Дар арафаи ҷашни Нарӯз ба пойтахти ҷумҳурӣ меҳмонони зиёде ташриф меоранд: аз дуру наздик ва аз хориҷ. Муносибат ва ахлоқи меҳмонони хориҷиро мавриди арзёбӣ қарор намедиҳем, зеро онҳо аксаран хӯйи ҳамида доранд ва ба заҳмати мардуми пойтахт арҷ мегузоранд. Аммо муносибат ва рафтори мо, шаҳрвандони пойтахт ва меҳмонони аз навоҳиву деҳот омада, нигаронкунанда аст. Аксаран, дар ҳолатҳои баррасии мавзуи мазбур аз муносибат ва рафтори на чандони шоистаи ҷавонон лаб бар шикоят во мекунем, аммо, агар даст дар панҷаи ҳақиқат гузорем, бояд эътироф созем, ки ахлоқ ва рафтори насли калонсол низ шоистаи таҳсин нест.
25-уми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба хотири ҷашни Наврӯзи хуҷиста сабқати гӯштин созмон дода шуд. Тақрибан соати 8 роҳҳои мошингард ба сӯйи Наврӯзгоҳ баста шуданд, зеро мардум ҷониби майдон мерафт.
Ҷойи тазаккур аст, ки тайи чанд соли охир, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар пойтахт боғҳои истироҳатию майдонҳои варзишии зиёде сохта шуданд, ки барои тафреҳ ва созмон додани ҷашнҳо хеле мувофиқанд. Яке аз чунин мавзеъҳои тозаву навбунёд Наврӯзгоҳ аст.
Мо ҳам дар баробари дигар ҳамшаҳриҳо ва меҳмонон ба Наврӯзгоҳ рафта, дар ҷойи мувофиқе нишастем. Ҳанӯз сабқат шуруъ нашуда, аз рафтор, гуфтор ва муносибату гуфтугӯйи баъзе одамон хаставу асабӣ шудем. Марди тақрибан 50-солае писта мехӯрду пӯчоқи онро рӯйи замин мепартофт. Ҷавоне донаи офтобпарасту мехоиду пӯсти онро ба тарафи чапу рост ба замин меандохт. Шахси дигаре бо худ моҳӣ овардаву мехӯрд, дар дасти дигаре самбӯса буду нафаре сигор мекашид. Марде воқеаеро ба ҳамсояаш қисса мекарду аз вожаҳои фаҳш истифода менамуд. Хуллас, манзарае моро иҳота карда буд, ки агар нарм карда гӯйем, намунаи бефарҳангӣ буд. Чунин тарзи муносибат гӯиё меъёр бошад, ки касе ба онҳо чизе намегуфт. Таҳаммулро аз даст додаву ба марди пистахӯр муроҷиат намудам, ки пӯчоқи пистаро ба замин напартояд. «Ҳеҷ гап нест додар, баъд аз сабқат Наврӯзгоҳро мерӯбанд», – посух дод ба ман. «Чаро Шумо заҳмати модарону хоҳарон ва умуман шахсонеро, ки чунин шароитро бароямон омода намудаанд, эҳтиром намекунед?», – пурсидам муҷаддадан. «Онҳо кори худро анҷом медиҳанд ва барои ин маош мегиранд», – гуфт он мард. Ҳангоми гуфтан ин суханон ба нигоҳи пурхашми ман бархурду аз ҷой хеста, ба самти дигар рафту ҷойе ёфта нишаст.
Сабқат шуруъ шуду дарк намудем, ки он чи мо дидем, ибтидои кор аст. Бачаҳои хурдсол аз ҷой хеста, бо ҳам бозӣ мекарданд. Гуруҳе аз доварии доваре қонеъ нагардида, ҳуштак мекашид. Нафаре ба ҳамнишасти худ сабқати чанд рӯз пеш анҷомшударо бо садои баланд нақл мекард. Марде бо овози баланд паҳлавонеро сақат мегуфт ва ғайраву ҳоказо. Аҷобати кор дар он буд, ки дар қатори аввал милисаҳо нишаста буданду ба рафтори ношоистаи мардум аслан таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд. Гӯиё онҳо ба ин майдон на барои ба низом овардани сабқат, балки барои тамошо омада бошанд. Ҳатто, агар тамошобин ҳам мешуданд, бояд чун кормандони умури қудратӣ ба чунин муносибати бархе аз шаҳрвандон бе таваҷҷуҳ намешуданд… Дигар на сабқати паҳлавонҳо ба мо ҳаловат мебахшиду на майдони қашангу зебо. Илова бар ин, соати 12 офтоб ончунон сару гарданро месӯзонд, ки ҷойи гурез набуд. Касе костюми худро ба сараш мекашиду нафаре бо газета сари худро аз нурҳои гарми фотоб пинҳон мекард. Ноилоҷ Наврӯзгоҳро тарк гуфтем…
Он рӯзу рӯзҳои дигари наврӯзӣ дар хиёбонҳои пойтахт сайру гашт менамудему боз ҳам рафтори баъзе ҳамшаҳриҳо табъро хира мекард. Дар аксар истгоҳҳои шаҳри Душанбе сатилҳои ахлотпартоӣ гузошта шудаанд, аммо мардум пасмондаи яхмос, пӯчоқи офтобпараст ва дигар ахлотро на ба он сатилҳо, балки дар хиёбон мепартоянд. Мутаассифона, аксаран мардуми дигар чунин тарзи муносибатро маҳкум намекунанд ва ба онҳо чизе намегӯянд, танбеҳ намедиҳанд.
Рустам Ашӯров шаҳрванди Душанбе буда, дар ҳамин шаҳр таваллуд шудаву ба воя расидааст. Ӯ мегӯяд, ки замони шӯравӣ, агар бачаҳои маҳаллаи дигар ва ё меҳмоне дар хиёбон ахлот мепартофт, онҳо ӯро танбеҳ дода, маҷбур мекарданд, ки онро бардошта ба сатили ахлот партояд. «Аксаран чунин муносибати бад ва ғайри қобили қабулро ман дар рафтори мардуми аз деҳот омада мебинам», – ибрози назар менамояд вай. Аммо Тоҷиддин Сабуров, ки зодаи русто асту чиҳил сол боз дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, ба андешаи Рустам Ашӯров мувофиқ нест. Ба фикри ӯ дар деҳа мардум субҳи содиқ аз хоб хеста, ҳавлӣ ва роҳи мошингарди назди хонаашонро об зада мерӯбанд. «Тозагӣ аз деҳа маншаъ мегирад. Иллати чунин рафтори баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар тарбияи хонаводагӣ аст. Зодмандон бояд тарбияи ибтидоии фарзандонро дар хонавода гузоранд. Дар ҷойи аввал тарбияи падару модар меистаду дар ҷойи дувум таъсири муҳит», –таъкид месозад ӯ.
Дар ҳар сурат новобаста ба рафтори меҳмонони пойтахт ободиву тозагии он бештар аз худи мо, шаҳрвандон, вобаста аст. Агар мо рафтори накӯ ва ҳамида дошта бошем, хоҳу нохоҳ он ба муносибати меҳмонон таъсир хоҳад гузошт. Фикр мекунам, фурсат расида, ки аз қудуми нахустини тифл дар баробари омӯхтани калом ва эҳтироми муқаддасот ба онҳо бояд фарҳанги шаҳрдорӣ ва муҳаббату эҳтиром ба онро биомӯзем.
Фароруни Сабзқадам