05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ГАВҲАРИ НОМУС

                     

Як сарнавишт

Се сол пеш як субҳи барвақт ҳамсояамон, ки мо дар як роҳрав зиндагӣ мекунем, занги дарро пахш намуд. Ӯ озурдаҳол менамуду ҳамроҳаш духтараки сабзинаи зебои нозукандоме низ буд. Дар чашмҳои духтар ғаму дард ниҳон буду рангаш канда ким чӣ хел парешонавзоъ менамуд. Аз нақли ӯ фаҳмидам, ки Адолат, духтари холаи ҳамсояаамон дирӯз аз ноҳияи Файзобод арӯс шуда ба шаҳр омадаасту домод шаби аввал ӯро нодухтар ҳукм намуда аз дараш берун кардааст. Онҳо мехостанд, ки ман ба ҳафтаворе нома навишта домоди туҳматчиро шарманда кунам. Ман холаю ҷиянро ба оромӣ даъват намуда, таклиф кардам, ки ба табибон барои ташхис муроҷиат намоянд. «Ташхис нишон дод, ки пардаи бакорат ҳамин шаб вайрон шудааст», – гуфт бо алам ҳамсояаам… «аммо ман намехоҳам дигар ба ин палид зиндагӣ кунам, аслан дар ҳафтавор навиштан ҳам лозим нест», – сухани холаашро бурида ҳунгосзанон гиря кард Адолат.

Варақеро, ки ба ӯ духтурони ташхисгар дода буданду он ҳуҷҷати бегуноҳияш ба ҳисоб мерафт бо писханди талх ба ман нишон дода гуфт:

– Апа ман инро ба кадом як нафари аз тақдирам огоҳ нишон дода мегӯям, ки бегуноҳам?! Кӣ ба ман бовар мекунад? Чӣ хел зиндагӣ мекунам, оё мурданам беҳ нест?

                              

Тақдиршикастаҳо

Мутаасифона, на ҳама тақдиршикастаҳо, ки бо гуноҳи бефаҳмии нафаре ин муҳри нангин ба пешонаашон зада мешавад, чун Адолат волидони хуб ва атрофиёни баномус доранд. Дар бисёр мавридҳо аз ин гуна духтарон, ки ба ёрии руҳӣ ва равонӣ ниёз доранд хешу табор рӯй мегардонанд, волидону бародарон нопурсида ба қавли домоди ҷоҳил бовар карда духтари бечораи озори руҳӣ дидаро зери мушту лагат мегиранд Аксари ин гуна бадбахтҳо зери бори шармандагии сохта, даст ба худкушӣ зада ё сари қаҳру ғазаб по ба роҳи каҷ мениҳанд. Солҳои пеш агар арӯсе ба хонаи шавҳар беиффат равад ба ҷазои сахте гирифтор мегашт, хешовандони домод, арӯсро чаппа ба харе савор карда ба ҳар ду бари рӯяш сиёҳӣ мемолиданду ӯро бо таҳқиру ҳақорат ба хонаи волидонаш меоварданд. Имрӯз ин гуна ҷазо додан аз байн рафта бошад ҳам духтари беиффати аз даргоҳи шавҳар ронда шуда ангуштнамои хосу ом мегардад. Чӣ бояд кард, ки духтараки бегуноҳи дар ҳукми гул, ки бо сад орзую ҳавас пой бар остонаи шавҳар мегузорад, гунаҳгори бегуноҳ нагардад?

                   

Маслиҳати мутахассис

Барои посухи ин суол ва равшанандохтан ба ин масъалаи баҳсбарангез аз нигоҳи тиббӣ мо ба Академики Академияи илмҳои ҶТ, мудири кафедраи акушерӣ ва генекологии рақами 1-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Додхоева Мунаввара Файзуллоевна муроҷиат намудем:

– Яке аз сабабҳои асосии ба ин мушкил дучор омадани ҷавонони мо, аз огаҳ набуданашон аз нозукиҳои муносибатҳои марҳамона сарчашма мегирад. Сохтори пардаи бакорат вобаста ба ҷисми духтар чанд хел мешавад. Дар баъзе духтарон сӯрохии ҷойгиршавии ин парда кушодтар аст ва ҳангоми муносибати марҳамона хун намеояд. Ин маънои онро надорад, ки духтар беиффат бошад, танҳо сохти ҷойгиршавии пардаи бакораташ табиатан чунин аст. Боз пардаҳои бакорате вуҷуд доранд, ки хеле сахтанд ва баъди муносибатҳои заношӯии пайваста аз байн меравад. Дар илми тиб хеле кам ҳам бошад, пардаи бакорати ёзанда вомехӯрад, ки дар баъзе бонувон ҳангоми таввалуди фарзанд бардошта мешавад. Хеле хуб мешуд, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ аз духтур мегузаштанду аз вазъи саломатии ҳамдигар бохабар мешуданд. Ин барои зиндагиро бо хушбоварию дили пок сар намудани онҳо замина  мегашт.

                                                                                                                                             Ҷавҳари Саидназар                                                      

:.  Аз ҳар боб 14.03.2013 12:24 8175

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz