05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҶЛИЛ АЗ НАВРӮЗ НИШОНИ ҚАДИМӢ БУДАНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТҲОСТ

 

 

То ҷойе ман суроғ дорам, дар ҳеч ҷойи дунё Наврӯзро мисли Озарбойҷон таҷлил намекунанд. Албатта, ҳар кишваре, ки ин ҷашнро таҷлил мекунад, вижагиҳои худро дорад. Аммо Наврӯзи Озарбойҷон чизе дигар аст.

Дар кишвари мо чаҳор чоршанбе ба унвони муқаддимаи Наврӯз таҷлил мегардад. Яъне аз як моҳ қабл омодагӣ ба Наврӯз шуруъ мешавад. Чоршанбеи аввал чоршанбеи об аст. Чоршанбеи дувум чоршанбеи оташ аст. Чоршанбеи севум чоршанбеи бод аст. Чоршанбеи чаҳорум чоршанбеи хок аст. Ин чаҳор унсур, ки асоси зиндагии бани башар аст, бар асоси боварҳо ва таҷрибаҳои илмӣ гиромӣ дошта мешаванд. Дар ҳар кадоме аз ин рӯзҳо маросимҳои вижае ба роҳ андохта мешаванд, ки ҳоло бино ба камии саҳфаи маҷалла имкони шарҳи муфассали ин маросимҳоро дар ихтиёр надорам.

Инҳо муқаддамоти наврӯзӣ ҳастанд. Худи рӯзи Наврӯз хеле васеъ ҷашн гирифта мешавад. Ҳама ҷо мусиқӣ асту мардум либоси тоза ба бар мекунанд. Ва ҳатман ашёи ба дард нахурро аз хона меандозанд ба берун ва мегӯянд ҳар дарду балое, ки ҳаст, бо ин чиз ба берун биравад. Ин ҳам фалсафаи худро дорад.

Рӯзи Наврӯз ҳар хонае суфраи хуб меандозад ва ҳамон ҳафт сину ҳафт шинро рӯйи дастархон фароҳам меорад. Одамон ба манзили ҳамдигар мераванд ва барои якдигар дуои нек мекунанд. Ба кӯдакон ҳадя медиҳанд.

Иди Наврӯз ба унвони ҷашни гуфтугӯйи тамаддунҳо ва сулҳу дӯстӣ байни миллатҳо аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ тасвиб шудааст, ки дар ин саҳми Озарбойҷон ҳам ҳаст. Ҳамчунин ин ҷашн дар ЮНЕСКО ба унвони як сарвати ғайри-моддии миллатҳо эътироф гардидааст.

Ман аз фурсат истифода карда, ба тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро аз самими қалб табрик мегӯям. Барои Тоҷикистон суботу сулҳу амният орзумандам. Таманно мекунам, ки дар Соли Нав муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз пеш комилтару зичтар бигарданд.

 

Гасанов Аббосалӣ Карамогли, сафири фавқулода

 ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

:.  Аз ҳар боб 04.04.2013 05:16 2369

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz