Дар охирин шумораи соли 2012-и маҷаллаи «БТ» таманнои яке аз хонандагони мо ин буд, ки соли 2013 бештар мавзуъҳои марбут ба муҳоҷиронро инъикос кунем. Ин хонандаи мо Сайрам Гулаёзова, як муҳоҷирзани тоҷик буд, ки таманнояшро сарфи назар накардем ва аввалин мавзуъ дар робита ба муҳоҷиронро ҳам аз худи ӯ шуруъ намудем. Сайрам Гулаёзова ҳамшираи шафқат буда, феълан дар яке аз қисмҳои низомии Русия фаъолият дорад.
Сайрам Гулаёзова дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Пас аз хатми синфи 8 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе шомил гардид. Соли 1994 донишҷӯйи факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мешавад. Ҳамзамон аз ҳамон сол дар қисми низомии сарҳадбонии қӯшунҳои Русия дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст.
– Чӣ сабаби муҳоҷирати Шумо шуд?
– Моҳи апрели соли 1994 ба қисми ҳарбии сарҳадбонии Русия дар Тоҷикистон ба кор даромадам. Вазифаи қисми ҳарбии мо аз муҳофизат намудани сарҳади Тоҷикистон иборат буд ва ман имрӯз хурсанд аз онам, ки дар он солҳо баҳри оромӣ ва сулҳу салоҳи ҷумҳурӣ ҳиссаи хоксоронаи худро гузоштам. Моҳи ноябри соли 2004 сарҳадбонони Русия аз хоки Тоҷикистон берун шуданд. Ман то моҳи майи соли 2009 дар пойгоҳи ҳарбии 201 – ум, дар шаҳри Қӯрғонтеппа хизматро давом додам. Соли 2009 маро барои идомаи кор ба шаҳри Самараи Федератсияи Русия гузарониданд. То имрӯз дар ин ҷо хизмат мекунам.
– Хидмати Шумо аз чӣ иборат аст?
– Ҳамчун ҳамшираи шафқат дар дастаи низомии посдорони сулҳ адои хизмат мекунам. Аз айёми кӯдакӣ, ҳангоме ки дар кӯча шахсони низомиро дучор меомадам, бо ҳавас ба онҳо менигаристам ва дар дилам орзуи ба онҳо монанд шуданро ме-парваридам. Дар ниҳоят Худованд маро ба ин ор-зуям расонд.
– Оё дар ин шаҳр муҳоҷирони дигарро вохӯрдаед?
– Дар шаҳри Самара тоҷикони зиёде зиндагӣ ва кор мекунанд.
–Шумо барои муаррифии Тоҷикистону тоҷикистониён чӣ саҳме гузоштед?
–Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шукронаи он мекунад, ки Худованд аз Ватани азизамон саховаташро дареғ надоштааст ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаашро пур аз ганҷ, обҳои мусаффо ва осмони нилгунро ато намудааст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин сулҳу салоҳро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, аз наслҳо ба наслҳо бирасонем. Ҳамин тавр ман ба ҳамхизматонам Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам.
– Ҷашнҳои миллиро таҷлил мекунед?
– Кулли тоҷикони шаҳри Самара бо хурсандии зиёд атрофи дастархони бо ғизоҳои миллӣ орошуда Наврӯзро ҷашн мегиранд. Намоишҳои гуногуни рақсу суруд доир мешаванд.
– Ҷойи зистам шаҳраки ҳарбист. Ин ҷо низ тоҷикон ҳастанд, мо ба хонаи ҳамдигар рафтуомад дорем. Бо ҳамхизматонам дар бораи таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз суҳбат менамоем. Ҳамкоронро бо таомҳои миллии худамон пазироӣ мекунам ва дар бораи ғизоҳои тоҷикӣ маълумот медиҳам. Ин ҷашнест, ки ба фасли зеботарин рост меояд, табиат аз нав зинда мешавад, офтоб ба ҳар як гулу бутта неру мебахшад ва табиист, ки дар дили инсонҳо низ умеду орзуҳои нав пайдо мешаванд.
– Чӣ ният доред: ба Тоҷикистон бармегардед ё он ҷо мемонед?
– То охири хизматам чанд соли дигар мондааст. Худо хоҳад, баъди адои хизмат ба Тоҷикистон бармегардам. Ба фикрам, инсон ҳар ҷойе, ки бошад ва чӣ қадар зиндагии шоҳонае ҳам дошта бошад, доимо дар ёди обу хоки Ватан аст.
Мусоҳиб Ё. Ҳалимов