05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МЕҲРОНА

 Фароғат Қурбонова

Фароғат Қурбонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ваҳдат:

Оиларо муҳимтарин ячейкаи давлат меҳисобанд. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бахши аъзами вазифаҳои хонаводагӣ бар дӯши занон-модарон аст. Иҷрои ин вазифаи муқаддас ва рисолати бузургеро, ки зан-модар бар дӯш дорад, аз мо, занони Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки бо кору рафтору пиндори нек намунаи насли имрӯзи Ватан бошем.

Иди баҳору модаронро ба ҷумла бонувони Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон тансиҳатию хонаободӣ, бахту саодати беназир таманно дорам.

 

Қамариддин Мирзоев, ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов:

Қамариддин МирзоевШоир гуфтааст: «Зан модари ман, модари ту, модари дунёст». Яъне зан пеш аз ҳама олиҳаи бузург ва модар аст. Худованд баъд аз худ дар рӯйи замин маҳз ба зан-модар қудрати офарандагӣ дод. Модар ба сифати офарандаву созанда сазовори ҳама гуна ҷашну эҳтирому дӯстдорист. Зеро ӯ пеш аз ҳама ҳаётро меофарад ва зиндагиро сафову нур мебахшад. Бонувон гармии рӯзгори моянд, барои рӯшноиву зебоии зиндагиямон бояд аз онҳо миннатдор бошем.

Таманно дорам занону модарону хоҳарони азизи мо мисли баҳор, ки бо иди онҳо сар мешавад, зебо бошанду ҳамвора рӯзгори моро сафову гармӣ бахшанд. Ба гуфти шоир:

Равшании хонадон аз ҳусни зебои зан аст,

Хонаободӣ яқин аз ақли барҷои зан аст.

 

Насрулло ТӯйчизодаНасрулло Тӯйчизода, котиби масъули маҷаллаи «Илм ва ҳаёт»:

Баҳор... Зан... Ишқ ва Зебоӣ... Бубинед, Худованд ин вожаҳоро беҳуда ба ҳам тавъаму муродиф наофаридааст. Бонувон ва модарони азиз, ҷашнро бароятон самимона шодбош мегӯям. Бигзор баҳори сабзи зиндагӣ ҳамеша ёри шумо бошад. Зан худ таҷассуми зебоӣ ва олиҳаи ҳаётбахши зиндагист. Модар будан ифтихору шараф ва масъулияти бузургу беқиёс аст. Шояд рамзӣ бошад, ки Рӯзи Модар ҳамасола дар оғози баҳори нозанин ҷашн гирифта мешавад.

Модар! Ба инсоне, ки ба ман ҳаёт туҳфа кардааст, чӣ ҳам эҳдо карда метавонистам? Танҳо барояш хушбахтӣ ва саломатӣ мехоҳам!

 

Шуҳрат ҚудратовШуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос:

Бонувони Тоҷикистонро бо ҷашнашон самимона табрик мегӯям. Ҷашнгирии иди бонувон дар фасли баҳор бозгӯйи он аст, ки ҷинси латиф зебову дӯстдоштанист. Бонувони ази-зи мо на танҳо дар хонавода ва тарбияи фарзанд, балки дар корҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, соҳибкорӣ, варзишӣ ва дилхоҳ соҳаи дигар муваффақанд. Ба бонувон хушрӯзиву комгорӣ мехоҳам. Мо, мардон, замоне пешрафт хоҳем кард, ки ҷинси латифро эҳтиром гузошта, аз худамон кам надонем. Ҷашнатонро аз самими дил муборак мегӯям ва орзуи тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, бахти сафед ва дар хонаводаатон оромӣ орзумандам. Ид муборак!

 

Агар зан нест, умр ҳам дар ҷаҳон нест,

ҷаҳон бе зан агар набвад ҷаҳон нест.

 Моҳпайкар Ёрова

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов:

Ба бонувони тоҷик пеш аз ҳама саломатӣ хоҳонам. Модарон офтоби дурахшоне ҳастанд, ки бар сари мо рӯшноиву гармӣ мепошанд. Бигзор ин хуршед дар ҳар хонаводаи тоҷик нур пошад. Ба ҳама бонувон хонаводаи солиму осуда ва шавҳару фарзандони тифоқ орзу дорам. Таманно мекунам, ҷавонмардони воқеан ҳам ҳақиқиву шуҷоъ ва номвари тоҷик ҳамеша ҳомиву пуштибонашон шаванду ҳаргиз нагузоранд, ки дар пойи бонувонашон хоре халад.

