Шавкат Исмоилов – Ҳуқуқшинос
Солҳое, ки ман вазир будам, Марҳабо Ҷабборова муаллима буд. Бубинед, ҳоло то мартабаи раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагон расидааст. Кори аз дастам омадаро барояш кардам. Мекӯшам ба кораш халал нарасонаму барояш шароит фароҳам орам. Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳамсарам ба сафари хидматӣ меравад ё аз маҷлисҳои парлумон дер меояд. Кори давлат масъулият ва вақт металабад. Барои зан мушкил аст, зеро ӯ дар баробари ин кори хона ва тарбияи фарзандонро ба уҳда дорад.
Абдуғаффори Абдуҷаббор - нависанда
Зиндагии ду эҷодкоре, ки тақдирашонро ба ҳам мепайванданд, душвор аст. Вале аз тақдир шукргузорам, ки маро бо Зулфия Атоӣ ошно кард. Ҳамеша кӯшиш кардам дар эҷоду зиндагӣ вайро дастгирӣ кунам. Вақте Зулфия машғули корҳои эҷодист, хӯрок мепазам, либос ҳам мешӯям ва дарзмол ҳам мекунам. Ҳангоме ки дугонаҳои Зулфия меҳмон мешаванд, барояшон ош мепазам. Ба бахти Зулфия дар масъалаи хӯрдани ғизо ва пӯшидани либос инҷиқ нестам.
Сарфи назар аз серкориям кӯшиш дорам ҳамеша вайро дарк кунам. Муваффақияти мо низ дар ҳамин аст, ки якдигарро хуб мефаҳмем. Шояд маънии зиндагӣ низ дар ҳамин бошад. Замони шӯравӣ Зулфия дар маҳфилҳои эҷодӣ ширкат меварзиду ба сафарҳо мебаромад. Ман ба ин ҳаргиз зид набудам, баръакс шароит фароҳам меовардам. Эҷодкор бо мардум зинда аст. Зулфия 20 сол боз сардабирии маҷаллаи «Фирӯза»-ро бар дӯш дорад. Ин масъулияти бузург аст. Зани хирадманд ҳам дар хонавода ва ҳам дар карйера муваффақ мешавад. Агар зан чизеро ба даст овардан хоҳад, ҳатман муваффақ мешавад.
Ҷунайд Ибодов - Ҳуқуқшинос
Азбаски ману ҳамсарам Ойниҳол Бобоназарова ҳамкасбем, китобҳову ҳафтаномаҳоро ҳамроҳ мехонему баррасӣ мекунем.
Бо бонуи ҳуқуқшинос зистан, ба ақидаи ман, шараф аст. Ман ба Ойниҳол ҳам дар корҳои хона ва ҳам дар фаъолияти касбиаш мадад мерасонам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамсари азизам руҳан осуда бошад. Саодати зиндагӣ дар ҳамдилию ҳамфикрист.
Шаҳобиддини Ҳақназар - журналист
Лола Азизова ҳунарманд аст. Бо ҳунарманд зиндагӣ кардан бисёр мушкил аст. Бонуи ҳунарманд ба боварии шавҳар ва озодӣ ниёз дорад.
Суруд рози дили ҳунарманд аст, ба ин васила ӯ мехоҳад ҳарфи дилашро ба мардум расонад. Ман ба ӯ ҳама шароитро фароҳам овардам, то муваффақ шавад. Азбаски ман дар идораи мусиқӣ кор мекунам, дар эҷоди сурудҳояш ёрӣ расонида, барои таронаҳояш шеър интихоб менамоям.
Ман Лоларо аз як нигоҳ мефаҳмам.
Умед Ҷайҳонӣ - тарҷумон
Замоне ки бо бонуям нав ошно шудем, ман хабарнигор будам ва ӯ донишҷӯйи аспирантура. Рисолаи номзадиашро вироиш ва матолиби мавриди ниёзашро таҳия мекардам. Кумакаш кардам, ки унвонашро дарёфт кунад. Пас аз он фурсаташ додам, ки кор пайдо кунад ва сипас хонадор шудем. Ҳоло ӯ устоди забони англисӣ дар Донишгоҳи иқтисодии Маскав аст.
Фазлиддин Асозода - журналист
Бонуҳои азизи тоҷик лоиқи ҳама гуна дастгириянд ва ҳатман бояд пешравӣ дошта бошанд. Барои бонуи худ кумакеро оғоз бахшидам, ки ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад. Бонуи ман самимиву заминист, аммо таҳсилнадида аст. Вале ин даҳшат нест, чун фикр мекунам, ҳанӯз барои омӯзишаш дер нашудааст. Аввалин кӯшиши банда барои пешрафти ҳамсарам водор намудани ӯ ба омӯзиши алифбо буд, ки алҳол дар давраи таҳсили хонагӣ аст ва алифборо аллакай аз худ кардааст. Хушам меояд, вақте ӯ канда-канда, бо пайвастани ҳарфҳои алифбо ҷумлаеро мехонад ё менависад. Руҳбаланд мешавам, ки инак, ҳамсари ман ҳам хондану навиштанро меомӯзад ва аз пайи таълими фарзандон мешавад. Талошҳои ман ба он хотир аст, ки ният дорам ӯро ба донишгоҳ дохил ва соҳиби маълумоти олӣ кунам. Дигар пешравиҳо аз зан вобаста аст, ки дониши дарёфтаашро дар куҷо, дар кадом сатҳ ва бо чӣ услуб истифода мебарад. Ба ҳар ҳол, фикр мекунам, барои бонуи ман, дертар ҳам бошад, заминаи пешравиҳо гузошта шуд.
Темур Варқӣ - шоир
Ману бонуям ҳамсабақ будем ва ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ман барои ҳамсарам дар навиштани кори курсӣ ва дипломӣ ёрӣ расонидам. Вақте ба шуъбаи ғоибона гузашт, ба ҷойи ҳамсарам дар мактаб дарс медодам. Ҳамчунин рӯзҳое буд, ки ӯ дар донишкада имтиҳон дошт ё духтур мерафт ва ман ба ҷояш дарс медодам. Бо синфаш дар мактаб ба сайругашт мерафтам, барои мактаб ва гӯшаи синф хар хел чизҳоро месохтам, ба мисол киштии чӯбин. Дар таъмири синф ва мактаб кумак мекардам.
Дар наздикии ҷойи кор барояш хона харидам, ки рафтуомадаш осон шавад. Бо гузашти сол, вақте мо фарзанддор шудем, духтарамро худам нигоҳубин кардам, ки ӯ таҳсилашро идома диҳад.