05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТИ ДУОИ МОДАР

Холаи Кибриё зодаи шаҳраки Обигарм буда, 40 соли пеш ба Файзобод арус шуда омад ва дигар зиндагиро ин ҷоихтиёр кард. Шавҳари шодравонаш Саттор Ғаффоров аз шахсиятҳои бонуфузи ноҳия ба ҳисоб рафта, байни мардум соҳибэҳтиром буд. Ӯ дар рушди савдо саҳмгузор буд. Хурду калони ин оила бо меҳнати ҳалол зиндагии хушбахтона доштанду доранд. Имрӯз холаи Кибриё дар олами хотираҳо аз шавҳару рӯзгори хуши гузаштааш зиндагӣ дорад.

Бибӣ Кибриё саъю кӯшиш мекард, ки ҳамаи фарзандон соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар пешрафти Ватани азизи худ саҳмгузор бошанд.

Ба суоли Орзуи шумо дар зиндагӣ чист? Кибриё Сатторова гуфт:

– Тарбияи фарзандони солеҳу солим ва саховатпеша аз орзуву ҳавасҳои ҷавонии ман буд. Вақте соҳиби фарзанди нахуст шуда будем, бузургони оила дуояш дода буданд: «Худоё, як фарзанди саховатпешаи диёр гардаду дасташ ба кӯмаку дастгирии ҳамагон бирасад». Вақте имсол фаҳмидам, ки писарам Ҷамшедҷонро ҳамчун «Беҳтарин саховатманди  диёр» эътироф карданд, аз шодӣ ашк рехтам. Албатта, дар миёни соҳибкорону саховатмандони ноҳияи Файзобод, ки теъдодашон бешумор аст, беҳтарин шахси саховатманд шудан, иқболи баланд аст. Шукри Худовандро дорам, ки дуои қариб нимасраи бузургмардони хонаводаамон дар ҳаққи писарам Ҷамшедҷон мустаҷоб гардонид. Вақте мешунавам, ки дар ноҳия иззату эҳтиромаш мекунанд, аз фарзандам ифтихор менамоям.

Аз ифтихори модар ба ваҷд меояму талабгори амалӣ гаштани дуои некаш ҳастам, ки вақти гусел мегуфт: «кош сафи  ҷавонмардони саховатпешаи Тоҷикистони азиз зиёду давлаташон афзун бигардад, то дар ин диёри биҳиштосо дигар нафаре хору залил, бечораву муҳтоҷ набошад».

Р.Назир, н.Файзобод
:.  Аз ҳар боб 16.05.2013 11:49 4983

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz