонад. Таҳаммулпазирӣ аз шартҳоест, ки занро ба ҳама қуллаҳои орзу мерасонад.
Ғолиб Исломов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Азбаски имрӯз дар ҷомеаи мо занони бодонишу ҷуръат каманд, ин ду хислатро барои онҳо муҳим медонам. Зеро модарону бибиҳои мо дар гузашта занони боҳаёву дониш ва дар баробари ин боғуруру боҷуръат буданд. Ҳамчунин бояд онҳо ба худ бовар дошта бошанд. Он вақт муваффақ гардида, эҳтироми хонавода ва ҷомеаро сазовор мешаванд. Охир ҳама чиз бастагӣ ба зан дорад. Масалан, агар мехоҳад фарзандон баномус, ростгӯву мустақил гарданд, бояд худаш ин хислатҳоро доро бошад. Босаводиву далерии зани тоҷик реша дар таърих дорад, зеро Гурдофариду Таҳминаву Рудоба бо шуҷоату саводу кордонӣ маъруф буданд. Имрӯз ҳам чунин занон ҳастанд, вале хеле каманд.
Таҳияи Раҳима Бобоева