 

Нозим Нурзода, коршиноси масоили фарҳангӣ:

Нозим НурзодаДонишманд ва файласуфи варзидаи Олмон Симона де Бовуар дар китобаш «Ҷинси дувум» таърих, ташаккул, ҳиммат, донишу фазилату маърифати занро дар таърихи фарҳанги башарӣ баррасӣ карда, ба хулоса омадааст, ки мард бе зан ва зан бе мард зиндагӣ карда наметавонанд. Ва зан ҷинси асосӣ буда, дар зиндагӣ такягоҳи мард аст. Воқеан ҳам зан ба сифати як ҷинси зарурӣ дар рушди ҷомеа саҳми сазовор дорад. Занҳо тамоми сол ин рӯзро интизорӣ мекашанд, ки кай мардон онҳоро табрик мекунанду ба қадрашон мерасанд. Мардон бояд бонувонро дар баробари худашон бидонанд ва эҳтиромашонро ба ҷо биёранд.

Таманно дорам, зан дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми воқеияшро дарёбад. Мақоми воқеии занро дар меҳрварзию меҳрпарвариву меҳрпарастияш медонам. Агар ҳамин меҳрпарастӣ набошад, зан аз мард фарқ намекунад. Орзу дорам, меҳр дар ниҳоди зан ба сифати асл аз нав зинда шаваду тамоми ҷомеаи башариро ба нури меҳру садоқату самимияташ равшан кунад. Зинда бошанд занҳои тоҷик.

 Самад Ғанӣ

Самад Ғанӣ, сароянда:

Аз самими дил ҳамаи модарон, хоҳарон ва бонувони зебои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро табрик мекунам. Бонувони хубчеҳраи кишвар, ҳамеша меҳрубон, хандон, зебо ва саломат бошед! Дар ёд дошта бошед, ки бароямон ҳама вақт азизу гиромӣ ҳастед ва мо барои шумо ба ҳама қурбонӣ омодаем. Зеро шумо арзандаи ҳама гуна дӯстдориву эҳтиром ва навозишу меҳрубониед. Бонувони гаронқадр, шуморо дӯст медорам.

 

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои «Ватан»:

Субҳон ҶалиловМаксим Горкий гуфта буд, ки ҳама зебоиҳо дар зиндагӣ аз нуру гармии офтоб асту аз шири модар. Ҳама гармиву саодати зиндагиямро аз гармии муҳаббати модарам ва занҳое медонам, ки наздиктарин шахсони мананд. Меҳрубониҳои модарамро замони наврасӣ ва донишҷӯиям ёд дорам, мазаи нону шире, ки ба халтаи донишҷӯиям мегузошт, ҳанӯз аз даҳонам нарафтааст.

Бубинед, бо ҳама гуноҳу бемеҳрӣ модарону хоҳарони мо чӣ андоза моро дӯст медоранд. Ва аз нобарориҳои мо маҳзун мешаванд. Онҳо дили беандоза бузург доранд ва муҳаббати фарзанду набераву абера дар он меғунҷад. Пас, меарзанд, ки ба пояшон саҷда кунем.

Модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон! Ҷашн-ро бароятон самимона муборакбод мегӯям. Ҳамеша сарбаланду саломат ва муваффақ бошед, ки сари баланду сиҳатӣ ва муваффақияти мо аз шумо вобаста аст.

 Файзигул Юсуфова

Файзигул Юсуфова, сароянда:

Баъд аз Худованд бузургтарин кас модар аст. Мехоҳам ҳама занҳо хушбахт бошанд. Саломативу рӯзгори хайру осударо барояшон орзумандам. Худованд сояашонро аз сари фарзандонашон кам накунаду ҳамеша аз рафтору кирдор ва мушкилиҳои фарзандонашон огоҳ бошанд. Таманно дорам, ки хушбахттарин зан бонуи тоҷик бошад. Бонувони тоҷикро дар ҷашнашон бо либоси атласу чакан дидан мехоҳам.

 

 

Таҳияи

Раҳимаи Аъзам

:.  Аз ҳар боб 03.04.2013 05:51 3854

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz