05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МО АЗ НАВРӮЗИ ТОҶИКОН ТАҶРИБА АНДӮХТАЕМ

 

 

Наврӯзи имсола барои Туркманистон хотирмон хоҳад буд. Чун бори нахуст аст, ки Наврӯз дар ин кишвар ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Туркманистон дар арафаи Наврӯз мизбони меҳмонони сатҳи байналмилалӣ аст. Меҳмонон аз даҳҳо кишвари дунё даъват шудаанд.

Рустамова Чинор Тоҷиевна,  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
           Наврӯзгоҳи Туркманистон дар мавзеи хушманзараи доманаи кӯҳи Копетдак, дар наздикии Ашқобод ҷойгир шудааст, ки бе гуфтугӯ аҳамияти ин ҷашнро болотар хоҳад бурд. Дар ин мавзеъ 60 юрти туркманӣ қомат афрохтааст, ки ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, суннатҳои наврӯзии худро дохили яке аз ин юртҳо муаррифӣ мекунанд. Ба ин мақсад 35 нафар аз намояндагони фарҳангии тоҷикон ба Туркманистон даъват шудаанд.

Гузашта аз ин, дар Туркманистон ҳамасола Наврӯз бо ҳашамат таҷлил мешавад. Кишвари мо 5 вилоят дорад. Ҳар вилоят анъанот ва русуми вижаи худро дорад. Ғизоҳои маҳаллӣ, сару либоси махсуси худро доранду ҳатто санъати қолинбофии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Аммо дар маҷмуъ Наврӯз як ҳадаф дорад: муттаҳид гардонидани инсонҳо. Ин ҷашн васлкунандаи инсонҳои мухталиф аст.

Наврӯз ҷашни меҳнатдӯстон аст. Наврӯз оғози баҳор аст. Фарорасии баҳор чи дар Тоҷикистон ва чи дар Туркманистон баробар аст. Биноан, ин ҷашн аҳамият пайдо кардаасту аҳдофи воҳидро суроғ дорад.

Дар арафаи Наврӯзи соли 2010 президенти мо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон ташриф овард. Мо он замон хулоса бароварда будем, ки Наврӯз ҳамчунин асоси тарғиби фарҳангу маданият аст. Ва аз Наврӯзи тоҷикон барои худ таҷриба ҳосил кардем.

Дар арафаи Наврӯз хонандаҳои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро муборакбод мегӯям, барояшон хушбахтиву тансиҳатиро таманно дорам.

 

Рустамова Чинор Тоҷиевна,

сафири фавқулода ва мухтори

Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
:.  Аз ҳар боб 02.04.2013 11:44 2213

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz