Фарзанд новобаста аз бузургию ҳашамату ҷалол бояд сар бар қудуми модар гузошта бошад, зеро ниҳоли қомати мо аз дуои ӯ сабз мегардаду марзаи армонамон аз ашки шодии ин шахси азиз шодоб. Мегӯянд, ки обиде ҳангоми зиёрати Хонаи Худо мардеро вомехӯрад, ки модари пирашро пуштора карда, гирди Каъбатуллоҳ мегардонад. Обиди покизагавҳар саргузашти ҷавонро пурсида мефаҳмад, ки ин фарзанди боимон барои ёфтани ризояти модар ӯро бар дӯши худ бардошта барои адои фарзи Илоҳӣ овардааст. Азбаски модар пиру барҷомонда аст, писараш ӯро пуштора карда ба зиёрат машғул аст. Обид мегӯяд, эй ҷавонмарди худотарс аён аст, ки ранҷ кашидаӣ, аммо ҳама заҳматҳои ту танҳо ба як шаб сари гавҳора хестани модар арзиш доранду халос…
Аммо имрӯз сари ҳар қадам аз забони кӯдакону наврасон, ҷавонон, ҳатто мардони миёнаумру солдида дашномҳои қабеҳро ба унвони МОДАР - инсони барои ҳар яки мо муқаддас шунида, табъам хира мешавад. Суоле домани андешаҳоямро раҳо намесозад, ки ин ҳақорату қабоҳат ба унвони биҳишти фарзанд-модари ғамгусору дардошно дар забони хурду калони миллати мо аз куҷо пайдо шудааст?
Гар модари хеш дӯст дорӣ...ш дӯст дорӣ…
Байни мардуми мусалмон ин гуна беҳурматӣ нисбати модар ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт, зеро Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисҳои хеш биҳиштро, ки ҳама тоату ибодат, кори хайру заҳмат-ҳои ин дунёии мо барои дарёфти он аст, зери қудуми модарон донистааст. Бархе бар он ақидаанд, ки ҳақорат ба унвони модар байни мардуми тоҷик баъд аз инқилоби октябр бисёр шуд ва мо онро аз русҳо ёд гирифтаем. Аммо инсони соҳибмаърифат аз дигар халқҳо бояд анъанаеро омӯзад, ки боиси офарин аст. Чандин бор бо наврасон ва ҷавонон барои ин кори номақбулашон баҳс карда онҳоро сарзаниш намудаам, аммо онҳо бо як хунсардӣ ва бепарвоӣ фаҳшгӯйиҳои худро нисбат ба модар шӯхӣ меҳисобанд. Ногуфта намонад, ки бо муқаддасот шӯхӣ намекунанд ва он фарзанде, ки фаҳш гуфтанҳои рафиқонашро ба унвони модараш ҳазл мепиндорад, беномус аст. Як дугонаи афғоне доштам бо исми Закияи Саидзода, ки солҳои зиёд муқими Тоҷикистон буду алъон сокини Канада аст. Ӯ аз тоҷикони Афғонистон буду ҳамеша аз ин беодобии ҳаммиллатони тоҷикистонии хеш изҳори нигаронӣ мекард. Аз рӯйи гуфти Закия байни афғонҳо ин гуна ҳақорат аслан вуҷуд надорад.
– Нафаре, ки модарро дашном медиҳад, ба ҷазои сахттарин ҳукм мешавад, – меафзуд ӯ. Пас чаро мо бар дифои модарони тоҷик, ки имрӯз зери борони ҳақоратҳои фаҳши фарзандони нохалафи хеш мондаанд, садо баланд намекунем? Чаро ба онҳо намегӯем, ки:
Ҳар чиз, ки ба худ намеписандӣ, бар ман маписанд бародари ман,
Гар модари хеш дӯст дорӣ, дашном мадеҳ ба модари ман!
Хоҳӣ худо аз ту розӣ бошадшад
Ҳама бузургони олам бо панду андарзҳои хеш фарзандро ба хидмати модар роҳбаладӣ менамоянд. Ва ҳастанд шахсиятҳои таърихие, ки маҳз бо шарофати дуои модар ризои ҳақ таъолоро мушарраф гаштаанд. Машҳуртарини онҳо Увайси Ал- Қаранӣ Раҳмату-л-лоҳи Алайҳ мебошад, ки байни мардум бо номи Султон Увайси Қаранӣ машҳур аст. Ин авлиёи машҳур модари бемору нобиное дошт, ки рӯзона барои ёфтани мояи рӯзгор уштурбонӣ карда, шабона ба ибодат ва хидмати модар машғул мешуд. Дар ривояте омадааст, ки шабе модари бемори Увайси Ал-Қаранӣ аз ӯ об мехоҳад. Сармои шадиде ҳукмрон буду авлиё дар косае об гирифта болои сари модар меояд, вале ӯро дар хоб меёбад. Барои нороҳат накардани модар Султон Увайс коса дар даст рост меистад, модар пас аз чанд соат бедор мешаваду мефаҳмад, ки писараш то ҳол болои сараш рост истодааст, дуо мекунад, ки ризояти ҳақ таоло насибат гардад ва дуои модар мустаҷоб мегардад. Ҷавонону наврасони моро зарур аст, ки хидмат ба модарро аз дӯстони Худо омӯзанд.
Чӣ бояд кард?
Дар дунё мушкиле нест, ки ҳалли худро надошта бошад, ин беодобии ҳамзамонони моро низ даво ҳаст. Фақат роҳи ба зеҳни онҳо рехтани нӯшдоруи одобро ёфтан лозим аст. Банда ҳангоми хондани тарҷимаи ҳоли адибони бостон фаҳмидам, ки аҷдоди мо дар мадрасаҳо ахлоқ ном фанне мехондаанд. Ин фан ба шогирдони мадорис рафтор, гуфтор, тарзи муошират, тоза нигоҳ доштани забон ва садҳо чизи дигарро дар бораи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ меомӯхтааст. Дар мактабҳои миёна солҳои пеш фанне буд бо унвони «Одобнома», ки баъдҳо онро аз барномаи таълимӣ бардоштанд. Намедонам, ин кори кадом «оқил» буд, вале хидмати «хирсона»-е беш набуд. Акнун пайи ислоҳи ин хато шуда, он фанни муҳимро аз нав ба барномаи таълимии мактабҳои миёна ва ҳатто донишгоҳҳои кишвар дохил намудан лозим аст. Бигзор ҷавонони мо то андозае аз рукнҳои асосии ахлоқи одамӣ огаҳ гарданд, зеро фаҳшгӯйиҳо ба номи поки модар, ки ҳамрадифи ватанаш медонем, оқибати хуб надорад. Метарсам, ки ин беэҳтиромӣ ба ҳукми анъана надарояд. Агар қудрати гирифтани пеши роҳи даҳони бефаровезеро надонем, пас вой бар мо.
Ҷавҳари Саидназар