05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД

 

Ӯ аз соли 2005 раиси маҳаллаи рақами 24 мебошад.

Руқия ҳамеша дар ҳар бурду бохти ин маҳалла худро масъул меҳисобад. Аз дигаргунӣ ва дастовардҳои сокинон ва ҳудуди маҳал ҳамеша шодмонӣ мекунад аз ғалату хато, корҳои ношоистаю номатлуби одамон ғамгин мешавад. Дар сӯҳбату нишастҳо, бо сокинони маҳаллаи рақами 24 ҳамеша сухан аз боби ахлоқу рафтори нек, ва Қонуну қарорҳои Ҳукумату Давлати Тоҷикистон мегӯяд. Руқия ҳамеша дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо сокинони маҳалла сӯҳбатҳо доир карда, кӯшиш мекунад, ки тамоми чорабинӣ ва ҷамъомадҳояш судманд, ба манфиати мардум бошад.

Маҳз бо кӯшишу заҳмати ӯ имрӯз мардуми маҳалла ҳангоми гузаронидани маъракаву маросимҳои худ дар доираи қонунҳои ҷоришуда фаъолият намуда, ба камбудию қонуншиканиҳо роҳ намедиҳанд. Тамоми чорабиниҳо: хатнасур, тӯйҳои хонадоршавӣ ва маросимҳои дафну мотам бо харҷи кам доир мегардад.

Руқия Ғаниевна Латипова
          Соли гузашта бо кӯшиши ӯ ва сарпарастии шахсони саховатпеша дар маҳалла 13 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хатнасур шуда, тӯи хонадоршавии ду нафар ҷавонон барпо гардид. Ин маҳалларо ӯ чун хонаи худ дӯст медорад ва ҳамеша барои ободии он дар талош аст. Сокинони маҳалла аз сухани ӯ ҳаргиз сарпечӣ намекунанд, зеро хеле хуб медонанд, ки роҳбари маҳалла ҳаргиз ба зарари онҳо коре накардаву чизе нагуфтааст. Барои Руқия тозаю озода будани маҳалла ва дар доираи қонун ва ахлоқи ҳамида фаъолият кардани сокинон дар ҷои аввал меистад. Ӯ ҷавононро ҳамеша ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Дар вохӯриҳои сарироҳӣ ё ҷамъомадҳо оид ба ахлоқи одоб ҳарф мезанад ва ҳамеша ба онҳо мефаҳмонад, ки аз ҳар гуна шахсоне, ки барои манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ташвиқот бурда, барои ҷалби ҷавонон кор мебаранд, канораҷӯӣ намоянд. Дар интихоби роҳи росте, ки ба манфиати ҷомеа ва Ватан нигаронида шудааст, ба саҳлангорию  хатогӣ роҳ надиҳанд.

Дар маҳалла ду гӯшаи деҳқон фаъолият мекунад, ки маҳз бо кӯшиши ӯ бунёд гардида мардумро дар чор фасли сол бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамоянд.

Вобаста ба пешниҳодҳои Президенти мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе оиди сарсабзгардонӣ ва бунёди боғҳои нав, ӯ дар ду гӯшаи маҳалла ду боғ бунёд кард. Заминҳоеро ки санглоху партовҷо буданд, ба гулистон табдил дод.

Ӯ ҳамчун зан, модари се фарзанд низ ҳаст. Дар тарбия ва касби камоли фарзандон ҳам заҳмат кашида онҳоро соҳиби касбу  ҳунар кардааст.

Ӯ аз соли 2005 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.

Тарғибу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ ҳамчун ҳизби созанда ва ҷомеаофар ба кори муқаррарии ӯ табдил ёфтааст. Тамоми дастовардҳои навини кишварро аз заҳмату талошҳои пайвастаи Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунад. Маҳз бо мақсади дастрасии иттилоотӣ оиди чорабинӣ ва дигаргуниҳо дар раванди кори ҳизб нафарони зиёд бо тарғиби ӯ ба узвияти ҲХДТ пайвастанд.

Мо ба Руқия Латипова ва фаъолияти минбаъдаи ӯ барору комёбӣ таманно мекунем.

Маҷнуни КАРИМ

:.  Аз ҳар боб 16.05.2013 11:43 5982

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz